- Иҷроиши дастури Роҳбари давлат -

ТАҲЛИЛИ НАТИҶАҲОИ ДОХИЛШАВӢ БА МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ
Имрӯз, дар ноҳияи Дӯстӣ ҷаласа бо иштироки сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, муовини раиси ноҳияи мазкур, мудири шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ, ҷонишинони директор, раисони кумитаи падару модарони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.
Ҳадаф аз ташкили ҷаласа иҷрои дастури Роҳбари давлат аз суханронӣ дар "Рӯзи дониш ва дарси сулҳ" оид ба беҳтар намудани корбарӣ ҷиҳати дохилшавии хатмкунандагон тариқи Маркази миллии тестӣ ба макотиби олии кишвар мебошад.
Дар ҷаласа вазъи омодагӣ барои бақайдгирӣ дар Маркази миллии тестӣ ва натиҷаи дохилшавӣ аз соли таҳсили гузашта ба риштаи таҳлил кашида шуда, барои беҳтар намудани раванди кор дар ин росто ба мудири шуъбаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва дигар масъулон дастуру супориш дода шуд.
Гуфта шуд, ки тибқи таҳлил натиҷаи дохилшавӣ ба макотиби олӣ ва миёнаи махсус аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Дӯстӣ нисбати солҳои қаблӣ беҳтар мебошад.

 




 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло