Ташаббусҳои нав дар соҳаи маорифи вилоят

Бо андешидани тадбирҳои мушаххас ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии хонандагон як қатор озмунҳо ташкил ва баргузор гардид. Аз ҷумла, озмунҳои вилоятии “Ифтихори ватандорӣ” дар ҳамкории муштарак бо Раёсати Кумитаи давлатии аминияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, “Беҳтарин донандаи кодексҳои ҷиноятӣ”, “Оилаи масъулиятшинос” дар ҳамкории муштарак бо Раёсати Вазорати корҳои дохилаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, “Беҳтарин директори муассисаи таълимӣ” барои дарёфти ҷоизаи ба номи Соҳиб Табаров, Форуми “Омӯзгори навовар” дар ин Форум 29 лоиҳа аз тарафи омӯзгорони ҷумҳурӣ пешниҳод гардида, ғолиби ин озмун омӯзгори муассисаи таълимии №2-и ноҳияи Данғара Маҳмадиева Назокат эълон шуда, роҳхат ба даври байналмиллалӣ гирифта, дар давлати Португалия номи омӯзгорони Тоҷикистонро баланд бардошт, “Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд” бо мақсади дар ҳамбастагӣ бо созмону ташкилотҳои ҷамъиятию байналмиллалӣ, рушду таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимию тарбиявии соҳаи маориф,  кӯмаку ёрии техникӣ ба раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани фаъолияти методӣ ва олимпиадаи вилоятии «Ворисони Пешво» бо ҷалби 7250 нафар хонандагони синфҳои 3-4 ташкил ва гузаронида шуданд.


Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло