ҒОЛИБИЯТИ НАВБАТӢ ДАР ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУН
- Илм - фурӯғи маърифат -
ҒОЛИБИЯТИ НАВБАТӢ ДАР ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУН
Довталабони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" 16 ҷойи ифтихориро ба даст оварданд, - иттилоъ доданд аз Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилояти Хатлон.
Ёдовар мешавем,ки аз 21 то 26 октябри соли 2024 даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурȳғи маърифат” дар шаҳри Душанбе аз рȳйи 7 номинатсия, аз ҷумла номинатсияи физика ва астрономия, технологияи иттилоотӣ, география, биология, химия, ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор гардид.
Санаи 28 - уми октябри соли 2024 дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм – фурȳғи маърифат” гузаронида шуд.
Дар ҷамъбаст аз вилояти Хатлон 16 нафар довталабон ғолиби даври ҷумҳуриявӣ дониста шуданд, ки асосан онҳо ҷойи дуюм ва ҷойи сеюмро ба даст оварданд.
Ғолибони озмунро дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ бо гулу гулдастаҳо ва шодию нишот истиқбол гирифтанд.
Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон