РӮЗҲОИ ВОЛОНТЁРӢ БАРОИ ПАДАРУ МОДАРОН ТАҲТИ УНВОНИ "МО ДАР ТАРБИЯ ҲАМРОҲЕМ"

Раёсати маорифи вилояти Хатлон бо мақсади беҳтар кардани назорати дохилитаълимгоҳӣ ва амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Консепсияи миллии тарбия дар муассисаҳои томактабӣ, ба амал баровардани назорат аз рафти иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи маориф, муттаҳид намудани падару модарон, собиқадорон ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатдорӣ ва тарбияи насли наврас ва дигар масъалаҳои муҳиму таъсирбахши таълиму тарбия ташаббуси наву нафъовари навбатиро бо номи "Мо дар тарбия ҳамроҳем" рӯйи кор овард.
Ташкил ва гузаронидани чорабинии рӯзҳои волонтёрӣ аз ҳисоби падару модарон, бибиёну бобоён ва собиқадорони маҳали ҷойгиршавии муассисаҳои томактабӣ гузаронида мешавад.
Падару модарон ва собиқадорони маҳали ҷойгиршавии муассисаҳои томактабӣ ба рўйхат гирифта шуда, тибқи ҷадвал бо ба инобат гирифтани хоҳиш, завқ ва маҳорати волидон ҳамарӯза дар гурӯҳҳо дар доираи то 30 дақиқа машғулиятҳои таълимиву тарбиявӣ доир менамоянд.
Дар давоми сол фаъолияти падарону модарон, бибиёну бобоён, собиқадоронро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар Шӯрои педагогӣ бо иштироки раисони кумитаи падару модарон беҳтаринҳоро муайян намуда, дар ҷамъомади васеи падару модарон, ки моҳи декабр баргузор карда мешавад, беҳтаринҳо бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
(Мақсаду вазифаҳо ва тартиби баргузории рӯзҳои волонтиёрӣ барои падару модарон ба таври муфассал нашр карда мешавад. Инчунин, ба ҳамаи шуъбаву бахшҳои маориф ва муассисаҳои томактабӣ ирсол мегардад)

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло