СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ РУШДИ КАСБИИ ОМӮЗГОР

 Имрӯз дар толори Маркази методӣ, табъу нашр ва таъминоти маводи хониши Раёсати маорифи вилояти Хатлон семинари омӯзишии рушди касбии омӯзгор баргузор гардид, ки дар он директори Маркази мазкур Алимардонов Сафармуҳаммад, мушовирони шӯъбаҳои маориф ва омӯзгорони ноҳияҳои Кӯшониён ва Вахш ширкат доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки семинари омӯзишӣ барои мушовирон ва омӯзгорони ноҳияҳои Дӯстию Ҷайҳун ва ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб доир карда мешавад.
Дар семинар усулҳои таъсирбахш, педагогика ва психология, шаклҳои муосири таълим ва методологияи рушди муттасили омӯзгор омузонида мешавад.
Ёдовар мегардем, ки Маркази методӣ, табъу нашр ва таъминоти маводи хониши Раёсати маорифи вилояти Хатлон баҳри кумаки методӣ равонидан ба омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ташкил гардидааст. Ин аст, ки маркази номбурда пайваста барои омӯзгорони фаннӣ омӯзишҳоро ташкил менамояд, ки аз манфиат холи нестанд.
Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло