- Омӯзгорон бетараф нестанд -

НАЗОРАТИ БЕРУНАЗСИНФӢ ВА ФАЪОЛШАВИИ ХОНАНДАГОН
Дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Кӯшониён низ гурӯҳи кории омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ пас аз соатҳои дарсӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи падару модарон аз ҳолати дарстаёркунии хонандагон дар шароити хона дидан карда истодаанд.
Ҳамзамон, бо падару модарон оид ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва озмуни вилоятии "Оилаи масъулиятшинос" сӯҳбат ороста, онҳоро ба ҳамкории зич бо муассисаи таълимӣ даъват намуда истодаанд.
Ташкили гурӯҳҳои корӣ ва дидан кардани омӯзгорон аз ҳолати дарстаёркунии хонандагон дар шароити хона таъсири хуб расонида, фаъолнокии толибилмонро дар муассисаи таълимӣ беҳтар мекунад.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло