- Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст -

СИТОДИ АВВАЛИНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Имрӯз, аввалин Ситоди озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Дилрабохон Мансурӣ баргузор гардид, ки масъулини вазорату идора, вилоят ва ташкилоту муассисаҳо аз минтақаҳои кишвар ба таври онлайнӣ ҳузур доштанд.
Дар ситоди мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси вилоят Амирхон Юсуф, сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода низ ба таври онлайнӣ ширкат карданд.
Дар ситод оид ба масъалаҳои талабот ва тартиби баргузорӣ, омодагии довталабон ба озмун, қадрдонии ғолибони озмун дар сатҳи маҳал, дастрас гардидани адабиёти лозима табодули афкор гардид.
Барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани ҳамаи даврҳои озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва таъмини шаффофият ба масъулин дастуру супориш дода шуд.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло