БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

10 феврали соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз сохтмони бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дидан кард.
Зимни боздид ба вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 оғоз гардида, он аз 3 ошёна бо утоқҳои кории кормандон, маҷлисгоҳ ва меҳмонхона ибора мебошад. Бинои нави шуъбаи маориф моҳи июни соли равон ба истифода дода мешавад.
Раҳим Саидзода дар рафти шиносоӣ ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, қайд намуд, ки дар доираи дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалишавии барномаҳои давлатии самти маориф маблағгузорӣ ба соҳа сол то сол меафзояд. Ин моро водор месозад, ки ҳамасола теъдоди зиёди биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва шуъбаҳои маорифро сохта ба истифода диҳем, ки ин дар беҳтар гардидани шароити таҳсили хонандагон, кору фаъолияти омӯзгорон ва аҳли маорифи кишвар таъсиргузор аст.
Дар охир вазири маориф ва илм ба шахсони масъул дастур дод, ки сохтмони бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро дар вақти муайянгардида тибқи талаботҳои муайяншуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд.



 

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло