МУТОБИҚШАВИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФИ ЯКУМ БА МУҲИТИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

 Имрӯз, тибқи Фармоиши вазири маориф ва илми кишвар мутобиқшавии хонандагони синфи якум ба муҳити муассисаи таълимӣ оғоз гардид. Дар ин асос ба ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон хонандагони синфи якум омада, бо омӯзгорону синфхона ва дар умум бо муассисаи таълимӣ шиносоӣ пайдо намуданд.
Аз шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ иттилоъ доданд, ки фарогирии хонандагони синфи якум дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мувофиқи матлаб буда, волидон дар қабул ва иштироки хонандагон дар мактаб ҳузур доштанд.
Дар шаҳри Бохтар ва дигар навоҳии вилоят низ кӯдакон бо табъиз болида ва чеҳраи хандон барои мутобиқшавӣ ба даргоҳи илму маърифат ташриф оварданд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармоиши мазкур аз 7-ум то 18-уми август идома меёбад, ки дар умум 10 рӯзро дар бар дорад.
Баҳри назорат гурӯҳи кории Раёсати маорифи вилояти Хатлон ташкил гардида, дар шаҳру ноҳияҳо корбарию фаъолият дорад.
Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло