ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ

6 май бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №261, Абдулзода Зиёдулло Назар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.
Дар мувофиқа бо Сарвари мамлакат, номбурда ба вазифаи сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон таъин гардид. Зиёдулло Абдулзода дар ин вазифа Ғазалшоҳ Сафарзодаро, ки аз соли 2022 фаъолият мекард, иваз намуд. То таъин гардиданаш ба мансаби муовини вазири маориф ва илм дар вазифаҳои сарвожатийи МТМУ №48, муовини директор, директори МТМУ №2, 35-и ноҳияи Шоҳмансур, директори гимназияи №2 барои хонандагони болаёқат, директори мактаб - интернати №1 барои кӯдакони ятим, директори литсейи №1-и шаҳри Душанбе фаъолияти самарабахш намудааст. 21 сентябри соли 2023 Зиёдулло Абдулзода рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Туҳфаи Сомӣ»-и Мирзо Абдулазими Сомӣ ҳамчун сарчашмаи таърихӣ» дифоъ кардааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба сардори нави Раёсати маориф ҷиҳати бо масъулияти баланди ватандӯстӣ татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027 ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи мазкур, нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ бо фаъолони вилояти Хатлон 24 феврали соли 2022 дар самти маориф баён доштанд, дастуру роҳнамоӣ дод.
Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода, вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро ва дигар кормандони соҳаи маориф ҷамъомад баргузор гардид.
Дар ҷамъомади мазкур дар бораи фаъолият ва саҳми Ғазалшоҳ Сафарзода дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон ҳарф зада, дар фаъолияти Абдулзода Зиёдулло Назар барору комёбӣ таманно карданд.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло