РАЁСАТИ МАОРИФИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ХОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.
1.Муовин-мудири шуъбаи тањсилоти миёнаи умумї-1 љой.
Талаботи тахассусї барои довталабон:
-тањсилоти олии касбї (ба тањсилоти олии касбии ихтисосњои табиї-риёзї бартари дода мешавад); - 2 сол собиќаи хизмати давлатї ё 3 сол собиќаи умумии мењнатї аз рўи ихтисос;
-донистани таърих, фарњанг, муќаддасоти миллї, забони давлатї, санадњои меъёрї-њуќуќї, ки иљрои уњдадорињои мансабии муовин-мудири шуъбаро ба танзим медароранд;
-малакаи кор бо компютер.
Маоши мансабї 2339,3
сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи љадвали ягонаи тарифї.
2.Мудири бахши раёсати маорифи вилоят дар минтаќаи Кўлоб -1 љой.
Талаботи тахассусї барои довталабон:
-тањсилоти олии касбї (ба тањсилоти олии касбии ихтисосњои табиї-риёзї бартари дода мешавад); - 2 сол собиќаи хизмати давлатї ё 3 сол собиќаи умумии мењнатї аз рўи ихтисос;
-донистани таърих, фарњанг, муќаддасоти миллї, забони давлатї, санадњои меъёрї-њуќуќї, ки иљрои уњдадорињои мансабии муовин-мудири шуъбаро ба танзим медароранд;
-малакаи кор бо компютер.
Маоши мансабї 1571,95
сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи љадвали ягонаи тарифї.
3. Мутахассиси пешбари шуъбаи тањсилоти умумии Раёсати маорифи вилояти Хатлон - 1 љой.
Талаботи тахассусї барои довталабон:
-тањсилоти олии касбї (ба тањсилоти олии касбии ихтисосњои табиї-риёзї бартари дода мешавад);
-донистани таърих, фарњанг, муќаддасоти миллї, забони давлатї, санадњои меъёрии њуќуќї, ки иљрои уњдадорињои мансабии мутахассисро ба танзим медароранд;
-малакаи кор бо компютер.
Маоши мансабї 1170,30 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи љадвали ягонаи тарифї.
4.Мутахассиси пешбари бахши банаќшагирї иќтисод ва захирањои кадрии Раёсати маорифи вилояти Хатлон - 1 љой.
Талаботи тахассусї барои довталабон:
-тањсилоти олии касбї (ба тањсилоти олии касбии ихтисосњои табиї-риёзї бартари дода мешавад);
-донистани таърих, фарњанг, муќаддасоти миллї, забони давлатї, санадњои меъёрии њуќуќї, ки иљрои уњдадорињои мансабии мутахассисро ба танзим медароранд;
-малакаи кор бо компютер.
Маоши мансабї 1170,30 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи љадвали ягонаи тарифї.
Барои иштирок дар озмун њуљљатњои зерин пешнињод карда мешаванд:
-ариза ба унвони сардори Раёсат;
-вараќаи (анкетаи) бањисобгирии кадрњо;
-шарњи њол;
-нусхаи диплом;
-2 дона расми ¾
-нусхаи дафтарчаи мењнатї;
-нусхаи шиноснома;
-маълумотнома дар бораи надоштани доѓи судї;
-маълумотнома аз маќомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсї;
-нусхаи гувоњномаи РМА (раќами мушаххаси андоз супоранда).
-маълумотнома аз љойи истиќомат;
-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;
-нусхаи суѓуртаи иљтимої (СИН);
-нусхаи билети њарбї (барои шахсоне, ки хизмати њарбиро адо
намудаанд);
-маълумотнома (справка-абъективка);
Суроѓаи ќабули њуљљатњо:
Шањри Бохтар, кўчаи Бобољон Ѓафуров-17, бинои Раёсати маорифи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Телефон барои тамос: 2-38-80
Мухлати ќабули њуљљатњо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Саволњо барои иштирок дар озмун:
Конститутсияи Љумњурии Тољикистон кай ќабул карда шудааст ва чанд маротиба ба он таѓйиру иловањо ворид карда шудааст?
Конститутсияи Љумњурии Тољикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалќї ќабул карда шуда, ба он се маротиба: 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариќи раъйпурсии умумихалќї ба он таѓйиру иловањо ворид карда шудааст.
Конститутсияи Љумњурии Тољикистон аз чанд боб ва чанд модда иборат аст?
Конститутсияи Љумњурии Тољикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат аст:
Боби 1. Асосњои сохтори конститутсионї;
Боби 2. Њуќуќ, озодї, вазифањои асосии инсон ва шањрванд;
Боби 3. Маљлиси Олї;
Боби 4. Президент;
Боби 5. Њукумат;
Боби 6. Њокимияти мањаллї;
Боби 7. Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон;
Боби 8. Суд;
Боби 9. Прокуратура;
Боби 10. Тартиби таѓйири Конститутсия.
Кадом моддаи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон кафолати гирифтани тањсилоти шањрвандонро муайян мекунад?
Дар боби 2 моддаи 41 оварда шудааст «Њар кас њуќуќи тањсил дорад. Таълими умумии асосї њатмист. Давлат таълими умумии асосии њатмии ройгонро кафолат медињад».Шахс дар доираи муќаррарнамудаи ќонун дар муассисањои таълимии давлатї метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумї, ибтидоии касбї, миёнаи касбї ва олии касбї гирад.Шаклњои дигари таълимро ќонун муайян мекунад.
Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф» кадом сол ќабул шудааст, он аз чанд боб ва чанд модда иборат аст?
Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф» 22 июли соли 2013 (Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 22 июли соли 2013, №1004) ќабул шуда, аз 8 бобу 69 модда иборат аст.
Боби 1. Муќаррароти умумї
Боби 2. Низоми маорифи љумњурии тољикистон
Боби 3. Танзими давлатї дар соњаи маориф
Боби 4. Идоракунии соњаи маориф
Боби 5. Њуќуќ ва уњдадорињои субъектњои раванди таълиму тарбия. Маќоми омўзгор
Боби 6. Фаъолияти молиявию хољагидорї дар низоми маориф
Боби 7. Њамкории байналмилалї дар соњаи маориф
Боби 8. Муќаррароти хотимавї
Ќонуни мазкур асосњои њуќуќї, ташкилї, иљтимоию иќтисодии инкишофи маорифро дар Љумњурии Тољикистон муайян намуда, сохтори системаи маориф, принсипњои танзим, идоракунї, ваколату самтњои фаъолияти маќомоти онро муќаррар менамояд ва барои дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон оид ба соњаи маориф заминаи њуќуќї мебошад.
Низомномаи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон кай ва бо кадом раќам тасдиќ шудааст?
Низомномаи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 марти соли 2014, №145 тасиќ шудааст.
Кадом асарњои Пешвои миллат, Президенти ЉТ Эмомалї Рањмонро мутолиа намудаед ё медонед?
Асарњои Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон инњо мебошанд:
1. Истиќлолияти Тољикистон ва эњёи миллат:
2. Нигоње ба таърих ва тамадунни Ориё:
3. Тољикон дар оинаи таърих:
4. Соли фарњанги оламгир:
5. Соле, ки ба ќарнњо баробар аст:
6. Дар бораи дин:
7. Поягузори сулњ ва вањдати мили:
8. Ватани худро дуст доред, њифз кунед ва ќадр намоед:
9. Оѓози марњилаи созандагї (17 љилд);
10. Чењрањои мондагор.
11. Забони миллат-њастиимиллат
Љумњурии Тољикистон кай ташкил ёфтааст ва кадом сол давлати соњибистиќлол гардид?
Љумњурии Тољикистон 16 октябри соли 1929 њамчун Љумњурии Шўравии Сотсиалистии Тољикистон ташкил ёфта, 9 сентябри соли 1991 Љумњурии Тољикистон соњибистиќлол гардид.
Рамзњои давлатии Љумњурии Тољикистон кадомњоянд?
Рамзњои давлатии Љумњурии Тољикистон ин парчам нишон ва суруди миллии Љумњурии Тољикистон мебошанд: Парчам, Нишон ва Суруди миллии Љумњурии Тољикистон.
Парчам аз се ранг иборат аст:
-ранги сурх - мубориза ва љоннисории халќ дар роњи озодї ва истиќлолият;
-ранги сафед – бахту иќболи сафед, нияти неки халќ;
-ранги сабз – саъю кўшиш ва зањмату мењнати халќ, ки аз он кишварамон сарсабзу хуррам мешавад.
Дар Нишони давлатии Тољикистон тољ, њафт ситора, офтоб, кўњњо, хўшањои гандум, китоб ва курсї тасвир ёфтааст.
Муаллифи Суруди миллии Тољикистон Гулназар Келдї буда, оњанг аз Сулаймон Юдаков мебошад.
Парчам, Нишон ва Суруди миллии Љумњурии Тољикистон аз тарафи кадом маќомот ва кай ќабул шудааст?
Парчам - соли 1992, Нишон - 28 декабри соли 1993 ва Суруди миллии Љумњурии Тољикистон - 7 сентябри 1994 аз тарафи Шурои Олї ва Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ќабул шудааст.
Иљлосияи 16-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон кай шуда гузашт ва ањамияти он дар чист?
Иљлосияи 16-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон 16 ноябри соли 1992 дар кохи Арбоби шањри Хучанд шуда гузашт ва ин иљлосия Иљлосияи сарнавиштсоз ном гирифтааст.
Ќањрамонњои Тољикистонро номбар кунед.
Ќањрамонњои Тољикистон шаш нафар мебошанд: Садриддин Айнї, Бобољон Ѓафуров, Мирзо Турсунзода, Эмомалї Рањмон, Нусратулло Махсум ва Шириншоњ Шоњтемур.
Рўзњои љашнворањои муњими Љумњурии Тољикистонро номбар кунед.
Рўзњои љашнворањои муњими Љумњурии Тољикистон иборат аст аз:
1 январ - Соли нави мелодї,
8 март - рўзи Модарон,
21 март - Наврўзи байналмилалї,
9 май - иди Ѓалаба,
27 июн - рўзи Вањдати миллї,
5 октябр - рўзи Забони тољикї,
9 сентябр - рўзи Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон,
6 ноябр - рўзи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон,
Иди Рамазон,
Иди Ќурбон.
Аз номи тамоми халќи Тољикисон кї њуќуќи сухан гуфтанро дорад?
Аз номи тамоми халќи Тољикистон фаќат Президент, Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар љаласаи якљояи худ њуќуќи сухан гуфтан доранд.
Муњлати ваколати Президент чанд сол аст?
Президентро шањрвандони Тољикистон ба тарзи умумї, мустаќим, баробар ва овоздињии пинњонї ба муњлати 7 сол интихоб менамоянд. Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муњлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад.
Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон кай таъсис ёфтааст ва то имрўз чанд вазир фаъолият намудаанд?
Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон соли 1924 таъсис ёфтааст ва то имруз 24 вазир фаъолият намудаанд.
Принсипњои асосии сиёсати давлатї дар соњаи маориф
Сиёсати давлатї дар соњаи маориф ба принсипњои зерин асос меёбад:
-баробарњуќуќии шањрвандон дар гирифтани тањсилоти босифат;
-ќонуният, эњтироми њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд;
-бартарии соњаи маориф дар њама сатњњои идоракунии давлатї;
-њатмї будани таълими умумии асосї;
-дастрасии тањсилоти миёнаи умумї ва идомаи тањсил дар зинањои минбаъдаи тањсилот дар асоси озмун;
-бартарии арзишњои миллию умумибашарї, моњияти башардўстонаи мазмуни тањсилот, рушди озодонаи шахс;
-муњаббат ба Ватан, оила ва муњити зист;
-љанбаи илмї, дунявї ва башардўстонаи таълиму тарбия дар муассисањои таълимї;
-ягонагии фазои маърифатию фарњангї, рушди фарњанг ва њифзи анъанањои миллї;
-љанбаи инсондўстї, демократї ва давлатию љамъиятии идоракунии соњаи маориф ва шаффофият дар фаъолияти он;
-мустаќилияти муассисањои таълимї;
-раванди муттасили тањсил;
-мувофиќати соњаи маориф ба талабот ва вазифањои рушди иљтимоию иќтисодии Љумњурии Тољикистон;
-рушди соњаи маориф бо назардошти стандартњои байналмилалии сифати таълим ва меъёрњои байналмилалии тањсилот;
-њавасмандгардонии маърифатнокшавии шахс ва инкишофи истеъдоди ў;
-пайдарњамии раванди тањсилот, ки алоќамандии зинањои тањсилот ва ягонагии таълиму тарбияро таъмин месозад;
-њамгироии тањсилот, илм ва истењсолот.
Сохтори низоми маорифро шарњ дињед.
1.Низоми маорифи Љумњурии Тољикистон аз сохторњои зерин иборат мебошад:
-стандартњои давлатии тањсилот;
-барномањои таълимї;
-шакл ва меъёри гирифтани тањсилот;
-маќомоти идоракунии маориф;
-муассисањои таълимї;
-субъектњои раванди таълиму тарбия;
-муассисаю дигар ташкилотњои соњаи маориф;
-иттињодияњои муассисањои таълимї;
-воњидњои сохторї ва дигар сохторњо.
2.Дар низоми маориф инчунин сохторњои дигарро таъсис додан мумкин аст, ки фаъолияти онњо ба вазифањои зерин вобаста мебошанд:
-гирифтани тањсилот ва таъмини он;
-гузаронидани имтињонњои дохилшавї ба муассисањои таълимии тањсилоти олии касбї;
-таќсимоти љойњо дар муассисањои таълимии тањсилоти олии касбї;
-амалї намудани барномањои миллии арзёбї;
-мусоидат барои иштирок дар пажўњишњои байналмилалї;
-мониторинг ва арзёбии дониш аз рўи вазифањои зикршуда бо тартиби муќаррарнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон.
3.Дар низоми маориф метавонанд сохторњои дигаре низ таъсис дода шаванд, ки фаъолияташон ба гирифтани тањсилот ва таъмини он вобаста намебошад.
Муассисањои таълимї дар кадом асос фаъолият карда метавонанд?
муассисањои таълимї дар асоси стандартњои давлатии тањсилот, барномањои таълимї ва иљозатнома фаъолият карда метавонанд.
Соњаи маориф аз љониби кадом маќомот идора карда мешаванд?
Маќомоти идоракунии системаи маориф дар ЉТ аз инњо иборат аст: Њукумати Љумњурии Тољикистон, маќомоти љумњуриявии давлатии идораи маориф, вазорату идорањои ЉТ, ки муассисањои таълимию тарбиявї доранд; маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ва маќомоти худидоракунии мањаллї; идораи маорифи маќомоти мањаллї.
Кафолати давлатии њуќуќи шањрвандон ба тањсил
1.Давлат ба шањрвандони Љумњурии Тољикистон, новобаста ба миллат, нажод, љинс, забон, эътиќоди динї, мавќеи сиёсї, вазъи иљтимої ва молумулкї њуќуќ ба тањсилро кафолат медињад.
2.Давлат ба шањрвандони Љумњурии Тољикистон таълими њатмии умумии асосии ройгонро дар муассисањои таълимии давлатї, инчунин дар доираи фармоишњои давлатї дар асоси озмун ройгон гирифтани тањсилотро дар зинањои минбаъдаи тањсилот кафолат медињад.
3.Њуќуќи шањрванд ба тањсил аз рўи синну сол, вазъи саломатї, мављудияти доѓи судї ва дигар нишонањо метавонад танњо тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мањдуд карда шавад.
4.Шањрвандони Љумњурии Тољикистон, шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрванд барои интихоби муассисаи таълимї ва шакли тањсилот: рўзона, шабона, ѓоибона, оилавї, фарогир, фосилавї ва экстернат њуќуќ доранд.
5.Давлат дар муассисањои таълимии давлатии тањсилоти ибтидоии касбї, миёнаи касбї, олии касбї ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимї як маротиба гирифтани таълими ройгонро кафолат медињад.
6.Давлат таълимгирандагони болаёќатро дастгирї намуда, ба тањсилоти онњо кўмак мерасонад, аз рўи натиљаи таълим барояшон стипендияњои махсуси давлатї муќаррар менамояд ва њангоми зарурат онњоро барои тањсил ба хориља мефиристад.
7.Давлат таъминот ва харољоти таълиму тарбияи кўдакони ятиму бепарастор, кўдакони дорои имконияти мањдуд, маъюбон ва дигар шахсонеро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муайян менамояд, дар муассисањои таълимии давлатї аз њисоби маблаѓи буљетї кафолат дода, пас аз хатми муассисањои таълимї онњоро бо љои кор таъмин менамояд.
8.Давлат барои шањрвандоне, ки муддати тўлонї бо сабаби беморї ба муассисањои таълимии тањсилоти умумї рафта наметавонанд, дар хона ё дар муассисањои тандурустї таълими ройгонро ташкил мекунад.
9.Хатмкунандагони муассисањои таълимї барои идомаи тањсил дар зинањои минбаъдаи тањсилот њуќуќи баробар доранд.
10.Шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрванд барои таълиму тарбияи томактабї, тањсилоти ибтидої, умумии асосї ва миёнаи умумї бо шањрвандони Љумњурии Тољикистон њуќуќи баробар доранд.
Намудњо ва ваќти истироњатро шарњ дихед?
Мутобиќи Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон танафус дар ваќти кор, танафуси байни бастњои корї, рўзњои истироњат, рўзњои ид, рухсатии њарсола.
Шартномањои мењнатї ба кадом муњлат баста мешаванд?
номуайян, муайян вале на бештар аз панљ сол, барои ваќти иљрои кори муайян ва иљрои корњои мавсимї.
Шартнома чист?
Шартнома гуфта созиши ду ё якчанд шахсро меноманд, ки боиси муќаррар кардан, таѓйир ёфтан ё ќатъ гардидани њуќуќ ва уњдадорињои гражданї мегардад.
Асосњои ќатъ гардидани шартномаи мењнатї кадомњоянд?
Шартномаи мењнатиро танњо бо асосњо ва тартиби муќаррарнамудаи дар ќонунгузории мењнатї пешбинишуда бекор намудан мумкин аст, ки онњо чунинанд:
1) бо созиши тарафњо;
2) бо ташаббуси корманд;
3) бо ташаббуси корфармо;
4) бо гузаштани муњлат;
5) њолатњое, ки ба иродаи тарафњо вобаста намебошанд.
Ѓайрињозир (прогул) чист?
Ѓайрињозир (прогул) будан аз љумла дар давоми рўзи корї зиёда аз се соат набудан дар кор бидуни сабабњои узрнок мебошад. Он яке аз асосњои ќатъи шартномаи мењнатї бо ташаббуси корфармо мебошад.
Ваќти корї чист ва намудњои он
Ваќти корї-доираи ваќти бо ќонун муќарраршудаи ваќте ба њисоб меравад, ки дар давоми он корманд тибќи тартибот ё наќшаи кор ё шартњои шартномаи (ќарордоди) мењнатї бояд вазифањои мењнатии худро иљро намояд, мебошад.
Изофакорї чист ва андозаи он чї ќадар аст?
Изофакорї коре мебшад, ки корманд бо амри корфармо зиёда аз давоми ваќти кории њаррўзаи барои корманд муќарраргардида ва ё зиёда аз миќдори муќаррарии соатњои кори давраи бањисобгирї иљро мекунад.
Стандарти давлатии тањсилотро шарњ дињед.
Стандарти давлатии тањсилот 02.04.2009, №206 бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ шуда, системаи ягонаи давлатро дар соњаи маориф таъмин медињад. Маљмўи меъёрњое, ки мазмуни тањсилот, моњияту муњлати таълим, њаљми сарбории таълимї, сатњи азхудкунии донишро аз тарафи таълимгирандагон ифода намуда, талаботи асосї ба таъмини раванди таълим, мазмуну мундариљаи барномањои таълимї ва бањогузории сатњи донишро дар муассисањои таълимї бо назардошти дастовардњои миллї ва умумибашарї муайян мекунанд.
Иќтисодиёти маориф аз куљо сарчашма мегирад?
Иќтисодиёти маориф аз буљети давлат сарчашма мегирад.
Сиёсати давлатиро дар соњаи маориф ва илм, аз љумла таълиму тарбияи томактабї, тањсилоти умумї, ибтидої, миёна, олии касбї, тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимї, тањсилоти иловагї ва фаъолияти илмию тањќиќотї кадом маќомот татбиќ менамояд?
Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон
Сиёсати кунунї ва дурнамои давлатро дар соњаи тарбияи миллии оммаи васеи ањолї, махсусан насли наврас кадом санади меъёрии њуќуќї муайян месозад? Консепсияи миллии тарбия
Консепсияи миллии тарбия дар Љумњурии Тољикистон кай тасдиќ карда шудааст?
Консепсияи миллии тарбия дар Љумњурии Тољикистон бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 марти соли 2006, №94 тасиќ шудааст.
Унсурњои таркибии тарбияи миллї чанд аст ва онњоро номбар кунед.
Унсурњои таркибии тарбияи миллї аз 18 буда, аз инњо иборат аст: тарбияи ѓоявї, тарбияи миллї, тарбияи хештаншиносї ва худогоњии миллї, тарбияи ватанпарастї, тарбияи ахлоќї ва маънавї, тарбияи маърифат, тарбияи њуќуќї, тарбияи гуманистї, тарбияи зебоипарастї, тарбияи мењнатї ва касбинтихобкунї, тарбияи иќтисодї, тарбияи экологї, тарбияи сиёсї, тарбияи љисмонї, тарбияи тафаккури интиќодї, тарбияи тањаммул ва тоќатпазирї, тарбияи масъулиятшиносї, тарбияи њаёти солим.
Муассисањои таълимї дар асоси кадом санади меъёрии њуќуќї фаъолият карда метавонанд?
Дар асоси стандартњои давлатии тањсилот, барномањои таълимї ва иљозатнома
Дурнамои сиёсати давлaтро дар соњаи маълумот кадом санади меъёрии њуќуќї муайян мекунад? Консепсияи миллии маълумот дар Љумњурии Тољикистон.
Консепсияи миллии маълумот дар Љумњурии Тољикистон кай тасдиќ шудааст?
Консепсияи миллии маълумот бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 майи соли 2002, №200 тасиќ шудааст.
Тањсилоти умумї дар чанд зина амалї мегардад?
Дар се зина: ибтидої, умумии асосї ва миёнаи умумї
|
Тибќи меъёр ба њар як хонанда дар синфхона чанд метри квадратї рост меояд?
Тибќи меъёр ба як хонанда 2,5 кв метр рост меояд.
Мувофиќи меъёр дар муассисаи таълимї ба чанд нафар хонанда як компютер рост меояд?
Мувофиќи меъёр бояд ба 15 нафар хонанда як компютер рост меояд.
Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон аз чанд боб ва чанд банд иборат аст?
Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон Тољикистон аз «1» июни соли 2016, №237 бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ гардидааст ва аз 8 бобу 118 банд иборат аст.
Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон кай ќабул шудааст ва чиро танзим менамояд?
Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз «1» июни соли 2016, №237 тасдиќ гардида, дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи маориф” тањия гардида, тартиби фаъолияти муассисањои тањсилоти умумиро, новобаста аз шаклњои моликият ва тобеияти идоравиашон ба танзим медарорад.
Маќсади асосии татбиќи Барномаи рушди муассисањои тањсилоти томактабї ва миёнаи умумии хусусї барои солњои 2014-2020 аз чї иборат аст?
Маќсади татбиќи Барномаирушди муассисањои тањсилоти томактабї ва миёнаи умумии хусусї барои солњои 2014-2020фароњам овардани шароити мусоид барои шарикии амалї байни бахшњои давлатї ва хусусї, дар ин замина бењтар намудани дастрасии кўдакон ба тањсилоти томактабї ва миёнаи умумии босифат ва љавобгўи талаботи муосир мебошад.
Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон дар муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон аз љониби кадоми маќомот тасдиќ ва дар асоси кадом санадњои меъёрии њуќуќї тањия мегардад?
Дастурамали мазкур бо ќарори мушовараи Вазорати маориф ва илм тасдиќ ва дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи маориф”, Стандарти давлатии тањсилоти миёнаи умумї дар Љумњурии Тољикистон ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї тањия гардидааст. Анљоми соли тањсил ва тартиби гузаронидани аттестатсияи хонандагон дар муассисањои тањсилоти умумї бо фармоиши вазири маориф ва илм ба расмият дароварда мешавад.
Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми имсолаи худ ворид кардани омўзиши кадом ќонунњои Љумњурии Тољикистонро дар барномањои муассисањои таълимї дастур дод.
Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Вазорати маориф ва илм супориш дод, ки омўзиши Кониститутсияи Љумњурии Тољикистон, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон” ба барномањои таълимї ворид карда шавад.
Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2013-2017 дар кадом асос тањия гардидааст?
Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2013-2017 дар асоси Наќшаи чорабинињо љињати татбиќи нишондодњое, ки дар Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 20 апрели соли 2011 баён гардидаанд, бо маќсади такмили низоми тарбия дар Љумњурии Тољикистон таъмини робитаи доимї миёни падару модар, муассисањои таълимї ва ањли љомеа дар тарбияи насли наврас мутобиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" тањия гардидааст.
Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чиро ба танзим медарорад?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падарумодар дар таълиму тарбияи фарзанд» масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандро танзим менамояд.
Тањсилоти махсусро шарњ дињед.
Тањсилоти махсус њамчун ќисми тањсилоти Љумњурии Тољикистон буда, тарбияи кўдакону наврасонеро ба уњда дорад, ки иллатњои љисмонї ва рўњї доранд, ё рафтори онњо ба љамъият хавфнок аст. Барои таълимгирандагони муассисањои таълимии тањсилоти махсус стандартњои махсуси давлатии тањсилот ва барномањои махсуси таълимї тањия, тасдиќ ва љорї карда мешаванд.
Адабиёти таълимї чист?
Асарњои хаттї ва чопї, ки њамчун воситаи таълимї барои њамаи зинањои тањсилот, такмили ихтисос, бозомўзї ва тањсилоти иловагї интишор меёбанд.
Аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимиро шарњ дињед.
Муайян кардани маќоми муассисаи таълимї барои пешбурди фаъолияти таълимї мутобиќи стандартњои давлатии тањсилот.
Аттестатсияи давлатии муассисаи таълимиро шарњ дињед.
Муайян кардани мутобиќати заминаи моддию техникї ва кадрии муассисаи таълимї ба талаботи стандартњои давлатии тањсилот ва мутобиќати фаъолияти муассисаи таълимї тибќи меъёрњои муќарраршуда.
Барномаи таълимї чист?
Њуљљате, ки дар он мазмуни фанни таълимї, маќсаду вазифањо, тарзи ташкили раванди таълим, талабот ба сатњи донишу мањорат ва малакаи таълимгиранда ифода ёфтаанд.
Китоби дарсї чист?
Воситаи таълимие, ки тибќи барномаи таълимї асосњои соњаи муайяни илмро пайдарњам ифода менамояд.
Дар бораи маблаѓгузории сарикасї маълумот дињед.
Маблаѓгузорие мебошад, ки дар асоси меъёрњои њадди аќалли маблаѓгузорї тартиб дода шуда, вобаста ба намуд ва шакл, зинаи тањсилот, мањалли љойгиршавии муассисаи таълимї ба сари њар як таълимгиранда ва муассисаи таълимї муайян ва таќсим карда мешавад.
Барои чї мактаби (синфи) камнуфус мегуянд?
Муассисаи таълимие (синфе), ки дар мањалњои камањолї барои бо тањсил фаро гирифтани шумораи ками хонандагон таъсис дода мешавад.
Машѓулияти инфиродї чист?
Шакли таълим бо истифодаи тарзњои гуногуни таълими инфиродї, ки ба хонанда дониши иловагї медињад.
Муассисаи таълимї чист?
Ташкилоти таълимии давлатї ва ѓайридавлатї, новобаста ба шакли ташкилию њуќуќї, ки раванди муттасили таълиму тарбияро ба роњ монда, як ё якчанд барномањои таълимиро амалї мегардонад.
Муассисаи таълимии махсус чист?
Ташкилоте, ки дорои шароити муайяни таълиму тарбия ва муњити махсуси педагогї буда, офияти тиббию иљтимої, тањсилу касбомўзии кўдаконеро, ки ба табобати тўлонї эњтиёљ доранд, гирифтори иллати љисмонї ё равонї мебошанд ва ё рафтори онњо барои љамъият хавфнок аст, таъмин менамояд.
Дар бораи муассисаи томактабї маълумот дињед.
Ташкилоте, ки барои кўдакони синни томактабї пешбинї шуда, онњоро бо таълиму тарбияи аввалия фаро мегирад.
Наќшаи таълимї чист?
Њуљљате, ки омўзиши фанњои таълимї ва таќсимоти солонаи онњоро барои тамоми давраи тањсил дар муассисањои таълимї муайян менамояд.
Низоми маорифро шарњ дињед.
Маќомоти идоракунии маориф, муассисањои таълимї, субъектњои раванди таълиму тарбия, муассисаю дигар ташкилотњои соњаи маориф, иттињодияњои муассисањои таълимї, воњидњои сохторї ва дигар сохторњое, ки дар асоси стандартњои давлатии тањсилот маљмўи барномањои таълимї ва сиёсати давлатиро дар соњаи маориф амалї менамоянд.
Омўзгор кист?
Шахси дорои тањсилоти касбї, ки ба таълиму тарбия машѓул мебошад.
Тарбия чист?
Раванди маќсадноки ба воя расонидани кўдак аз љониби падару модар (шахсони онњоро ивазкунанда), муассисаи таълимї, љамъият ва ба зиндагии мустаќилона омода намудани ў.
Таълим чист?
Фаъолияти муштараки падару модар (шахсони онњоро ивазкунанда), омўзгор ва муассисаи таълимї барои инкишофи кўдак, такмили истеъдод, мањорат, малака ва ќобилияти фикрию љисмонии ў.
Тарбиягиранда кист?
Кўдаке, ки дар муассисањои томактабї бо тарбия ва таълим фаро гирифта шудааст.
Таълимгиранда кист?
Тарбиягиранда, хонанда ва шунавандаи муассисаи таълимї.
Тањсилоти фарогирро шарњ дињед.
Барои кўдакон, новобаста ба љинс, нажод, забон, миллат, эътиќоди динї, иллати љисмонї ё равонї, ќобилият, вазъи фарњангї ва иљтимої муњайё кардани шароити мусоид љињати гирифтани тањсилот.
Мазмуни маќоми омўзгор дар кадом моддаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи маориф” омадааст ва онро шарњ дињед.
Мазмуни маќоми омўзгор вобаста ба хусусиятњои касбї маљмўи омилњои зеринро, ки маќоми омўзгорро дар љамъият муайян менамоянд, дар бар мегирад:
- ќадру ќимати касби омўзгорї;
- талабот ба меъёрњои тайёрии касбї ва мањсули мењнати омўзгор;
- дараљаи эътироф ва дастгирии омўзгор аз тарафи давлат;
- њурмату эњтироми омўзгор дар љамъият, муассисаи таълимї, оила ва байни таълимгирандагон;
- шароити таъминоти моддии омўзгор;
- њолати њифзи њуќуќї ва кафолатњои њифзи иљтимоии омўзгор.
Њуќуќњои омўзгорон ва дигар кормандони соњаи маориф дар кадом моддаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи маориф” омадааст ва онро шарњ дињед.
1. Омўзгорон ва дигар кормандони соњаи маориф њуќуќ доранд:
- шаъну шарафи касбии худро њифз намоянд;
- фаъолияти касбї, такмили ихтисос ва бозомўзии худро тањким бахшанд;
- барои мутолиа ва рушди мањорати касбии худ шароит муњайё намоянд;
- ташаббус ва таљрибаи пешќадами худро дар амал татбиќ намоянд;
- шаклу усулњои самарабахши таълимро интихоб ва татбиќ кунанд;
- барои такмили мањорати касбї бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аз рухсатии эљодї истифода намоянд.
2. Омўзгорон ва дигар кормандони соњаи маориф дорои дигар њуќуќњое низ мебошанд, ки онњоро ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муайян намудааст.
Моддаи 51 Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи маориф” (уњдадорињо ва масъулияти омўзгорон ва дигар кормандони соњаи маориф)-ро шарњ дињед.
Омўзгорон ва дигар кормандони соњаи маориф дар раванди таълиму тарбия уњдадорињои зеринро доранд:
- оиннома, ќоидањои тартиботи дохилии муассисаи таълимиро риоя намоянд;
- сатњи дониш, љањонбинї, мањорат ва малакаи касбии худро такмил дињанд;
- азхудкунии барномањои таълимию илмиро дар асоси стандартњои давлатии тањсилот аз таълимгирандагон талаб намоянд;
- дарсњои назариявї, амалї, таљрибавї, истењсолї ва дигар намуди дарсњо ва машѓулиятњоеро, ки барномањои таълимї ва ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муайян намудаанд, дар сатњи баланди касбї гузаронида, аз усулњои фаъоли таълим истифода баранд, бесабаб аз фаъолияти омўзгорї худро дар канор нагиранд;
- таълимгирандагонро аз амалњои зўроварии љисмонию равонї њифз намоянд ва барои пешгирии истеъмоли нўшокињои спиртї (аз љумла оби љав), воситањои нашъадор ва моддањои психотропї, мањсулоти тамоку (аз љумла нос) ва маводи сахттаъсир корњои таблиѓотї баранд;
- аз доираи мавзўе, ки барномаи таълимї муќаррар намудааст, берун набароянд;
- дар ваќти дарс аз телефони мобилї истифода набаранд;
- вобаста ба имконот дарсњои кушод ташкил карда, падару модарони (шахсони онњоро ивазкунандаи) таълимгирандагонро барои шинос шудан бо мањорати касбии худ љалб намоянд;
- меъёрњои санљиш ва бањогузориро ба дониши хонандагон ва донишљўён дар раванди дарс риоя намоянд;
- журнали синфї (гурўњї) -ро дар доираи муќаррарот пур намоянд;
- ашёи таълимї, таљњизот ва маводи таълимиро њифз карда, таълимгирандагонро дар њамин рўњия тарбия намоянд;
- бо маќсади такмили мањорати касбї њар 5 сол аз такмили ихтисос гузаранд;
- меъёрњои забони давлатиро риоя намоянд;
- дар ваќти дарс ва берун аз он аз алфози ќабењ худдорї намоянд;
- аз тарѓиби ѓояњои бегона ва ташвиќи њар гуна масъалањое, ки аз доираи мавзўи дарс берун аст, худдорї намоянд;
- ба дарс тайёрии амиќ дида, санљиши дафтарњоро љиддї гузаронанд;
- дар раванди фаъолияти худ аз таљрибаи пешќадам истифода намуда, ба таълифи маќолањои илмї, назариявї ва методї љиддї муносибат намоянд;
- вобаста ба ќобилият китобњои дарсї, методї, назариявї ва дастурњои методї тањия намоянд;
- маводи нави илмї, таълим, методї, рўзнома, маљалла, китобњои бадеї, оммавї, илмї ва назариявиро пайваста мутолиа намоянд;
- маводи таълимї, конспект, наќшањои таќвимї, лексияњо ва корњои санљишиву озмоишии хаттии худро дар сатњи касбї дар доираи меъёрњои мављуда тањия ва тасдиќ намоянд;
- барои инкишофи мањорат ва малакаи хаттї ва нутќи шифоњии таълимгирандагон кўшиш намоянд;
- барои дар озмунњои (олимпиадањои) ноњиявї, шањрї, вилоятї, љумњуриявї ва байналмилалї иштирок намудани таълимгирандагон саъю талош намоянд;
- ќобилияти зењнї, илмї, тањќиќотї, ихтироъкории таълимгирандагонро муайян намуда, нисбат ба онњо ѓамхорї кунанд;
- барои рушди камолоти таълимгирандагон шароит фароњам оваранд;
- аз таълимгирандагон њамроњи худ овардани маводи таълимиро талаб карда, омодагии онњоро ба дарс, машѓулиятњои таълимї назорат намоянд, онњоро ба хондани китобњои илмию бадеї, рўзномаю маљаллањо ташвиќ намуда, барои рушди љањонбинии онњо тадбирњо андешанд;
- услуби коргузорї ва истифодаи технологияњои нави иттилоотиву коммуникатсиониро омўзанд ва таълимгирандагонро ба омўзиши онњо ташвиќ намоянд;
- санљишу имтињонњои ќабул ва љориро аз рўи меъёрњои муайянгардида гузаронида, дар ваќти бањогузорї ба амалњои субъективї роњ надињанд;
- аттестатсияи хатм ва имтињонњои хатмро дар доираи талаботе, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муайян намудааст, ташкил намуда, ба дониши таълимгирандагон бањои воќеї гузоранд;
- рўзномаи хонандагон ва дафтарњои санљишии донишљўёнро санљида, бањои дар журнал ва вараќаи имтињонї ќайдгардидаро ба онњо гузаронанд;
- дарсњои худро дар кабинетњои фаннї бо тартиби муќарраршуда ба роњ монанд;
- иштироки таълимгирандагонро дар корњои љамъиятї, мањфилњои илмї, адабї, эљодї ва дигар мањфилњо таъмин намуда, ба фаъолона ширкат варзиданашон мусоидат намоянд;
- таълимгирандагонро дар рўњияи эњтироми падару модар (шахсони онњоро ивазкунанда), њамсолон, насли калонсол, арзишњои фарњангию миллї, таърихї ва рамзњои давлатии Љумњурии Тољикистон тарбия кунанд;
- љалби таълимгирандагонро ба ташкилотњои хонандагон ва донишљўён таъмин карда, онњоро дар рўњияи ватандўстї, риояи ќонун ва эњтиром ба њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, расму ойин, муњити зист ва риояи тарзи њаёти солим тарбия намоянд;
- корњои илмї, эљодии адабї, ихтироъкорї, татбиќи лоињањои инноватсионї ва дигар корњои таълимгирандагонро роњнамої намуда, барои рушди ќобилияти зењнии онњо шароит муњайё намоянд;
- нисбат ба хонандагон ва донишљўёне, ки тартиботи дохилии муассисаи таълимиро халалдор менамоянд, ба дарсњо бе тайёрї меоянд ва сару либоси тавсиявиро намепўшанд, маъмурияти муассисаи таълимї ва падару модар (шахсони онњоро ивазкунанда) -ро сари ваќт тариќи хаттї ё шифоњї огоњ намоянд;
- нисбат ба таълимгирандагоне, ки аз тањсил саркашї намуда, аз хондан дур мемонанд, падару модар (шахсони онњоро ивазкунанда), роњбарияти муассисаи таълимї ва маќомоти дахлдорро сари ваќт тариќи хаттї ё шифоњї огоњ намоянд;
- дар тањия ва омода намудани иншо, кори санљишї, корњои хаттии эљодиву илмї, реферат, кори курсї, тањќиќоти илмї, рисола, лоињаи дипломї ва инноватсионї ба таълимгирандагон роњбарї намоянд;
- дафтарњои фаннии таълимгирандагонро назорат намуда, маводи хаттиро аз рўи меъёрњои муќарраргардида бањогузорї намоянд.
Масъулияти омўзгорон ва дигар кормандони соњаи маориф оид ба таълиму тарбия кадомњоянд?
- ба истеъмоли нўшокињои спиртї (аз љумла оби љав), воситањои нашъадор ва моддањои психотропї, мањсулоти тамоку (аз љумла нос) ва маводи сахттаъсир дар муассисаи таълимї роњ надињанд;
- ба хонандагон ва донишљўён маслињати методї ва илмї дода, дигар хизматрасонии таълимиро амалї намоянд;
- дар ваќти корї ва раванди дарс бесабаб аз муассисаи таълимї берун нараванд;
- ќобилияти иљтимої ва љисмонии хонандагон ва донишљўёнро ба манфиати шахсї истифода набаранд;
- уњдадорињои роњбари синф (гурўњ) -ро дар доираи меъёрњои муќарраршуда иљро карда, бо падару модар (шахсони онњоро ивазкунанда) робита барќарор намоянд;
- ба намуди зоњирии худ диќќат дода, дар муассисаи таълимї либоси тавсиявиро пўшанд, таълимгирандагонро дар рўњияи зебопарастї тарбия кунанд;
- њуќуќњои таълимгирандагонро риоя карда, ќадру эътибори онњоро паст назананд;
- одобу ахлоќи омўзгориро риоя намоянд.
3. Омўзгорон ва дигар кормандони соњаи маориф оид ба таълиму тарбия ўњдадорї ва масъулиятњои дигареро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, оинномаи муассисаи таълимї ва санадњои дохилии он пешбинї намудаанд, ба зимма доранд.
Њифзи шаъну шарафи омўзгор дар кадом моддаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи маориф” омадааст ва онро шарњ дињед.
Њифзи шаъну шарафи омўзгор дар моддаи 52 Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи маориф” омадааст.
1. Шаъну шарафи омўзгор тањти муњофизати давлат ќарор дорад.
2. Дахолати ѓайриќонунии маќомоти давлатї ва шахсони мансабдор ба фаъолияти омўзгор манъ аст.
3. Санљиши фаъолияти омўзгор ва бањогузорї ба кори ў танњо ба маќомот ва шахсони ваколатдор, ки мутобиќи санадњои меъёрии њуќуќии дахлдор муайян шудаанд, иљозат дода мешавад.
4. Аз иљрои вазифаи касбї бе асосњои муайяннамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дур кардани омўзгорон ва дигар кормандони соњаи маориф манъ аст.
5. Назорати фаъолият ва аттестатсияи омўзгорон тибќи низомномањое, ки маќомоти дахлдори давлатї тасдиќ намудаанд, амалї карда мешавад.
6. Фаъолияти касбии омўзгор танњо дар доираи касбї, аз љониби шахсон ва маќомоти дахлдори давлатии соњаи маориф баррасї карда мешавад. Њангоми љой доштани камбудињо дар фаъолияти касбии омўзгор шахсияти ў набояд тањќир карда шавад ва ба фаъолияти ў воќеъбинона ва беѓаразона бояд бањо дода шавад.
7. Камбудињои содиркардаи омўзгор танњо пас аз санљиши касбии маќомоти дахлдори давлатї мавриди баррасї ќарор дода мешавад. Санљиши фаъолияти омўзгорро танњо дар асоси мурољиати хаттї ё санади тартибдодаи маќоми (шахси) ваколатдор оѓоз кардан мумкин аст.
8. Омўзгор њуќуќ дорад дар хусуси бањогузории нодуруст ба фаъолияташ ба маќомоти дахлдори давлатї ва ё суд мурољиат кунад ва љуброни зарари моддї ва маънавии ба ў расонидашударо талаб намояд.
Имтиёзњои омўзгорон ва дигар кормандони соњаи маориф дар кадом моддаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи маориф” омадааст ва онро шарњ дињед.
Имтиёзњои омўзгорон ва дигар кормандони соњаи маориф дар моддаи 53 Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи маориф” омадааст.
1. Омўзгорон ва дигар кормандони соњаи маориф дорои чунин имтиёзњо мебошанд:
- мўњлати даъвати омўзгорон ба хизмати њарбї ба таъхир гузошта шавад;
- ба рухсатии эљодї бо нигоњ доштани музди мењнат бароянд;
- њангоми беморї бо тартиби муќаррарнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон бо доруворї ва табобати ройгон таъмин гарданд;
- аз хизматрасонии коммуналї ройгон ё имтиёзнок истифода баранд, ки тартиби онро Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар менамояд;
- барои дастовардњо дар фаъолияти омўзгорї ва тарбияи насли наврас бо мукофотњои соњавї, давлатї ва унвонњои фахрї сарфароз гардонида шаванд;
- барои мењнати шоиста ва дастовардњои педагогию илмї ба њавасмандии моддї ва маънавї сарфароз гардонида шаванд;
- омўзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатї бо манзили истиќоматї таъмин карда мешаванд ё ба бењтар намудани шароити манзилиашон эњтиёљ доранд, бо тартиби муќаррарнамудаи Кодекси манзили Љумњурии Тољикистон дар навбати аввал бо хонаи истиќоматї ё ќитъаи замин барои сохтмони манзили истиќоматї таъмин карда мешаванд;
- ба омўзгорони муассисањои таьлимї, ки бори аввал хонаи истиќоматї месозанд, тибќи ќонунгузорї аз њисоби маблаѓи ѓайрибуљетї ё ташкилотњои ќарздињанда ќарзњои бефоиз ё имтиёзноки барои омўзгор ќобили ќабул муќаррар карда мешаванд;
- барои омўзгороне, ки дар хонањои истиќоматии фонди манзили давлатию љамъиятї зиндагї мекунанд, дар сурати доштани собиќаи кории омўзгории на камтар аз 15 сол манзили истиќоматиашон ройгон хусусї карда мешавад;
- бо пешнињоди хулосаи тиббї роњхатњои ройгону имтиёзноки муассисањои табобатию истироњатї, инчунин сайёњию туристиро бо тартиби муќаррарнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон истифода кунанд;
- омўзгорони љавон дорои имтиёзњои иловагї мебошанд, ки онњоро тибќи ќонунгузорї Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян менамояд;
- бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аз њуќуќи истифодаи рухсатии дарозкардашудаи пардохтшаванда истифода намоянд;
- омўзгороне, ки собиќаи кории бефосилаи на камтар аз 25 сол доранд, бо хоњиши худашон метавонанд ба нафаќа бароянд ва дар асоси шартнома дар муассисаи таълимї ё дигар соња кор кунанд;
- омўзгороне, ки бемории музмин доранд, баъди на камтар аз њар 10 соли кори муттасили омўзгорї ба рухсатии дарозмуддати то яксолаи пардохтшаванда њуќуќ доранд. Номгўи беморї, тартиб ва шарти пардохти музди рухсатии дарозмуддат аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян карда мешаванд;
- барои омўзгорони љавоне, ки дар дењот фаъолият менамоянд, барои 3 сол иловапулї ба маош муќаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян менамояд;
- барои омўзгорон ва дигар кормандони соњаи маориф, ки дар муассисањои таълимии низомаш махсус фаъолият менамоянд, иловапулї ба маош муќаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян менамояд.
2. Омўзгорон ва дигар кормандони муассисањои таълимии ѓайридавлатї аз имтиёзњое, ки барои омўзгорон ва дигар кормандони муассисањои таълимии давлатї пешбинї шудаанд, њуќуќи баробар истифода бурданро доранд.
Намудҳои муассисаҳои томактабиро номбар кунед.
Ширхоргоҳ, ширхоргоҳ-кӯдакистон, кӯдакистон, кӯдакистон-мактаби ибтидоӣ, хонаи кӯдакон, муассисаи таълимии дорои гурӯҳҳои омодагии пешазмактабӣ, маркази инкишофи кӯдак, кӯдакистони хусусӣ, кӯдакистони оилавӣ, кӯдакистони навъи тавонбахшӣ.
Субъектҳои раванди таълиму тарбия дар соҳаи таҳсилоти томактабиро номбар кунед.
Тарбиягирандагон, мураббиён, падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда).
Вазифаҳои асосии таълиму тарбияи томактабӣ кадомҳоянд?
Ташаккули инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии кӯдакони синфи томактабӣ;ташаккули шахсият ва гузоштани замина барои таҳсил дар муассисаи таҳсилоти умумӣ;тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, муҳаббат ба Ватан, рамзҳо ва забони давлатӣ, муносибати бошуурона ба муҳити зист.
Фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ тибқи кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад?
Фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ тибқи Конститутсияи ҶТ, қонуни ҶТ “Дар бораи маориф”, қонуни ҶТ “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ” Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ, Низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ дар ҶТ ва оинномаи муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда мешавад.
Тартиби таҳия, барасмиятдарорӣ ва тасдиқи оинномаи муассисаи томактабиро зикр намоед.
Оиннома дар асоси Низомнома таҳия гардида, дар Шӯрои педагогӣ баррасӣ ва аз ҷониби муассис (Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ) тасдиқ карда мешавад.
Мақоми олии идоракунии муассисаи томактабї кадом аст, вазифаи он аз чї иборат аст ва ба ҳайати он киҳо дохил мешаванд?
Мақоми олии идоракунии муассисаи томактабӣ Шӯрои педагогӣ буда, ба ҳайати он мудир, мураббиён, ҳамшираи тиббӣ, роҳбари мусиқӣ ва раиси кумитаи падару модарон дохил мешаванд. Вазифаи он назорати раванди таълиму тарбия, рафти иҷрои қонун, қарорҳои ҳукумат ва барномаҳои давлатӣ, муайян кардани самтҳои рушди муассиса мебошад.
Тартиби таҳия ва тасдиқи нақшаи кори муассисаи таълимиро қайд намоед.
Нақшаи кори муассисаи томактабӣ аз ҷониби роҳбари он таҳия гардида, дар Шӯрои педагогӣқабул ва аз ҷониби мақомоти маҳаллии идоракунии маориф тасдиқ карда мешавад.
Қонуни ҶТ “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ” Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ, Низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ дар ҶТ кай қабул карда шудаанд?
Қонуни ҶТ “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ” 28 декабри 2015, №1056 Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ 30 декабри 2014, №785 , Низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ 29 апрели 2015, №256 қабул карда шудааст.
Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” кай қабул карда шудааст ва кадом моддаи он дар бораи таҳсилоти томактабӣ мебошад?
Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” 22.07.2013 қабул кардда шуда, моддаи 15 таълиму тарбияи томактабиро дар бар мегирад.
Тибқи қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” масъулият ва уҳдадорӣ барои таъмини инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва зеҳнии кӯдак, инчунин омодагии ӯ ба муассисаи таҳсилоти умумӣ бар дӯши кист?
Барои таъмини инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва зеҳнии кӯдак, инчунин омодагии ӯ ба муассисаи таҳсилоти умумӣ муассисаи таълими ва падару модар масъул ва уҳдадор мебошанд.
Тартиби аттестатсияи кормандони соњаи омўзгорї ва илмии муассисањои таълимии Љумњурии Тољикистон кай тасдиќ шудааст ва онро шарњ дињед.
Тартиби аттестатсияи кормандони соњаи омўзгорї ва илмии муассисањои таълимии Љумњурии Тољикистон бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 7 июни соли 2017, №281 тасдиќ шудааст. Тартиби мазкур дар асоси моддаи 32Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф» тањия гардида, тартиби гузаронидани аттестатсияи кормандони соњаи омўзгорї ва илмии муассисањои таълимї, аз љумла кормандони раёсатњо ва шуъбањои маориф, роњбарон, омўзгорон, мураббињо ва дигар мутахассисони (минбаъд аттестатсияшаванда) муассисањои тањсилоти томактабї, муассисањои тањсилоти умумї (ибтидої, умумии асосї, миёнаи умумї), тањсилоти иловагї, тањсилоти махсус, муассисањои таълимї барои кўдакони ятиму бепарастор ва муассисањои дигаре, ки раванди таълиму тарбияи тањсилоти миёнаи умумиро, сарфи назар аз шакли моликияташон, амалї мегардонанд (минбаъд - муассисањои таълимї), муќаррар менамояд.
Тартиби таќсимот ва бо љои кор таъмин намудани мутахассисони љавон кай тасдиќ шудааст ва онро шарњ дињед.
Тартиби таќсимот ва бо љои кор таъмин намудани мутахассисони љавон бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 27 майи соли 2017, №262 тасдиќ шудааст. Тартиби мазкур дар асоси моддањои 24 ва 32Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф» тањия гардида, тартиби таќсимот ва бо љои кор таъмин намудани мутахассисони љавонро дар Љумњурии Тољикистон муайян менамояд. Таќсимот ва бо љои кор таъмин намудани мутахассисони љавон, ки аз њисоби буљети давлатї муассисањои тањсилоти миёна ва олии касбиро хатм намудаанд, тибќи Тартиби мазкур ба роњ монда мешавад.
Ба сохтори хадамоти методии муассиса чињо дохил мешаванд?
Кабинети методї, Шўрои методї ва иттњодияњои методї.
Шўрои методї кай ва аз њисоби кињо таъсис меёбад ва кадом маќомро дорост?
Шўрои методї дар сурати аз 3 ва ё зиёда мављуд будани иттињодияи методї дар муассисањои тањсилоти умумї аз њисоби омўзгорони навовару эљодкор, роњбарони иттињодияњои методї, китобдор таъсис ёфта, маќоми машваратї – маслињатї дошта, дар назди Шўрои педагогї њисоботдињанда мебошад.
Фаъолияти Шўрои методї аз кадом самтњо иборат аст?
Аз њамоњангсозии корњои методї, рушди мазмуни тањсилот, ташкилу мураттабсозї ва расмї кунонидани барномањои озмоишї, маводи методї, наќшањои таќвимї-мавзўъњои омўзгорон, наќшаи фаъолияти иттињодияњои методї ва наќшаи кории муассиса мебошад.
Вазифњои Шўрои методї аз чї иборат аст?
Ташкили гурўњи пуриќтидори њамфикрон, ки анъанањои бењтарини муассисаи таълимиро њифз намуда, бањри рушди иќтидори эљодии коллективи педагогї равона карда шудааст.
Шаклњои фаъолияти Шўрои методиро номбар кунед?
Ташкил ва баргузор намудани љамъомади шўро, назорати мунтаззами фаъолияти иттињодияњои методї, семинар ва практикумњо, чорабинињои гуногуни методї дар муассисаи таълимї.
Наќшаи кори Шўрои методиро кї тањия мекунад ва дар куљо тасдиќ карда мешавад?
Наќшаи кори Шўрои методї аз љониби раиси Шўро тањия гардида, дар љаласаи Шўрои педагогї тасдиќ карда мешавад.
Љаласаи Шўрои методї кай гузаронида мешавад ва аз фаъолияти худ ба куљо њисобот медињад?
Тибќи Низомномаи он љамъомади Шўрои методї дар ду моњ як маротиба ва дар њолатњои зарурї ѓайринавбатї гузаронида мешавад.Шўрои методї дар назди љаласаи Шўрои педагогї њисобот медињад.
Самтњои фаъолияти иттињодияи методиро кадом њуљљатњо ба танзим медароранд ва дар њолати чанд омўзгори фанни таълимї ва ихтисосњои бо њам наздик будан он таъсис дода мешавад?
Самтњои фаъолияти иттињодияи методиро Оинномаи муассиса, Низомномаи Шўрои методї ва Низомномаи иттињодияњои методии омўзгорони фаннї ба танзим медароранд. Дар њолати се омўзгор будан он таъсис дода мешавад.
Иттињодияи методї кадом салоњиятњоро дорост?
Иттињодияи методї ваколати машваратї ва тавсиядињиро дорад. Наќшањои таќвимии омўзгорон, мањфилњои фанниро баррасї намуда барои тасдиќ пешнињод менамояд. Дар ду моњ як бор љаласа доир менамояд. Омўзгорони пешќадам, эљодкор ва навоварро ба мукофотњо пешнињод менамояд.
Иттињодияи методї бояд кадом њуљљатњоро дошта бошад?
Наќшаи кори солона, ки роњбари иттињодияи методї онро ќобили ќабул донистааст. Протоколи љаласа, љузвдон, ки бояд њуљљатњои зеринро дошта бошад: бонки маълумот, наќшаи солонаи кор, наќшаи дурнамои аз курсњои бозомўзї ва аттестатсия гузаштан, наќшаи дарсњои кушод, маълумотномањо, дафтари сањифабандишудаи протоколњои љаласа ва ѓайра.