РАЁСАТИ МАОРИФИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ХОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.

1.Мудири бахши раёсат дар минтақаи Кӯлоб-1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои табиӣ-риёзӣ бартари дода мешавад); собиқаи хизмати давлатӣ на камтар аз 4 сол ё собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз 5 сол.  


-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,забонҳои хориҷӣ, санадҳои  меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои  мансабии  сармутахассисро  ба танзим медароранд;


-малакаи кор бо компютер.


Маоши мансабӣ  2204,95  сомонӣ, иловапулӣ  барои  собиқаи  хизмати давлатӣ  аз  рӯи  ҷадвали  ягонаи  тарифӣ.

2. Мутахассиси пешбари Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб-1 ҷой.

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои табиӣ-риёзӣ бартари дода мешавад);


-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои  уҳдадориҳои мансабии мутахасси пешбарро ба танзим медароранд;


-малакаи кор бо компютер.


Маоши мансабӣ 1635,60сомонӣ, иловапулӣ  барои  собиқаи  хизмати давлатӣ  аз  рӯи  ҷадвали  ягонаи  тарифӣ.

 

3.Мутахассиси шуъбаи таҳсилоти умумии  Раёсати маорифи вилояти Хатлон - 1 ҷой.

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои табиӣ-риёзӣ бартари дода мешавад);


-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои  уҳдадориҳои мансабии мутахассисро ба танзим медароранд;


-малакаи кор бо компютер.


Маоши мансабӣ  1345,60  сомонӣ, иловапулӣ  барои  собиқаи  хизмати давлатӣ  аз  рӯи  ҷадвали  ягонаи  тарифӣ.

 

 

 

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

-ариза ба унвони сардори Раёсат;


-варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;


-шарҳи ҳол;


-нусхаи диплом;


-2 дона расми ¾


-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;


-нусхаи шиноснома;


-маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;


-маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;


-нусхаи гувоҳномаи РМА(рақами мушаххаси андоз супоранда).


-маълумотнома аз ҷойи истиқомат;


-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;


-нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);


-нусхаи билети ҳарбӣ(барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо


намудаанд);


-маълумотнома (справка-абъективка);


Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:


Шаҳри Бохтар, кӯчаи Бобоҷон Ғафуров-17, бинои Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.


Телефон барои тамос: 2-38-80


Мухлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун:


 

 

 

 

Саволҳо барои иштирок дар озмун:

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кай қабул карда шудааст ва чанд маротиба ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст?

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуда, ба он се маротиба: 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.


 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чанд боб ва чанд модда иборат аст?

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат   аст:


Боби 1. Асосҳои сохтори конститутсионӣ;


Боби 2. Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд;


Боби 3. Маҷлиси Олӣ;


Боби 4. Президент;


Боби 5. Ҳукумат;


Боби 6. Ҳокимияти маҳаллӣ;


Боби 7. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;


Боби 8. Суд;


Боби 9. Прокуратура;


Боби 10. Тартиби тағйири Конститутсия.

 

Кадом моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати гирифтани таҳсилоти шаҳрвандонро  муайян мекунад?

Дар боби 2 моддаи 41 оварда шудааст «Ҳар кас ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро кафолат медиҳад».Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад.Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад.


 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» кадом сол қабул шудааст, он аз чанд боб ва чанд модда иборат аст? 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» 22 июли соли 2013 (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  22 июли соли 2013, №1004) қабул шуда, аз 8 бобу 69 модда иборат аст.


Боби 1. Муқаррароти умумӣ


Боби 2. Низоми маорифи ҷумҳурии тоҷикистон


Боби 3. Танзими давлатӣ дар соҳаи маориф


Боби 4. Идоракунии соҳаи маориф


Боби 5. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия. Мақоми омӯзгор


Боби 6. Фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ дар низоми маориф


Боби 7. Ҳамкории  байналмилалӣ дар соҳаи маориф


Боби 8. Муқаррароти хотимавӣ


Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодии инкишофи маорифро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, сохтори системаи маориф, принсипҳои танзим, идоракунӣ, ваколату самтҳои фаъолияти мақомоти онро муқаррар менамояд ва барои дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи маориф заминаи ҳуқуқӣ мебошад.


 

Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ва бо кадом рақам тасдиқ шудааст?

Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145  тасиқ шудааст.


 

Кадом асарҳои Пешвои миллат, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмонро мутолиа намудаед ё медонед?

Асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инҳо мебошанд:


1. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат:


2. Нигоҳе ба таърих ва тамадунни Ориё:


3. Тоҷикон дар оинаи таърих:


4. Соли фарҳанги оламгир:


5. Соле, ки ба қарнҳо баробар аст:


6. Дар бораи дин:


7. Поягузори сулҳ ва ваҳдати мили:


8. Ватани худро дуст доред, ҳифз кунед ва қадр намоед:


9. Оғози марҳилаи созандагӣ (17 ҷилд);


10. Чеҳраҳои мондагор.


11. Забони миллат-ҳастиимиллат


 

Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ташкил ёфтааст ва кадом сол давлати соҳибистиқлол гардид?

Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 октябри соли 1929 ҳамчун Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил ёфта, 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид.


 

Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?

Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин парчам нишон ва суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд: Парчам, Нишон ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.


Парчам аз се ранг иборат аст:


-ранги сурх - мубориза ва ҷоннисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият;


-ранги сафед – бахту иқболи сафед, нияти неки халқ;


-ранги сабз – саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сарсабзу хуррам мешавад.


Дар Нишони давлатии Тоҷикистон тоҷ, ҳафт ситора, офтоб, кӯҳҳо, хӯшаҳои гандум, китоб ва курсӣ тасвир ёфтааст.


Муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ буда,  оҳанг аз Сулаймон Юдаков мебошад.


Парчам, Нишон ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кадом мақомот ва кай қабул шудааст?

Парчам - соли 1992, Нишон - 28 декабри соли 1993 ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 7 сентябри 1994 аз тарафи Шурои Олӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул шудааст.


 

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кай шуда гузашт ва аҳамияти он дар чист?

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1992 дар кохи Арбоби шаҳри Хучанд шуда гузашт ва ин иҷлосия Иҷлосияи сарнавиштсоз ном гирифтааст.


 

Қаҳрамонҳои Тоҷикистонро номбар кунед.

Қаҳрамонҳои Тоҷикистон шаш нафар мебошанд: Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур.


 

Рӯзҳои ҷашнвораҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед.


Рӯзҳои ҷашнвораҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст аз:


1 январ - Соли нави мелодӣ,


8 март - рӯзи Модарон,


21 март - Наврӯзи байналмилалӣ,


9 май - иди Ғалаба,


27 июн - рӯзи Ваҳдати миллӣ,


5 октябр - рӯзи Забони тоҷикӣ,


9 сентябр - рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,


6 ноябр - рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,


Иди Рамазон,


Иди Қурбон.


 

Аз номи тамоми халқи Тоҷикисон кӣ ҳуқуқи сухан гуфтанро дорад?

Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи  сухан гуфтан доранд.


 

Муҳлати ваколати Президент чанд сол аст?

Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва  овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб менамоянд. Як шахс ба вазифаи Президент  бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад.


 

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кай таъсис ёфтааст ва то имрӯз чанд вазир фаъолият намудаанд?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1924 таъсис ёфтааст ва то имруз 24 вазир фаъолият намудаанд.


 

Принсипҳои  асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф


Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба принсипҳои зерин асос меёбад:


-баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар гирифтани таҳсилоти босифат;


-қонуният, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;


-бартарии соҳаи маориф дар ҳама сатҳҳои идоракунии давлатӣ;


-ҳатмӣ будани таълими умумии асосӣ;


-дастрасии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот дар асоси озмун;


-бартарии арзишҳои миллию умумибашарӣ, моҳияти башардӯстонаи мазмуни таҳсилот, рушди озодонаи шахс;


-муҳаббат ба Ватан, оила ва муҳити зист;


-ҷанбаи илмӣ, дунявӣ ва башардӯстонаи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ;


-ягонагии фазои маърифатию фарҳангӣ, рушди фарҳанг ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ;


-ҷанбаи инсондӯстӣ, демократӣ ва давлатию ҷамъиятии идоракунии соҳаи маориф ва шаффофият дар фаъолияти он;


-мустақилияти муассисаҳои таълимӣ;


-раванди муттасили таҳсил;


-мувофиқати соҳаи маориф ба талабот ва вазифаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;


-рушди соҳаи маориф бо назардошти стандартҳои байналмилалии сифати таълим ва меъёрҳои байналмилалии таҳсилот;


-ҳавасмандгардонии маърифатнокшавии шахс ва инкишофи истеъдоди ӯ;


-пайдарҳамии раванди таҳсилот, ки алоқамандии зинаҳои таҳсилот ва ягонагии таълиму тарбияро таъмин месозад;


-ҳамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот.


 

Сохтори низоми маорифро шарҳ диҳед.

1.Низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сохторҳои зерин иборат мебошад:


-стандартҳои давлатии таҳсилот;


-барномаҳои таълимӣ;


-шакл ва меъёри гирифтани таҳсилот;


-мақомоти идоракунии маориф;


-муассисаҳои таълимӣ;


-субъектҳои раванди таълиму тарбия;


-муассисаю дигар ташкилотҳои соҳаи маориф;


-иттиҳодияҳои муассисаҳои таълимӣ;


-воҳидҳои сохторӣ ва дигар сохторҳо.


2.Дар низоми маориф инчунин сохторҳои дигарро таъсис додан мумкин аст, ки фаъолияти онҳо ба вазифаҳои зерин вобаста мебошанд:


-гирифтани таҳсилот ва таъмини он;


-гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;


-тақсимоти ҷойҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;


-амалӣ намудани барномаҳои миллии арзёбӣ;


-мусоидат барои иштирок дар пажӯҳишҳои байналмилалӣ;


-мониторинг ва арзёбии дониш аз рӯи вазифаҳои зикршуда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.


3.Дар низоми маориф метавонанд сохторҳои дигаре низ таъсис дода шаванд, ки фаъолияташон ба гирифтани таҳсилот ва таъмини он вобаста намебошад.


 

Муассисаҳои таълимӣ дар кадом асос фаъолият карда метавонанд?

муассисаҳои таълимӣ дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот, барномаҳои   таълимӣ ва иҷозатнома фаъолият карда метавонанд.


 

Соҳаи маориф аз ҷониби кадом мақомот идора карда мешаванд?

Мақомоти идоракунии системаи маориф дар ҶТ аз инҳо иборат аст: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф, вазорату идораҳои ҶТ, ки муассисаҳои таълимию тарбиявӣ доранд; мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ; идораи маорифи мақомоти маҳаллӣ.


 

Кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил

1.Давлат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ ҳуқуқ ба таҳсилро кафолат медиҳад.


2.Давлат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими ҳатмии умумии асосии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ, инчунин дар доираи фармоишҳои давлатӣ дар асоси озмун ройгон гирифтани таҳсилотро дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот кафолат медиҳад.


3.Ҳуқуқи шаҳрванд ба таҳсил аз рӯи синну сол, вазъи саломатӣ, мавҷудияти доғи судӣ ва дигар нишонаҳо метавонад танҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шавад.


4.Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсилот: рӯзона, шабона, ғоибона, оилавӣ, фарогир, фосилавӣ ва экстернат ҳуқуқ доранд.


5.Давлат дар муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ як маротиба гирифтани таълими ройгонро кафолат медиҳад.


6.Давлат таълимгирандагони болаёқатро дастгирӣ намуда, ба таҳсилоти онҳо кӯмак мерасонад, аз рӯи натиҷаи таълим барояшон стипендияҳои махсуси давлатӣ муқаррар менамояд ва ҳангоми зарурат онҳоро барои таҳсил ба хориҷа мефиристад.


7.Давлат таъминот ва хароҷоти таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакони дорои имконияти маҳдуд, маъюбон ва дигар шахсонеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, дар муассисаҳои таълимии давлатӣ аз ҳисоби маблағи буҷетӣ кафолат дода, пас аз хатми муассисаҳои таълимӣ онҳоро бо ҷои кор таъмин менамояд.


8.Давлат барои шаҳрвандоне, ки муддати тӯлонӣ бо сабаби беморӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ рафта наметавонанд, дар хона ё дар муассисаҳои тандурустӣ таълими ройгонро ташкил мекунад.


9.Хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ барои идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ҳуқуқи баробар доранд.


10.Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои таълиму тарбияи томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баробар доранд.


 

Намудҳо ва вақти истироҳатро шарҳ дихед?

Мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон танафус дар вақти кор, танафуси байни бастҳои корӣ, рӯзҳои истироҳат, рӯзҳои ид, рухсатии ҳарсола.


 

Шартномаҳои меҳнатӣ ба кадом муҳлат  баста мешаванд?

номуайян, муайян вале на бештар аз панҷ сол, барои вақти иҷрои кори муайян ва иҷрои корҳои мавсимӣ.


 

Шартнома чист?

Шартнома гуфта созиши ду ё якчанд шахсро меноманд, ки боиси муқаррар кардан, тағйир ёфтан ё қатъ гардидани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои гражданӣ мегардад.


 

Асосҳои қатъ гардидани шартномаи меҳнатӣ кадомҳоянд?

Шартномаи меҳнатиро танҳо бо асосҳо ва тартиби муқаррарнамудаи дар қонунгузории меҳнатӣ пешбинишуда бекор намудан мумкин аст, ки онҳо чунинанд:


1)                бо созиши тарафҳо;


2)                бо ташаббуси корманд;


3)                бо ташаббуси корфармо;


4)                бо гузаштани муҳлат;


5)                ҳолатҳое, ки ба иродаи тарафҳо вобаста намебошанд.


 

Ғайриҳозир  (прогул) чист?

Ғайриҳозир (прогул) будан аз ҷумла дар давоми рӯзи корӣ зиёда аз се соат набудан дар кор бидуни сабабҳои узрнок мебошад. Он яке аз асосҳои қатъи шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо мебошад.


 

Вақти корӣ чист ва намудҳои он

Вақти корӣ-доираи вақти бо қонун муқарраршудаи вақте ба ҳисоб меравад, ки дар давоми он корманд тибқи тартибот ё нақшаи кор ё шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бояд вазифаҳои меҳнатии худро иҷро намояд, мебошад.


 

Изофакорӣ чист ва андозаи он чӣ қадар аст?

Изофакорӣ коре мебшад, ки корманд бо амри корфармо зиёда аз давоми вақти кории ҳаррӯзаи барои корманд муқарраргардида ва ё зиёда аз миқдори муқаррарии соатҳои кори давраи баҳисобгирӣ иҷро мекунад.


 

Стандарти давлатии таҳсилотро шарҳ диҳед.

Стандарти давлатии таҳсилот 02.04.2009, №206 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, системаи ягонаи давлатро дар соҳаи маориф таъмин медиҳад. Маҷмӯи меъёрҳое, ки мазмуни таҳсилот, моҳияту муҳлати таълим, ҳаҷми сарбории таълимӣ, сатҳи азхудкунии донишро аз тарафи таълимгирандагон ифода намуда, талаботи асосӣ ба таъмини раванди таълим, мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва баҳогузории сатҳи донишро дар муассисаҳои таълимӣ бо назардошти дастовардҳои миллӣ ва умумибашарӣ муайян мекунанд.


 

Иқтисодиёти маориф аз куҷо сарчашма мегирад?

Иқтисодиёти маориф аз буҷети давлат сарчашма мегирад.


 

Сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла таълиму тарбияи томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, таҳсилоти иловагӣ ва фаъолияти илмию таҳқиқотӣ кадом мақомот татбиқ менамояд?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


 

Сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан насли наврас кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ муайян месозад?


Консепсияи миллии тарбия


 

Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кай тасдиқ карда шудааст?

Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, №94 тасиқ шудааст.


 

Унсурҳои таркибии тарбияи миллӣ чанд аст ва онҳоро номбар кунед.

Унсурҳои таркибии тарбияи миллӣ аз 18 буда, аз инҳо иборат аст:


тарбияи ғоявӣ, тарбияи миллӣ, тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ,  тарбияи ватанпарастӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ, тарбияи маърифат, тарбияи ҳуқуқӣ, тарбияи гуманистӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарбияи меҳнатӣ ва касбинтихобкунӣ, тарбияи иқтисодӣ, тарбияи экологӣ, тарбияи сиёсӣ, тарбияи ҷисмонӣ, тарбияи тафаккури интиқодӣ, тарбияи таҳаммул ва тоқатпазирӣ, тарбияи масъулиятшиносӣ, тарбияи ҳаёти солим.


 

Муассисаҳои таълимӣ дар асоси кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ фаъолият карда метавонанд?

Дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот, барномаҳои таълимӣ ва иҷозатнома


 

Дурнамои сиёсати давлaтро дар соҳаи маълумот кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ муайян мекунад?

Консепсияи миллии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.


 

Консепсияи миллии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кай тасдиқ шудааст? 

Консепсияи миллии маълумот бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2002, №200  тасиқ шудааст.


 

Таҳсилоти умумӣ дар чанд зина амалӣ мегардад?

Дар се зина: ибтидоӣ, умумии асосӣ  ва миёнаи умумӣ


 

Тибқи меъёр ба ҳар як хонанда дар синфхона чанд метри квадратӣ рост меояд?


Тибқи меъёр ба як хонанда 2,5 кв метр рост меояд.


 

Мувофиқи меъёр дар муассисаи таълимӣ ба чанд нафар хонанда як компютер рост меояд?

Мувофиқи меъёр бояд ба 15  нафар хонанда як компютер рост меояд.


 

Низомномаи намунавии  муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чанд боб ва чанд банд иборат аст?


Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон аз «1» июни соли 2016, №237 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст ва аз 8 бобу 118 банд иборат аст.


 

Низомномаи намунавии  муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон кай қабул шудааст ва чиро танзим менамояд?


Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «1» июни соли 2016, №237 тасдиқ гардида, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” таҳия гардида, тартиби фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумиро, новобаста аз шаклҳои моликият ва тобеияти идоравиашон ба танзим медарорад.


 

Мақсади асосии татбиқи Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 аз чӣ иборат аст?

Мақсади татбиқи Барномаирушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020фароҳам овардани шароити мусоид барои шарикии амалӣ байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, дар ин замина беҳтар намудани дастрасии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии босифат ва ҷавобгӯи талаботи муосир мебошад.


 

Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кадоми мақомот тасдиқ ва дар асоси кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия мегардад?

Дастурамали мазкур бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм тасдиқ ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст. Анҷоми соли таҳсил ва тартиби гузаронидани аттестатсияи хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо фармоиши вазири маориф ва илм ба расмият дароварда мешавад.


 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ворид кардани омӯзиши кадом қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ дастур дод.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Вазорати маориф ва илм супориш дод, ки омӯзиши Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи   масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба барномаҳои таълимӣ ворид карда шавад.


 

Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 дар кадом асос таҳия гардидааст?

Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 дар асоси Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи нишондодҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 баён гардидаанд, бо мақсади такмили низоми тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини робитаи доимӣ миёни падару модар, муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷомеа дар тарбияи насли наврас мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" таҳия гардидааст.


 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чиро ба танзим медарорад?

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падарумодар дар таълиму тарбияи фарзанд» масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандро танзим менамояд.


 

Таҳсилоти махсусро шарҳ диҳед.

Таҳсилоти махсус ҳамчун қисми таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тарбияи кӯдакону наврасонеро ба уҳда дорад, ки иллатҳои ҷисмонӣ ва рӯҳӣ доранд, ё рафтори онҳо ба ҷамъият хавфнок аст. Барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус стандартҳои махсуси давлатии таҳсилот ва барномаҳои махсуси таълимӣ таҳия, тасдиқ ва ҷорӣ карда мешаванд.


 

Адабиёти таълимӣ чист?

 Асарҳои хаттӣ ва чопӣ, ки ҳамчун воситаи таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагӣ интишор меёбанд.


 

Аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимиро шарҳ диҳед.

 Муайян кардани мақоми муассисаи таълимӣ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот.


 

Аттестатсияи давлатии муассисаи таълимиро шарҳ диҳед.

Муайян кардани мутобиқати заминаи моддию техникӣ ва кадрии муассисаи таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва мутобиқати фаъолияти муассисаи таълимӣ тибқи меъёрҳои муқарраршуда.


 

Барномаи таълимӣ чист?

Ҳуҷҷате, ки дар он мазмуни фанни таълимӣ, мақсаду вазифаҳо, тарзи ташкили раванди таълим, талабот ба сатҳи донишу маҳорат ва малакаи таълимгиранда ифода ёфтаанд.


 

Китоби дарсӣ чист?

Воситаи таълимие, ки тибқи барномаи таълимӣ асосҳои соҳаи муайяни илмро  пайдарҳам ифода менамояд.


 

Дар бораи маблағгузории сарикасӣ маълумот диҳед.

 Маблағгузорие мебошад, ки дар асоси меъёрҳои ҳадди ақалли маблағгузорӣ тартиб дода шуда, вобаста ба намуд ва шакл, зинаи таҳсилот, маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ ба сари ҳар як таълимгиранда ва муассисаи таълимӣ муайян ва тақсим карда мешавад.


 

Барои чӣ мактаби (синфи) камнуфус мегуянд?

Муассисаи таълимие (синфе), ки дар маҳалҳои камаҳолӣ барои бо таҳсил фаро гирифтани шумораи ками хонандагон таъсис дода мешавад.


 

Машғулияти инфиродӣ чист?

Шакли таълим бо истифодаи тарзҳои гуногуни таълими инфиродӣ, ки ба хонанда дониши иловагӣ медиҳад.


 

Муассисаи таълимӣ чист?


Ташкилоти таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки раванди муттасили таълиму тарбияро ба роҳ монда, як ё якчанд барномаҳои таълимиро амалӣ мегардонад.


 

Муассисаи таълимии махсус чист?

Ташкилоте, ки дорои шароити муайяни таълиму тарбия ва муҳити махсуси педагогӣ буда, офияти тиббию иҷтимоӣ, таҳсилу касбомӯзии кӯдаконеро, ки ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ доранд, гирифтори иллати ҷисмонӣ ё равонӣ мебошанд ва ё рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок аст, таъмин менамояд.


 

Дар бораи муассисаи томактабӣ маълумот диҳед.

Ташкилоте, ки барои кӯдакони синни томактабӣ пешбинӣ шуда, онҳоро бо таълиму тарбияи  аввалия фаро мегирад.


 

Нақшаи таълимӣ чист?

Ҳуҷҷате, ки омӯзиши фанҳои таълимӣ ва тақсимоти солонаи онҳоро барои тамоми давраи таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ муайян менамояд.


 

Низоми маорифро шарҳ диҳед.

Мақомоти идоракунии маориф, муассисаҳои таълимӣ, субъектҳои раванди таълиму тарбия, муассисаю дигар ташкилотҳои соҳаи маориф, иттиҳодияҳои муассисаҳои таълимӣ, воҳидҳои сохторӣ ва дигар сохторҳое, ки дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот маҷмӯи барномаҳои таълимӣ ва сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф амалӣ менамоянд.


 

Омӯзгор кист?

Шахси дорои таҳсилоти касбӣ, ки ба таълиму тарбия машғул мебошад.


 

Тарбия чист?

Раванди мақсадноки ба воя расонидани кӯдак аз  ҷониби падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), муассисаи таълимӣ, ҷамъият ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ.


 

Таълим чист?

Фаъолияти муштараки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), омӯзгор ва муассисаи таълимӣ барои инкишофи кӯдак, такмили истеъдод, маҳорат, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии ӯ.


 

Тарбиягиранда кист?

Кӯдаке, ки дар муассисаҳои томактабӣ бо тарбия ва таълим фаро гирифта шудааст.


 

Таълимгиранда кист?

Тарбиягиранда, хонанда ва шунавандаи муассисаи таълимӣ.


 

Таҳсилоти фарогирро шарҳ диҳед.

Барои кӯдакон, новобаста ба  ҷинс, нажод, забон, миллат, эътиқоди динӣ, иллати ҷисмонӣ ё равонӣ, қобилият, вазъи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ муҳайё кардани шароити мусоид ҷиҳати гирифтани таҳсилот.


 

Мазмуни мақоми омӯзгор дар кадом моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” омадааст ва онро шарҳ диҳед.

Мазмуни мақоми омӯзгор вобаста ба хусусиятҳои касбӣ маҷмӯи омилҳои зеринро, ки мақоми омӯзгорро дар ҷамъият муайян менамоянд, дар бар мегирад:


- қадру қимати касби омӯзгорӣ;


- талабот ба меъёрҳои тайёрии касбӣ ва маҳсули меҳнати омӯзгор;


- дараҷаи эътироф ва дастгирии омӯзгор аз тарафи давлат;


- ҳурмату эҳтироми омӯзгор дар ҷамъият, муассисаи таълимӣ, оила ва байни таълимгирандагон;


- шароити таъминоти моддии омӯзгор;


- ҳолати ҳифзи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои ҳифзи иҷтимоии омӯзгор.


Ҳуқуқҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар кадом моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” омадааст ва онро шарҳ диҳед.


1. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ҳуқуқ доранд:


- шаъну шарафи касбии худро ҳифз намоянд;


- фаъолияти касбӣ, такмили ихтисос ва  бозомӯзии худро таҳким бахшанд;


- барои мутолиа ва рушди маҳорати касбии худ шароит муҳайё намоянд;


- ташаббус ва таҷрибаи пешқадами худро дар амал татбиқ намоянд;


- шаклу усулҳои самарабахши таълимро интихоб ва татбиқ кунанд;


- барои такмили маҳорати касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рухсатии эҷодӣ истифода намоянд.


2. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дорои дигар ҳуқуқҳое низ мебошанд, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.


 

Моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” (уҳдадориҳо ва масъулияти омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф)-ро шарҳ диҳед.

Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар раванди таълиму тарбия уҳдадориҳои зеринро доранд:


- оиннома, қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таълимиро риоя намоянд;


- сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, маҳорат ва малакаи касбии худро такмил диҳанд;


- азхудкунии барномаҳои таълимию илмиро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот аз таълимгирандагон талаб намоянд;


- дарсҳои назариявӣ, амалӣ, таҷрибавӣ, истеҳсолӣ ва дигар намуди дарсҳо ва машғулиятҳоеро, ки барномаҳои таълимӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида, аз усулҳои фаъоли таълим истифода баранд, бесабаб аз фаъолияти омӯзгорӣ худро дар канор нагиранд;


- таълимгирандагонро аз амалҳои зӯроварии ҷисмонию равонӣ ҳифз намоянд ва барои пешгирии истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла оби ҷав), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос) ва маводи сахттаъсир корҳои таблиғотӣ баранд;


- аз доираи мавзӯе, ки барномаи таълимӣ муқаррар намудааст, берун набароянд;


- дар вақти дарс аз телефони мобилӣ истифода набаранд;


- вобаста ба имконот дарсҳои кушод ташкил карда, падару модарони  (шахсони онҳоро ивазкунандаи) таълимгирандагонро барои шинос шудан бо маҳорати касбии худ ҷалб намоянд;


- меъёрҳои санҷиш ва баҳогузориро ба дониши хонандагон ва донишҷӯён дар раванди дарс риоя намоянд;


- журнали синфӣ (гурӯҳӣ) -ро дар доираи муқаррарот пур намоянд;


- ашёи таълимӣ, таҷҳизот ва маводи таълимиро ҳифз карда, таълимгирандагонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоянд;


- бо мақсади такмили маҳорати касбӣ ҳар 5 сол аз такмили ихтисос гузаранд;


- меъёрҳои забони давлатиро риоя намоянд;


- дар вақти дарс ва берун аз он аз алфози қабеҳ худдорӣ намоянд;


- аз тарғиби ғояҳои бегона ва ташвиқи ҳар гуна масъалаҳое, ки аз доираи мавзӯи дарс берун аст, худдорӣ намоянд;


- ба дарс тайёрии амиқ дида, санҷиши дафтарҳоро ҷиддӣ гузаронанд;


- дар раванди фаъолияти худ аз таҷрибаи пешқадам истифода намуда, ба таълифи мақолаҳои илмӣ, назариявӣ ва методӣ ҷиддӣ муносибат намоянд;


- вобаста ба қобилият китобҳои дарсӣ, методӣ, назариявӣ ва дастурҳои методӣ таҳия намоянд;


- маводи нави илмӣ, таълим, методӣ, рӯзнома, маҷалла, китобҳои бадеӣ, оммавӣ, илмӣ ва назариявиро пайваста мутолиа намоянд;


- маводи таълимӣ, конспект, нақшаҳои тақвимӣ, лексияҳо ва корҳои санҷишиву озмоишии хаттии худро дар сатҳи касбӣ дар доираи меъёрҳои мавҷуда таҳия ва тасдиқ намоянд;


- барои инкишофи маҳорат ва малакаи хаттӣ ва нутқи шифоҳии таълимгирандагон кӯшиш намоянд;


- барои дар озмунҳои (олимпиадаҳои) ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намудани таълимгирандагон саъю талош намоянд;


- қобилияти зеҳнӣ, илмӣ, таҳқиқотӣ, ихтироъкории таълимгирандагонро муайян намуда, нисбат ба онҳо ғамхорӣ кунанд;


- барои рушди камолоти таълимгирандагон шароит фароҳам оваранд;


- аз таълимгирандагон ҳамроҳи худ овардани маводи таълимиро талаб карда, омодагии онҳоро ба дарс, машғулиятҳои таълимӣ назорат намоянд, онҳоро ба  хондани китобҳои илмию бадеӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо ташвиқ намуда, барои рушди ҷаҳонбинии онҳо тадбирҳо андешанд;


- услуби коргузорӣ ва истифодаи технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсиониро омӯзанд ва таълимгирандагонро ба омӯзиши онҳо ташвиқ намоянд;


- санҷишу имтиҳонҳои қабул ва ҷориро аз рӯи меъёрҳои муайянгардида гузаронида, дар вақти баҳогузорӣ ба амалҳои субъективӣ роҳ надиҳанд;


- аттестатсияи  хатм ва имтиҳонҳои  хатмро дар доираи талаботе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ташкил намуда, ба дониши таълимгирандагон баҳои воқеӣ гузоранд;


- рӯзномаи хонандагон ва дафтарҳои санҷишии донишҷӯёнро санҷида, баҳои дар журнал ва варақаи имтиҳонӣ қайдгардидаро ба онҳо гузаронанд;


- дарсҳои худро дар кабинетҳои фаннӣ бо тартиби муқарраршуда ба роҳ монанд;


- иштироки таълимгирандагонро дар корҳои ҷамъиятӣ,  маҳфилҳои илмӣ, адабӣ, эҷодӣ ва дигар маҳфилҳо таъмин намуда, ба фаъолона ширкат варзиданашон мусоидат намоянд;


- таълимгирандагонро дар рӯҳияи эҳтироми падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), ҳамсолон, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбия кунанд;


- ҷалби таълимгирандагонро ба ташкилотҳои хонандагон ва донишҷӯён таъмин карда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, риояи қонун ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, расму ойин,  муҳити зист ва риояи тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд;


- корҳои илмӣ, эҷодии адабӣ, ихтироъкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва дигар корҳои таълимгирандагонро роҳнамоӣ намуда, барои рушди қобилияти зеҳнии онҳо шароит муҳайё намоянд;


- нисбат ба хонандагон ва донишҷӯёне, ки тартиботи дохилии муассисаи таълимиро халалдор менамоянд, ба дарсҳо бе тайёрӣ меоянд ва сару либоси тавсиявиро намепӯшанд, маъмурияти муассисаи таълимӣ ва падару модар (шахсони онҳоро  ивазкунанда) -ро сари вақт тариқи хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намоянд;


- нисбат ба таълимгирандагоне, ки аз таҳсил саркашӣ намуда, аз хондан дур мемонанд, падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), роҳбарияти муассисаи таълимӣ ва мақомоти дахлдорро сари вақт тариқи хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намоянд;


- дар таҳия  ва омода намудани иншо, кори санҷишӣ, корҳои хаттии эҷодиву илмӣ, реферат, кори курсӣ, таҳқиқоти илмӣ, рисола, лоиҳаи дипломӣ ва инноватсионӣ ба таълимгирандагон роҳбарӣ намоянд;


- дафтарҳои фаннии таълимгирандагонро назорат намуда, маводи хаттиро аз рӯи меъёрҳои муқарраргардида баҳогузорӣ намоянд.


 

Масъулияти омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф оид ба таълиму тарбия кадомҳоянд?

- ба истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла оби ҷав), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос) ва маводи сахттаъсир дар муассисаи таълимӣ роҳ надиҳанд;


- ба хонандагон ва донишҷӯён маслиҳати методӣ ва илмӣ дода, дигар хизматрасонии таълимиро амалӣ намоянд;


- дар вақти корӣ ва раванди дарс бесабаб аз муассисаи таълимӣ берун нараванд;


- қобилияти иҷтимоӣ ва ҷисмонии хонандагон ва донишҷӯёнро ба манфиати шахсӣ истифода набаранд;


- уҳдадориҳои роҳбари синф (гурӯҳ) -ро дар доираи меъёрҳои муқарраршуда иҷро карда, бо падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) робита барқарор намоянд;


- ба намуди зоҳирии худ диққат дода, дар муассисаи таълимӣ либоси тавсиявиро пӯшанд, таълимгирандагонро дар рӯҳияи зебопарастӣ тарбия кунанд;


- ҳуқуқҳои таълимгирандагонро риоя карда, қадру эътибори онҳоро паст назананд;


- одобу ахлоқи омӯзгориро риоя намоянд.


3. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф оид ба таълиму тарбия ӯҳдадорӣ ва масъулиятҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи муассисаи таълимӣ ва санадҳои дохилии он пешбинӣ намудаанд, ба зимма доранд.


 

Ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор дар кадом моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” омадааст ва онро шарҳ диҳед.

Ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор дар моддаи 52 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” омадааст.


1. Шаъну шарафи омӯзгор таҳти муҳофизати давлат қарор дорад.


2. Дахолати ғайриқонунии мақомоти  давлатӣ ва шахсони мансабдор ба фаъолияти омӯзгор манъ аст.


3. Санҷиши фаъолияти омӯзгор ва баҳогузорӣ ба кори ӯ танҳо ба мақомот ва шахсони ваколатдор, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор муайян шудаанд, иҷозат дода мешавад.


4. Аз иҷрои вазифаи касбӣ бе асосҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дур кардани омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф манъ аст.


5. Назорати фаъолият ва аттестатсияи омӯзгорон тибқи низомномаҳое, ки мақомоти дахлдори давлатӣ тасдиқ намудаанд, амалӣ карда мешавад.


6. Фаъолияти касбии омӯзгор танҳо дар доираи касбӣ, аз ҷониби шахсон ва мақомоти дахлдори давлатии соҳаи маориф баррасӣ карда мешавад. Ҳангоми ҷой доштани камбудиҳо дар фаъолияти касбии омӯзгор шахсияти ӯ набояд таҳқир карда шавад ва ба фаъолияти ӯ воқеъбинона ва беғаразона бояд баҳо дода шавад.


7. Камбудиҳои содиркардаи омӯзгор танҳо пас аз санҷиши касбии мақомоти дахлдори давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Санҷиши фаъолияти омӯзгорро танҳо дар асоси  муроҷиати хаттӣ ё санади тартибдодаи мақоми (шахси) ваколатдор оғоз кардан мумкин аст.


8. Омӯзгор ҳуқуқ дорад дар хусуси баҳогузории нодуруст ба фаъолияташ ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва ё суд муроҷиат кунад ва ҷуброни зарари моддӣ ва маънавии ба ӯ расонидашударо талаб намояд.


Имтиёзҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар кадом моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” омадааст ва онро шарҳ диҳед.

Имтиёзҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар моддаи 53 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” омадааст.


1. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дорои чунин имтиёзҳо мебошанд:


- мӯҳлати даъвати омӯзгорон ба хизмати ҳарбӣ ба таъхир гузошта шавад;


- ба рухсатии эҷодӣ бо нигоҳ доштани музди меҳнат бароянд;


- ҳангоми беморӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доруворӣ ва табобати ройгон таъмин гарданд;


- аз хизматрасонии коммуналӣ ройгон ё имтиёзнок истифода баранд, ки тартиби онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;


- барои дастовардҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас бо мукофотҳои соҳавӣ, давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонида шаванд;


- барои меҳнати шоиста ва дастовардҳои педагогию илмӣ ба ҳавасмандии моддӣ ва маънавӣ сарфароз гардонида шаванд;


- омӯзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилиашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд;


- ба омӯзгорони муассисаҳои таьлимӣ, ки бори аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, тибқи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷетӣ ё ташкилотҳои қарздиҳанда қарзҳои бефоиз ё имтиёзноки барои омӯзгор қобили қабул муқаррар карда мешаванд;


- барои омӯзгороне, ки дар хонаҳои истиқоматии фонди манзили давлатию ҷамъиятӣ зиндагӣ мекунанд, дар сурати доштани собиқаи кории омӯзгории на камтар аз 15 сол манзили истиқоматиашон ройгон хусусӣ карда мешавад;


- бо пешниҳоди хулосаи тиббӣ роҳхатҳои ройгону имтиёзноки муассисаҳои табобатию истироҳатӣ, инчунин сайёҳию туристиро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода кунанд;


- омӯзгорони ҷавон дорои имтиёзҳои иловагӣ мебошанд, ки онҳоро тибқи қонунгузорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;


- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи истифодаи рухсатии дарозкардашудаи пардохтшаванда истифода намоянд;


- омӯзгороне, ки собиқаи кории бефосилаи на камтар аз 25 сол доранд, бо хоҳиши худашон метавонанд ба нафақа бароянд ва дар асоси шартнома дар муассисаи таълимӣ ё дигар соҳа кор кунанд;


- омӯзгороне, ки бемории музмин доранд, баъди на камтар аз ҳар 10 соли кори муттасили омӯзгорӣ ба рухсатии дарозмуддати то яксолаи пардохтшаванда ҳуқуқ доранд. Номгӯи беморӣ, тартиб ва шарти пардохти музди рухсатии дарозмуддат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд;


- барои омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, барои 3 сол иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;


- барои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар муассисаҳои таълимии низомаш махсус фаъолият менамоянд, иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.


2. Омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ аз имтиёзҳое, ки барои омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқи баробар истифода бурданро доранд.


Намудҳои муассисаҳои томактабиро номбар кунед.

Ширхоргоҳ, ширхоргоҳ-кӯдакистон, кӯдакистон, кӯдакистон-мактаби ибтидоӣ, хонаи кӯдакон, муассисаи таълимии дорои гурӯҳҳои омодагии пешазмактабӣ, маркази инкишофи кӯдак, кӯдакистони хусусӣ, кӯдакистони оилавӣ, кӯдакистони навъи тавонбахшӣ.


Субъектҳои раванди таълиму тарбия дар соҳаи таҳсилоти томактабиро номбар кунед.

Тарбиягирандагон, мураббиён, падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда).


 

Вазифаҳои асосии таълиму тарбияи томактабӣ кадомҳоянд?

Ташаккули инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии кӯдакони синфи томактабӣ;ташаккули шахсият ва гузоштани замина барои таҳсил дар муассисаи таҳсилоти умумӣ;тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, муҳаббат ба Ватан, рамзҳо ва забони давлатӣ, муносибати бошуурона ба муҳити зист.


 

Фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ тибқи кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад?

Фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ тибқи Конститутсияи ҶТ, қонуни ҶТ “Дар бораи маориф”, қонуни ҶТ “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ”  Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ, Низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ дар ҶТ ва оинномаи муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда мешавад.


 

Тартиби таҳия, барасмиятдарорӣ ва тасдиқи оинномаи муассисаи томактабиро зикр намоед.


Оиннома дар асоси Низомнома таҳия гардида, дар Шӯрои педагогӣ баррасӣ ва аз ҷониби муассис (Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ) тасдиқ карда мешавад.


 

Мақоми олии идоракунии муассисаи томактабӣ кадом аст, вазифаи он аз чӣ иборат аст ва ба ҳайати он киҳо дохил мешаванд?

Мақоми олии идоракунии муассисаи томактабӣ Шӯрои педагогӣ буда, ба ҳайати он мудир, мураббиён, ҳамшираи тиббӣ, роҳбари мусиқӣ ва раиси кумитаи падару модарон дохил мешаванд. Вазифаи он назорати раванди таълиму тарбия, рафти иҷрои қонун,  қарорҳои ҳукумат ва барномаҳои давлатӣ, муайян кардани самтҳои рушди муассиса мебошад.


 

Тартиби таҳия ва тасдиқи нақшаи кори муассисаи таълимиро қайд намоед.


Нақшаи кори муассисаи томактабӣ аз ҷониби роҳбари он таҳия гардида, дар Шӯрои педагогӣқабул ва аз ҷониби мақомоти маҳаллии идоракунии маориф тасдиқ карда мешавад.


 

Қонуни ҶТ “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ”  Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ, Низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ дар ҶТ кай қабул карда шудаанд?

Қонуни ҶТ “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ” 28 декабри 2015, №1056 Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ 30 декабри 2014, №785 , Низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ 29 апрели 2015, №256 қабул карда шудааст.


 

Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” кай қабул карда шудааст ва кадом моддаи он дар бораи таҳсилоти томактабӣ мебошад?

Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” 22.07.2013 қабул кардда шуда, моддаи 15 таълиму тарбияи томактабиро дар бар мегирад.


 

Тибқи қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” масъулият ва уҳдадорӣ барои таъмини инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва зеҳнии кӯдак, инчунин омодагии ӯ ба муассисаи таҳсилоти умумӣ бар дӯши кист?


Барои таъмини инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва зеҳнии кӯдак, инчунин омодагии ӯ ба муассисаи таҳсилоти умумӣ муассисаи таълими ва падару модар масъул ва уҳдадор мебошанд.


 

Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон кай тасдиқ шудааст ва онро шарҳ диҳед.

Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017, №281 тасдиқ шудааст. Тартиби мазкур дар асоси моддаи 32Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таҳия гардида, тартиби гузаронидани аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла кормандони раёсатҳо ва шуъбаҳои маориф, роҳбарон, омӯзгорон, мураббиҳо ва дигар мутахассисони (минбаъд аттестатсияшаванда) муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ), таҳсилоти иловагӣ, таҳсилоти махсус, муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакони ятиму бепарастор ва муассисаҳои дигаре, ки раванди таълиму тарбияи таҳсилоти миёнаи умумиро, сарфи назар аз шакли моликияташон, амалӣ мегардонанд (минбаъд - муассисаҳои таълимӣ), муқаррар менамояд.


Тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон кай тасдиқ шудааст ва онро шарҳ диҳед.


Тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №262 тасдиқ шудааст. Тартиби мазкур дар асоси моддаҳои 24 ва 32Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таҳия гардида, тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро хатм намудаанд, тибқи Тартиби мазкур ба роҳ монда мешавад.


Ба сохтори хадамоти методии муассиса чиҳо дохил мешаванд?

Кабинети методӣ, Шӯрои методӣ ва иттҳодияҳои методӣ.


Шӯрои методӣ  кай ва аз ҳисоби киҳо таъсис меёбад ва кадом мақомро дорост?

Шӯрои методӣ  дар сурати аз 3 ва ё зиёда мавҷуд будани иттиҳодияи методӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҳисоби омӯзгорони навовару эҷодкор, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ, китобдор  таъсис ёфта, мақоми машваратӣ – маслиҳатӣ дошта, дар назди Шӯрои педагогӣ ҳисоботдиҳанда  мебошад.


Фаъолияти Шӯрои методӣ аз кадом  самтҳо иборат аст?

Аз ҳамоҳангсозии корҳои методӣ, рушди мазмуни таҳсилот, ташкилу мураттабсозӣ ва расмӣ кунонидани барномаҳои озмоишӣ, маводи методӣ, нақшаҳои тақвимӣ-мавзӯъҳои омӯзгорон, нақшаи фаъолияти иттиҳодияҳои методӣ ва нақшаи кории муассиса мебошад.


Вазифҳои Шӯрои методӣ аз чӣ иборат аст?

Ташкили гурӯҳи пуриқтидори ҳамфикрон, ки анъанаҳои беҳтарини муассисаи таълимиро ҳифз намуда, баҳри рушди иқтидори эҷодии коллективи педагогӣ равона карда шудааст.


Шаклҳои фаъолияти Шӯрои методиро номбар кунед?

Ташкил ва баргузор намудани ҷамъомади шӯро, назорати мунтаззами фаъолияти иттиҳодияҳои методӣ, семинар ва практикумҳо, чорабиниҳои гуногуни методӣ дар муассисаи таълимӣ.


Нақшаи кори Шӯрои методиро кӣ таҳия мекунад ва дар куҷо тасдиқ карда мешавад?

 Нақшаи кори Шӯрои методӣ аз ҷониби раиси Шӯро таҳия гардида, дар ҷаласаи Шӯрои педагогӣ тасдиқ карда мешавад.


Ҷаласаи Шӯрои методӣ кай гузаронида мешавад ва аз фаъолияти худ ба куҷо ҳисобот медиҳад?

 Тибқи Низомномаи он ҷамъомади Шӯрои методӣ дар ду моҳ як маротиба  ва дар ҳолатҳои зарурӣ ғайринавбатӣ гузаронида мешавад.Шӯрои методӣ дар назди  ҷаласаи  Шӯрои педагогӣ  ҳисобот медиҳад.


Самтҳои фаъолияти иттиҳодияи методиро кадом ҳуҷҷатҳо ба танзим медароранд  ва дар ҳолати чанд   омӯзгори фанни таълимӣ ва ихтисосҳои бо ҳам наздик будан он таъсис дода мешавад?


Самтҳои фаъолияти иттиҳодияи методиро Оинномаи муассиса, Низомномаи Шӯрои методӣ ва Низомномаи иттиҳодияҳои методии омӯзгорони фаннӣ ба танзим медароранд. Дар ҳолати се омӯзгор будан он таъсис дода мешавад.


Иттиҳодияи методӣ кадом салоҳиятҳоро дорост?

Иттиҳодияи методӣ ваколати машваратӣ ва тавсиядиҳиро дорад.  Нақшаҳои тақвимии омӯзгорон, маҳфилҳои фанниро баррасӣ намуда барои тасдиқ пешниҳод менамояд. Дар ду моҳ як бор ҷаласа доир менамояд. Омӯзгорони пешқадам, эҷодкор ва навоварро ба мукофотҳо пешниҳод менамояд.


Иттиҳодияи методӣ бояд кадом ҳуҷҷатҳоро дошта бошад?

Нақшаи кори солона, ки роҳбари иттиҳодияи методӣ онро қобили қабул донистааст.  Протоколи ҷаласа, ҷузвдон, ки бояд ҳуҷҷатҳои зеринро дошта бошад: бонки маълумот, нақшаи солонаи кор, нақшаи дурнамои аз курсҳои бозомӯзӣ ва аттестатсия гузаштан, нақшаи дарсҳои кушод, маълумотномаҳо, дафтари саҳифабандишудаи протоколҳои ҷаласа ва ғайра.


 

 

 

 

 

Замима

бо фармоиши сардори раёсати

маорифи  вилояти Хатлон

аз «02» октябри соли 2024,

№208/3 тасдиқ шудааст:

 

 

Дастурамали

 мансабии мудири бахши   раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон  дар минтақаи Кӯлоб 

1.1. Мудири   раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб  тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба категорияи сеюми мансаби маъмурии хизмати давлатӣ дохил мешавад, ки аз тарафи сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон ба мансаб таъин ва озод мешавад.


1.2. Мудири бахш ба сардори раёсат ва муовини сардори раёсат   ҳисоботдиҳанда мебошад.


1.3. Ба мудири бахш кормандони бахш тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.


1.4. Дар вақти набудани мудири бахш ӯҳдадориҳои мансабии ӯро сармутахассиси  бахш  ба амал бароварда, барои иҷрои сифатнок, мақсаднок ва саривақтии онҳо масъул мебошад.


1.5. Мудири бахш ҳамчун ҳамоҳангсоз ба ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои соҳаҳои маорифи вилоят роҳбарӣ намуда барои сари вақт иҷро гардидани қарорҳои раиси вилоят, нақшаю чорабиниҳои раёсати маорифи вилоят масъул мебошад.


2. Талаботи тахассусӣ

2.1. Ба мансаби мудири бахш таҳсилоти олии   касбии ихтисосҳои табии-риёзӣ, мутахассисони соҳаиидоракунии давлатӣ ва мутахассисони касбии дорои таҳсилоти олӣ, қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ, ки собиқаи хизмати давлатӣ на камтар аз 4 сол ё собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз 5 сол дошта, дорои дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо табеон, малакаи хуби муошират бо аҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, таъин мегардад,


2.2. Мудири бахш дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Кодекси одоби хизматчии давлатӣ. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дастурамал доир ба коргузорӣ дар раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, низомномаи раёсати маорифи вилоятро ба роҳбарӣ мегирад.


2.3. Мудири  бахш  бояд инҳоро донад:


-санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи


 Ҷумҳурии Тоҷикистон;


- сохтори ҳокимияти давлатӣ ва танзими он;


- қонунгузории меҳнат;


- санадҳо ва тартиботе, ки дорои  сирри давлатӣ мебошанд;


-тартиби  интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳо дар ташкилоту муассисаҳои зертобеъ.


 

3. Ӯҳдадориҳои мансабии мудири бахш

3.1. Барои иҷро ва татбиқи вазифаҳои ба зиммаи ӯ гузошташуда мудири бахш  ӯҳдадор аст:


- идоракунии бахшро тибқи қонунгузории амалкунанда ба амал барорад, сифат ва самаранокии онро таъмин намояд;


- кори бахшро дар асоси нақшаи корӣ (солона, нимсола) аз ҷониби сардори раёсати маорифи вилоят тасдиқ ва роҳбарӣ намояд;


- ташкили кор, интизоми хизматӣ ва аз тарафи кормандон ба таври чиддӣ иҷро гардидани дастурамали мансабиро таъмин мекунад;


- риояи қонуниятро дар фаъолияти  бахш таъмин карда, муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатиро танзим намояд, барои баланд бардоштани интизоми меҳнат чораҳо андешад;


- кори бахшро дар ҳамкории судмани байни воҳидҳои сохтории мақомот ба роҳ  монда, барои инкишофи идораи давлатӣ баланд бардоштани натиҷаи фаъолияти он равон намояд;


- истифодаи техникаи ҳозиразамони компютерӣ, шаклҳои пешқадами идора ва ташкили меҳнатро дар фаъолияти бахш таъмин намояд;


- нисбат ба кор ҷалб гаштани мутахассисони баландихтисос, истифодаи самаранок ва инкишофи донишҳои касбию малакаи онҳо фароҳам овардани шароити беҳтар ва мӯътадили меҳнатӣ, инчунин риояи талаботҳои қонунгузории соҳаи ҳифзи меҳнат чораҳо бинад;


- барои сари вақт омода кардан ва пешниҳод гардидани маводҳои омӯзишӣ ва санҷишҳои фаолияти ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои зертобеъ чораҳо андешад;


- мувофиқи тартиби муқарраргардида сарфи назар аз шакли моликияташон оид ба масъалаҳои дар доираи салоҳияти бахш  қарор дошта иттилоъ мегирад;


         - фаъолияти муассисаҳои соҳаи маорифро, ба танзим медарорад;


         - дигар ваколатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаро анҷом медиҳад;


3.2 Бахш барои иҷрои вазифаҳои зерин ваколатдор мебошад:


- ҳар моҳ аз ташкилоту муассисаҳо дар доираи ваколатҳои дар салоҳияташбуда вобаста ба масъалаҳои дахлдор маълумотро гирифта, мавриди таҳлил қарор дода, дар асоси он ба сардори раёсат ахборот пешниҳод менамоянд;


- талоботи бахш  бобати пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, мавод, ахбор, баёноти хаттӣ барои мақомоти дахлдори давлатӣ ва шахсони мансабдор дар мӯҳлати муқарраршуда, ҳатмӣ мебошад;


- бахш дар тайёр кардан ва гузаронидани чорабиниҳои марбут ба соҳаи маориф, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, комиссияҳои доимоамалкунанда доир менамоянд ширкат меварзанд;


- ба сардори раёсат, муовини соҳавӣ дар хусуси андешидани тадбирҳо оид ба бартараф сохтани вайронкориҳои ошкоргардида, дар хусуси андешидани тадбирҳои интизомӣ, таклифҳо пешниҳод менамояд;


- Сардори раёсат, муовини сардори раёсатро мунтазам аз натиҷаҳои масъалаҳои мавриди санҷиш қарор гирифта ва фаъолияти рӯзмараи ташкилоту корхонаҳо (аз рӯи соҳа) огоҳ месозад;


          


4. Ҳуқуқҳои Бахш

4.1. Бахш  ҳуқуқ дорад:


- лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии оид ба масъалаи маориф дахлдоштаро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд;


- аз роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва хизматчиёни давлатии мақоми давлатӣ, сохторҳои системаи мақоми давлатӣ оид ба масъалаҳои мансуб ба соҳаи маориф  мутобиқи тартиби муқаррар гардида маълумот дархост намояд;


- дар мувофиқи бо нақшаҳои аз чониби сардори раёсат ва мақомотҳои болоӣ  тасдиқгардидаро  пеш  мебарад. Бо назардошти таклифу пешниҳодҳои кормандони бахш ва роҳбарони муассисаҳои соҳаи маорифи вилоят нақшаи кории бахшро  тартиб дода, назорати иҷрои он аз тарафи мудири бахш ташкил карда мешавад.


4.2.Бахш дар фаъолияти худ бо идораву корхонаҳои даҳлдор, муассисаҳои соҳаи маорифро вобаста ба масъалаҳои мушаххаси бамиёномада ҳамкорӣ менамояд.


4.3.Бахш аз ҳалли масъалаҳое, ки дар низомномаи мазкур пешбинӣ нашудаанд ва ба масъалаҳои соҳавӣ надоранд, худдорӣ менамояд.


4.4.Бахш дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад.


5. Муқаррароти хотимавӣ

5.1. Мудир ва дигар кормандони бахш  барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳо, ки низомномаи мазкур пешбинӣ нашудааст, масъулияти шахсӣ дошта, мудири бахш дар машваратҳои кории назди сардори раёсат, муовини сардор  иштирок менамояд.


5.2. Мудири бахш дастурамалҳои мансабӣ ва нақшаи кории кормандони бахшро таҳия намуда, барои тасдиқ ба сардори раёсат  пешниҳод менамояд.


5.3. Кормандони бахш  бояд ба талаботи тахассусии барои категорияи мансабҳои ин воҳиди сохторӣ пешбинишуда мувофиқ бошанд.


 


4. Ҳуқуқи мудири бахш

4.1. Мудири бахш  ҳуқуқ дорад:


- ба сардори раёсат, муовини сардор   оид ба масъалаҳои вобаста ба фаъолияти бахш  таклифҳо пешниҳод намояд;


- дар муносибат бо роҳбарияти раёсат мақомотҳои вилояти бахшро намояндагӣ намояд;


- бо супориши роҳбарият омӯзиш ва санҷиши фаъолияти ташкилоту муассисаҳои зертобеъро ба роҳ монад;


- ба фаъолияти кормандони бахш баҳои беғаразона диҳад, барои баланд бардоштани малакаи касбӣ ва хизматӣ онҳоро ба бозомӯзӣ ҳидоят намояд;


- дастурамали мансабии кормандони бахшро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд;


- дар бораи ҳавасмандгардонии кормандони бахш, ки ба натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ ноил гаштаанд, ба сардори раёсати маорифи вилоят таклифҳо барои сарфароз гардонидан ба ифтихорнома ва мукофотҳои давлатӣ пешниҳод намояд;


- дар доираи салоҳияти худ тамоми ахбороти зарурӣ, ҳуҷҷат ва дигар маводҳоро аз кормандони идораҳо, корхонаҳо, тащкилотҳои соҳавӣ ва дар мувофиқа аз дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо дархост намояд ва мегирад;


- бо мақомоти давлатӣ, шахсони масъули ташкилоту идораҳо муовини сардори раёсат оид ба масъалаҳои дар доираи салоҳияти бахш қарор дошта мукотибаи хизматӣ анҷом медиҳад;


- ба ҳалли масъалаҳои дар назди бахш гузошташуда кормандони раёсат, инчунин намояндагони ташкилотҳо, корхонаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва олимону мутахассисонро ҷалб менамояд;


- барои аз вазифа озод кардани сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассиси шӯъба дар мувофиқа босардори раёсат таклиф пешниҳод менамояд;


- муроҷиатҳоро баррасӣ менамояд ва шаҳрвандонро қабул мекунад;


- иҷрои дигар вазифаҳоеро, ки аз фаъолияти бахш бармеояд, амалӣ намоянд;


4.2. Ба зиммаи мудири бахш иҷрои вазифаҳои зерин гузошта мешавад:


- роҳбарии умумӣ ба фаъолияти бахш;


- ташкили ҳамкорӣ бо дигар шӯъбаҳо, бахшҳо;


- фароҳам овардани шароити корӣ дар бахш;


- назорати иҷрои қонуният дар фаъолияти бахш;


- ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ, шароитҳои иқтисодӣ-иҷтимоии кормандони


  бахш;


5. Масъулияти мудири бахш

5.1. Мудири бахш  барои ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои мансабӣ содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои зерин ҷавобгар аст:


- барои ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои мансабӣ, ки дар дастурамали мансабӣ пешбинӣ шудаанд;


- барои риоя накардани маҳдудиятҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар намудаанд;


- барои риоя накардани меъёрҳои муқаррарнамудаи  Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ;


- барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва сирри дигаре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;


- барои риоя накардани интизоми меҳнатӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ;


- барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда.


6. Муқаррароти хотимавӣ

6.1. Дастурамали мансабӣ дар ду нусха тартиб дода мешавад.


Нусхаи якуми дастурамали мансабӣ баъди тасдиқ дар шӯъбаи қадрҳои раёсати маорифи вилояти Хатлон нигоҳ дошта мешавад. Нусхаи дуюмро бахши кадрҳои раёсати маорифи  вилояти Хатлон баъди гирифтани имзо ва нишондодани ному насаб ва сана дар китоби бақайдгириидастурамалҳоимансабӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ ба хизматчии давлатии маъмурӣ месупорад.


Ба хизматчии давлатие, ки дар оянда ба мансаби мазкур таъин мешавад, дастурамали мансабӣ бо чунин тартиб супорида мешавад.


6.2. Сардори раёсат муовини  сардори раёсат ҳамчунин ҳуқуқ дорад барои истифодаи хизматӣ нусхаи дастурамали мансабиро гирад, дар ин хусус дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ сабт карда мешавад.


 

 

 

 

 

 

Бо фармоиши сардори

раёсати маорифи вилояти Хатлон

аз «20» июни с.2024, №164 тасдиқ

карда шудааст.

 

Дастурамалимансабии мутахассиси пешбари бахши Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб. 

 

1.Муқарароти умумӣ

1)       Номи мансаб – мутахассиси пешбари бахши раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб. 


2)       Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи  шашум мансуб аст.


3)      Мутахассиси пешбари  бахши Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб  (минбаъд сармутахассиси бахш аз тарафи Сардори Раёсати маорифи  вилояти Хатлон (минбаъд Сардори Раёсат) мувофиқи талаботи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешавад


4)      Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба мудири бахши Раёсати маориф дар минтақаи Кӯлоб (минбаъд-мудири бахш) тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.


5)      Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мудири бахш иҷрои ӯҳдадориҳои  мансабии ӯ ба сармутахассиси бахш  ва баръакс вогузор карда мешавад.


6)       Мутахассиси пешбари бахш бо роҳбарони воҳидҳои сохтории марказии Раёсат, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ ҳамкорӣ менамояд.


2. Талаботи тахассуси

7)      Барои мансаби мутахассиси пешбари бахш  талаботи тахассусии  зерин муқаррар карда мешавад.


Ø  таҳсилоти олии касбӣ;


Ø   2 сол собиқаи хизмати давлатӣ  ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ;


Ø  донистани  самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;


Ø  донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои  ҳуқуқии  байналмиллалии эътироф намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари бахшро ба танзим медарорад:


Ø  мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ:


Ø   на камтар аз 1 маротиба дар 3-сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ:


Ø   кор карда тавонистан бо компютер ва донистани як забони хориҷӣ.


3. Ӯҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари бахш


8)  Дар давраимуваққатан набудани сармутахассиси бахш, ӯҳдадориҳои мансабии сармутахассиси бахшро  иҷро менамояд.


    9) Дар давраи фаъолият барои иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 таҳти №1004,


- кор дар самти амалӣ намудани сиёсати давлат дар соҳаи маориф,


- дар асоси қонун, қарор ва санадҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм  гузоштан дар баланд бардоштани  сатҳу сифати таълиму тарбия ва рушди малакаи касбии кормандони соҳаи маориф,  


- таҳия ва иҷро намудани супориш ва фармоишҳои  аз сохтори дастгоҳи марказии Раёсат ба шуъба воридшуда ;


- иҷро намудани супоришҳои мудири шуъба ;


10) Маводҳои дахлдори санҷишӣ ва омӯзиширо тартиб дода, ба мудири шуъба пешниҳод менамояд.


11) Лоиаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияҳои методии омоданамудаи шуъбаро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо кормандони шуъба баррасӣ намуда, хулосаи шуъбаро омода менамояд.


12) Дар санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа иштирок мекунад. 


13) Муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ менамояд.


14) Фаъолияти ҳамоҳангсозиро бо мақомотҳои назорати ба роҳ мемонад;


 15) Оид ба фаъолияти ҳафтаина, моҳона, семоҳа, нимсола, нӯҳмоҳа ва солонаи худ ба мудири шуъба дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.


16) Бо супориши мудири бахш  дар кори комиссияҳо, гуруҳҳои кории мақомоти давлатӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Раёсат ва мақомоти давлатӣ иштирок менамояд.


17) Дигар супоришҳои мудири бахшро иҷро менамояд.


4. Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбари бахш

     18). Мутахассиси пешбари  бахш ҳуқуқҳои зерин дорад:


Ø  аз мақомоти дахлдор маълумот ва маводҳои барои  иҷрои босифат ва саривақтии ӯҳдадориҳои мансабӣ заруриро бо тартиби муқарраргардида гирад:


Ø  дар доираи ваколиятҳои худ дар баррасӣ ва қабули қарор ва рӯи масъалаҳои ба ӯҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;


Ø  ба мудири бахш дар доираи ӯҳдадориҳои мансабӣ ва функсияҳои алоҳида сохтори оид ба мукаммал намудани самти кор таклиф пешниҳод намояд;


Ø   маводи дар ихтиёри шуъба бударо омӯзад;


Ø  барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табии таклиф пешниҳод намояд;


Ø   дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва ё беэътибор донистани санадҳои миъёрии ҳуқуқӣ ба фаъолияти шуъба дахлдошта таклиф пешниҳод намояд;


Ø   дар гузронидани ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки фаъолияти шуъба дахл доранд, иштирок намояд;


19).Мутахассиси пешбари бахш дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон пешбини намудаанд.


5. Масъулияти мутахассиси пешбари бахш.

      20).Мутахассиси пешбари бахш дорои чунин масъулиятҳо мебошад;


Ø  пешниҳод кардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи  шахсии худ;


Ø  рафъи мавҷудияти мамониатҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»  ва  «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» барои таъин намудан ба мансаб ва дар мансаб будан;


Ø  риоя накардани маҳдудиятҳое, ки Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар намудаанд;


Ø  ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;


Ø  риоя накардани меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ;


Ø   риоя кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;


Ø    риоя кардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ;


Ø  барои пешниҳод накардан  ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад, оид ба вазъи амволӣ хизматчии давлатии маъмурӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;


Ø   дигар масъулият, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.


     21)Мутахассиси пешбари бахш  барои иҷро накардан ва ё таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои мансабӣ, интизомӣ  меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои ӯҳдадориҳои  мансаби вобастакардашуда тибқи қонунгузори ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.


6. Муқаррароти хотимавӣ


      22) Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар кадрҳои Раёсат нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаба сармутахассиси шуъба  бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирии Дастурамалҳои мансабӣ супорида мешавад.


      23)Ҳангоми ба таври ҷидди тағъир ёфтани ӯҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқи хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯи натиҷаи аттестатсия ва ё баҳодиҳии фаъолияти солона, инчунин ҳангоми аз нав ташкилдиҳии   шуъба, Раёсат ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағъирир ёфтани Дастурамали мансабии  мутахассиси пешбари бахш мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад. 


 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Бо фармоиши сардори Раёсати

маорифи вилояти Хатлон аз «20»

июни с.2024, №164 тасдиқ

карда шудааст.


 

Дастурамалимансабии мутахассиси шуъбаи таҳсилоти умумии Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  

1.Муқарароти умумӣ

3)      Номи мансаб – мутахассиси шуъбаи таҳсилоти умумии Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон. 


4)      Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи  ҳафтум мансуб аст.


8)    Мутахассиси шуъбаи таҳсилоти умумии Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон    (минбаъд мутахассиси аз тарафи Сардори Раёсати маорифи  вилояти Хатлон (минбаъд Сардори Раёсат) мувофиқи талаботи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешавад


9)    Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба мудири шуъбаи Раёсати маориф  (минбаъд-мудири шуъба) тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.


10)                      Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбари шуъба иҷрои ӯҳдадориҳои  мансабии ӯ ба сармутахассиси шуъба ва баръакс вогузор карда мешавад.


11)                       Мутахассиси шуъба бо роҳбарони воҳидҳои сохтории марказии Раёсат, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ ҳамкорӣ менамояд.


2. Талаботи тахассуси

12)                      Барои мансаби мутахассиси  шуъба талаботи тахассусии  зерин  муқаррар карда мешавад.


Øтаҳсилоти олии касбӣ;


Ø 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ  ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ;


Øдонистани  самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;


Øдонистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои  ҳуқуқии  байналмиллалии эътироф намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаро ба танзим медарорад:


Øмавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ:


Ø на камтар аз 1 маротиба дар 3-сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ:


Ø кор карда тавонистан бо компютер ва донистани як забони хориҷӣ.


3. Ӯҳдадориҳои мансабии мутахассиси   шуъба


8)  Дар давраи муваққатан набудани мутахассиси пешбари шуъба, ӯҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбаришуъбаро  иҷро менамояд.


    9) Дар давраи фаъолият барои иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 таҳти №1004,


- кор дар самти амалӣ намудани сиёсати давлат дар соҳаи маориф,


- дар асоси қонун, қарор ва санадҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм  гузоштан дар баланд бардоштани  сатҳу сифати таълиму тарбия ва рушди малакаи касбии кормандони соҳаи маориф,  


- таҳия ва иҷро намудани супориш ва фармоишҳои  аз сохтори дастгоҳи марказии Раёсат ба шуъба ворид шуда ;


- иҷро намудани супоришҳои мудири шуъба ;


10) Маводҳои дахлдори санҷишӣ ва омӯзиширо тартиб дода, ба мудири шуъба  пешниҳод менамояд.


11) Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияҳои методии омода намудаи шуъбаро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо кормандони шуъба баррасӣ намуда, хулосаи  шуъбаро омода менамояд.


12) Дар санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа иштирок мекунад. 


13) Муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ менамояд.


14) Фаъолияти ҳамоҳангсозиро бо мақомотҳои назорати ба роҳ мемонад;


 15) Оид ба фаъолияти ҳафтаина, моҳона, семоҳа, нимсола, нӯҳмоҳа ва солонаи худ ба мудири бахш дар мӯҳлатҳои муқарраргардида  ҳисобот пешниҳод менамояд.


16) Бо супориши мудири шуъба дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои кории мақомоти давлатӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои раёсат ва мақомоти давлатӣ иштирок менамояд.


17) Дигар супоришҳои мудири шуъбаро иҷро менамояд.


4. Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбари бахш

     18). Мутахассиси шуъба ҳуқуқҳои зерин дорад:


Øаз мақомоти дахлдор маълумот ва маводҳои барои  иҷрои босифат ва саривақтии ӯҳдадориҳои мансабӣ заруриро бо тартиби муқарраргардида гирад:


Øдар доираи ваколатҳои худ дар баррасӣ ва қабули қарор ва рӯи масъалаҳои ба ӯҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;


Øба мудири шуъба дар доираи ӯҳдадориҳои мансабӣ ва функсияҳои алоҳида сохтори оид ба мукаммал намудани самти кор таклиф пешниҳод намояд;


Ø маводи дар ихтиёри шуъба бударо омӯзад ;


Øбарои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табии таклиф пешниҳод намояд;


Ø дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва ё беэътибор донистани санадҳои миъёрии ҳуқуқӣ ба фаъолияти шуъба дахлдошта таклиф пешниҳод намояд;


Ø дар гузронидани ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки  ба фаъолияти шуъба дахл доранд, иштирок намояд;


19). Мутахассиси шуъба дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон пешбини намудаанд.


5. Масъулияти мутахассиси шуъба.

     20). Мутахассиси шуъба дорои чунин масъулиятҳо мебошад;


Øпешниҳод кардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи  шахсии худ;


Øрафъи мавҷудияти мамониатҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»  ва  «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» барои таъин намудан ба мансаб ва дар мансаб будан;


Øриоя накардани маҳдудиятҳое, ки Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар намудаанд;


Øошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;


Øриоя накардани меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ;


Ø риоя кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;


Ø  риоя кардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ;


Øбарои пешниҳод накардан  ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад, оид ба вазъи амволӣ хизматчии давлатии маъмурӣ дар мӯҳлатҳои муқарраргардида;


Ø дигар масъулият, ки санадҳоимеъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.


     21) Мутахассиси шуъба  барои иҷро накардан ва ё таври дахлдор иҷро накардани  ӯҳдадориҳои  мансабӣ, интизомӣмеҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои ӯҳдадориҳоимансаби вобастакардашуда тибқи  қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.


6. Муқаррароти хотимавӣ


      22)   Дастурамали  мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар кадрҳои Раёсат нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъба ба  мутахассиси шуъба  бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирии Дастурамалҳои мансабӣ супорида мешавад.


      23) Ҳангоми ба таври ҷидди тағъир ёфтани ӯҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқӣ  хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯи натиҷаи аттестатсия ва ё баҳодиҳиифаъолиятисолона, инчунин ҳангоми аз нав ташкилдиҳии   шуъба, Раёсат ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағир ёфтани Дастурамали мансабиимутахассисмегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло