- Ҳамкорӣ бо шарикони рушд -

БА 80 МУАССИСА ҶИҲОЗИ ТАЪЛИМӢ ДАСТРАС ШУД
Дар муассисаи таълимии рақами 16-и шаҳри Бохтар намоиш ва оғози тақсимоти таҷҳизоти таълимию технологӣ ба 80 муассисаи таълимии лоиҳавӣ баргузор гардид.
Дар ин маросим муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода, намояндаи шарикони рушд, Ташкилоти байналмилалии Оғохон дар Тоҷикистон Шералӣ Саидашуров ва дигар масъулон ширкат доштанд.
Таъкид гардид, ки дар доираи сиёсати дарҳои кушод ва ҳамкории зичи Тоҷикистон бо шарикони рушд ҷиҳати беҳтар шудани шароити таълиму тарбия корҳои зиёду нафъоваре анҷом дода мешаванд. Бахсус, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ки бо Вазорати маориф ва илм, инчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба роҳ монда шудааст, ба 80 муассисаҳои таълимӣ кӯмакҳои гуногун, ба монанди компютер, тахтаи электронӣ, принтер ва дигар ҷиҳози хониш расонида мешавад. Лоиҳаи "Мактабҳои 2030" дар чанд марҳила амалӣ шуда, ба муассисаҳои таълимӣ кумакҳои зиёде хоҳад расонид. Дар муассисаҳои лоиҳавӣ касбияти омӯзгорон ва шароити таълим беҳтар хоҳад шуд.
Директори Маркази таълими методӣ, табъу нашр ва таъминоти маводи хониш Сафармуҳаммад Алимардонов изҳор намуд, ки давоми солҳои охир бо шарикони рушд беҳтар гардидани раванди кориро дар сатҳи маҳал мушоҳида карда истодаем. Ба Вазорати маориф ва илми кишвар барои мусоидату ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ баён мекунем. Зеро маҳз дар заминаи ҳамкориву мусоидати Вазорати маориф ва илм ба чунин натиҷаҳо ноил гардида истодаем.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло