- Ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз -

А. Ҷомӣ. БАИСТИФОДАДИҲИИ БИНОИ ИЛОВАГИИ СЕ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Дар се муассисаи таълимии ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз биноҳои иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Дар ифтитоҳи биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ муовини вазири маориф ва илми кишвар Сафарзода Дилшод Ғанӣ, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон - сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон
ва дигар масъулон ширкат доштанд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар назди муассисаи таълимии рақами 31-и ноҳия 7 синфхонаи иловагӣ барои 168 нафар хонанда, назди муассисаи таълимии рақами 18 низ 7 синфхона бо фарогирии 168 ҷойи нишаст ва дар назди муассисаи таълимии рақами 42 - и ноҳияи мазкур 6 синфхона бо 144 ҷойи нишаст ба истифода дода шуданд.
Бинои иловагии синфхонаҳои муассисаҳои таълимӣ бо сифати баланд ва дар шароити мусоиди таълиму тарбия бо мусоидати Вазорати маориф ва илм, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шарикони рушд ва кумитаи падару модарон сохта ба истифода дода шудааст.
Акнун, дар муассисаҳои таълимии номбурда мушкилоти ҷойи нишаст аз байн рафта, омӯзгорону хонандагон бо шароити муосири кору таҳсил дар синфхонаҳои тозаву барҳаво машғул хоҳанд шуд.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло