БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ

18 январи соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Дар он муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва сардори шуъбаи маорифи шаҳри Истаравшан иштирок намуданд.
Нахуст вазири маориф ва илм ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, иброз дошт, ки соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, сол то сол маблағгузорӣ ба соҳаи маориф афзоиш меёбад, ки он барои рушди соҳа шароити мусоид фароҳам меорад.
Сипас ҳисоботи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Истаравшан С. Аминзода оид ба “Вазъи маорифи шаҳри Истаравшан дар соли 2023” шунида шуд.
Раиси ҷаласа зимни баррасии масъалаи мазкур қайд намуд, ки мувофиқат ва пешниҳоди дурусти маълумотҳои оморӣ, ҷалб ва дастгирии омӯзгорони ҷавон, ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба ҷои кор, бартараф намудани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдак, сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, ташкили махзани маълумотҳои оморӣ, азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимӣ, таъмини хонандагон бо маводҳо ва китобҳои дарсӣ, дохилшавии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии дохил ва хориҷи кишвар, тарбияи ватандӯстии хонандагон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, зиёд намудани иштирокчиёни озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, беҳтар ба роҳ мондани давраи зимистонгузаронӣ шароити мусоидро дар рушди соҳаи маорифи шаҳри Истаравшан ва дар кул, рушди соҳаи маорифи тамоми ҷумҳурӣ фароҳам меорад. Аз ин рӯ масъулини соҳаи маорифро мебояд, ки вобаста ба масъалаҳои болозикр ва бартараф намудани норасоиҳо чораҳои таъхирнопазирро андешанд.
Дар охир, вазири маориф ва илм бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло