Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсат

Дар Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳои ви-лоят 177 маҳфилҳои фаннӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо бештар аз 3365 хонандагони қобилиятноку боистеъдод фаро гирифта шудаанд.


Айни замондар 13 шаҳру ноҳия (Ҳамадонӣ, Дӯстӣ, Балҷувон, Восеъ, Фархор, Норак, Қубодиён, Ш.Шоҳин, Кӯшониён, Левакант, Данғара, Ху-росон ва Ҷайҳун) Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо бинои ало-ҳида таъмин мебошанд. Вале 12 шаҳру ноҳия, аз ҷумла, дар шаҳру ноҳия-ҳои Ёвон, Н. Хусрав, Ховалинг, Темурмалик, Бохтар, Кӯлоб, Ҷомӣ,  Балхӣ, Вахш, Данғара, Панҷ, Шаҳритус Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо бинои алоҳида таъмин набуда, ҳанӯз дар биноҳои шуъбаи маориф ё дар заминаи ин ё он муассисаи таълимӣ фаъолият мебаранд.      


Ҷиҳати таъмин бо мустақилияти молиявӣ бошад, то имрӯздар маҷ-муъ 24 шаҳру ноҳия бо мустақилияти молиявӣ таъмин гардида, танҳо шаҳри Левакант ҳанӯз ба мустақилияти молиявӣ нагузаштааст.


 

 Олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон:

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дар олимпиадаҳои байналмилалӣ натиҷаҳои чашмрас ба даст оварданд.  Дар умум дар ин  олимпиадаҳо 2891 нафар хонандагон иштирок намуда, 385медал ба даст оварданд. Аз ин шумора 27 нафар ба медали тилло, 100 нафар  ба медали нуқра, 258 нафар ба медали биринҷӣ сазовор гардидаанд.


 Аз ҷумла, натиҷаҳои ба дастовардаи хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз рȳйи навъи ин олимпиадаҳо чунин арзёбӣ мегардад:


“Дониш дар Анталия” (Аз фанни забони англисӣ, русӣ, биология, география, физика): 11 ҷой (3 нафар ҷойи 2-юм, 8 нафар ҷойи 3-юм) ба даст оварда шуд: хонандагони шаҳри Бохтар 7 ҷой, шаҳри  Кӯлоб 1 ҷой ва  ноҳияи Дӯстӣ 3 ҷойро сазовор гардиданд.


“Архимед” (Аз фанни математика): 104 ҷой (2 ҷойи 1-ум, 16 ҷойи 2-юм, 86 ҷойи 3-юм ба даст омад. Аз ноҳияи Вахш 13 ҷой, шаҳри Бохтар 5 ҷой, шаҳри Норак 16 ҷой, ноҳияи М.С.А. Ҳамадонӣ 23 ҷой, ноҳияи Дӯстӣ 22 ҷой,  ноҳияи Данғара 19 ҷой, ноҳияи Шаҳритус 4 ҷой, ноҳияи Хуросон 1 ҷой ва ноҳияи Муъминобод 1 ҷойро сазовор гардиданд.


“Тенегл” (Аз фанни забони англисӣ:  22 ҷой ба даст оварда шуд: 2 ҷойи 1-ум, 10 ҷойи 2-юм, 10 ҷойи 3-юм. Инҳо  аз ноҳияи Восеъ (11 ҷой) ва шаҳри Кӯлоб (11 ҷой )-ро сазовор гардиданд. Қайд кардан бамаврид аст, ки ба даври ниҳоии Олимпиадаи мазкур Абубакри Ҳофиз - хонандагони синфи 10-уми литсей №2-и шаҳри Кӯлоб бо роҳхат даъват гардида, дар ин давра, ки дар шаҳри Лондони Шоҳигари Англия баргузор гардид аз вилояти Хатлон Абдубакри Ҳофиз хонандаи синфи 10 литсейи давлатӣ №1- и шаҳри Кӯлоб соҳиби ҷойи сеюм ва Худойқулова Омина хонандаи синфи 10 литсейи давлатии №1-и ноҳияи Восеъ соҳиби ҷойи дуюм гардиданд.


“Pangea Math World” -  (аз фанни забони англисӣ): Дар умум 3 ҷой (1 ҷойи 2 -юм, 2  ҷойи 3-юм) ба даст оварда шуд: аз ноҳияи Восеъ (2 ҷой), ноҳияи Данғара (1 ҷой)..


“Имас” (Аз фанни математика): - 4 ҷой (2  ҷойи 2-юм, 2 ҷойи 3-юм ба даст оварда шуд:  аз ноҳияи Ҷ.Балхӣ (1 ҷой), ноҳияи Данғара (1 ҷой),  ноҳияи Хуросон (1 ҷой), ноҳияи М.С.А. Ҳамадонӣ (1 ҷой ).


“Ҳиппо” (Аз фанни математика) -  44 ҷой (9 ҷойи 1-ум, 16 ҷойи 2-юм, 27 ҷойи 3-юм):  аз ноҳияи Восеъ (16 ҷой), шаҳри Бохтар (12 ҷой) ва шаҳри Норак (16 ҷой). Қайд кардан ба маврид аст, ки ба даври ниҳои Олимпиадаи мазкур 3 нафар хонандагони синфи 3 аз ЛБХБ шаҳри Бохтар: Файзуллозода Аҳмад (ҷойи 1-ум), Саидова Самира (ҷойи 2-юм), Соҳибова Омина (ҷойи 3-юм) барои иштирок дар даври ниҳоӣ, роҳхат ба даст оварданд. Санаи 18 - 25 июни соли 2023 дар кишвари Туртсия шаҳри Ан-қара даври ниҳои олимпиадаи мазкур баргузор гардид, ки аз вилояти Хат-лон як нафар хонандаи синфи 3 аз Литсейи барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бохтар Файзуллозода Аҳмад иштирок намуд.


“Имек” (Аз фанни математика)- 60 ҷой (1 ҷойи 1-ум, 23 ҷойи 2-юм, 36 ҷойи 3-юм ба даст оварда шуд. Аз ҷумла,  аз шаҳри Бохтар (52 ҷой), аз ноҳияи Восеъ (8 ҷой)-ро сазовор гардиданд.


Кенгуру (аз фанни математика) 147 ҷой (ҷойи якум 12 ҷой, ҷойи дуюм 43 ҷой, ҷойи сеюм 92 ҷой)-ро сазовор гардиданд.


Тазаккур бояд дод, ки дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаҳои фаннӣ миёни хонандагони синфҳои 5-6, 7-8, 9-10 ва 11, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят як қатор ҷойҳои намоёнро соҳиб гардиданд. Аз ҷумла,  хонандагони синфҳои 5 ва 6 ҳамагӣ 145 ҷой (аз ин 3 ҷойи якум, 19 ҷойи дуюм, 123 ҷойи сеюм), синфҳои 7 ва 8 ҳамагӣ 215 ҷой (аз ин 28 ҷойи дуюм, 187 ҷойи сеюм), синфҳои 9 ва 10 ҳамагӣ 221 ҷой (аз ин 7 ҷойи якум, 21 ҷойи дуюм, 193 ҷойи сеюм), синфҳои 11 ҳамагӣ 88 ҷой (аз ин 1 ҷойи якум, 13 ҷойи дуюм, 74 ҷойи сеюм) ва дар умум хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят дар ин давр яъне даври ҷумҳуриявӣ соҳиби 669 ҷойҳои намоён (аз ин 11 ҷойи якум, 81 ҷойи дуюм, 577 ҷойи сеюм) гардиданд, ки нисбати соли хониши гузашта 49 ҷой зиёд мебошад.


Ҳамзамон, қайд менамоем, ки дар ин давра Дар озмуни аттестати аъ-лои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра18 нафар хонандагони болаёқати ҳудуди вилоят аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Бохтар Литсейи давлатии Ориёно (1-нафар равияи табиӣ-риёзӣ - тилло) ва Литсейи давлатии №1 (4-нафар ра-вияи табиӣ-риёзӣ - тилло), Данғара МТМУ №4, МТМУ №16 (2-нафар равияи табиӣ-риёзӣ - тилло), Данғара Мактаби Президентӣ (1-нафар рави-яи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ - тилло), Данғара Гимназияи ҷумҳуриявӣ (2-на-фар равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ - тилло), Ёвон Мактаб интернати ҷумҳу-риявии кӯдакони ятим (1-нафар равияи универсалӣ-нуқра), Ёвон МТМУ №75 (1-нафар равияи табиӣ-риёзӣ - тилло), Ёвон МТМУ №1 (1-нафар ра-вияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ - нуқра), Фархор МТМУ №10 (1-нафар равияи универсалӣ-тилло), Фархор МТМУ №25 (1-нафар равияи табиӣ-риёзӣ - тилло), Вахш МТМУ №56 (1-нафар равияи табиӣ-риёзӣ - тилло), Норак Литсейи давлатии Нурбахш (1-нафар равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ – тил-ло), Кӯлоб Мактаби Президентӣ (1-нафар равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ - тилло) аз санҷиши ниҳоӣ бомуваффақият гузашта, ба гирифтани аттестати аъло мушарраф гардиданд.


Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло