МУАЛЛИМОНРО АЗИЗ ДОРЕД!

Кӯдакӣ айёми тиллоӣ ва беғашии инсон аст.
Ба ёд овардани хотироти рангини ин айёми ширин моро вориди кӯчабоғи зебои кӯдакӣ ва олами афсонасои тифлият мекунад. Ҳар ҳаводису воқеаи ширину хотирмони ин айём дар саҳифаи хотироти инсон ҷовидона нақш мебандад. Аз рӯзгори замони кӯдакӣ хотираҳои зиёд дорам, вале ҳамин як лаҳза ҳеҷ гоҳ аз хотирам намеравад. Азбаски кӯдаки хеле шӯху саркаш будам, ҳамеша мавриди сарзаниш ва таъкиду таънаи волидон қарор мегирифтам. Модари мушфиқам ҳамеша боисрор талаб мекарданд, ки муаддабона рафтор намоям, зеро ҳар амали неку бади моро Худованд аз боло мебинаду мешунавад. Рӯзе ҳисси кунҷуковии кӯдаконаам боло гирифту аз модарам пурсидам:
- Оча, Худо дар куҷост ва зоҳираш чӣ гуна аст?
Модар ҷавоб дод:
- Худо болои сари мост ва хеле зебост. Раҳиму Раҳмон аст. Агар одам ба худаш амали бадро раво набинад, Худованд ӯро дӯст медорад ва агар гуноҳ кард, сазовори ҷазост.
Ин суханон чун дигар ҳидоятҳои модар дар зеҳнам нақш баст. Чун бори нахуст ба мактаб рафтам, муаллими худобиомӯрзам (рӯҳашон шод бод) дохили синфхона гардиданд.
Эшон либосҳои шинаму зебо ба бар дошт ва хеле ширину гуворо сухан мегуфт: “Фарзандони азиз, аз ин рӯз сар карда ман муаллими аввалини шумоям ва бароятон дарс мегӯям. Агар шумо дарсҳоятонро саривақт тайёр кунед ва боодоб бошед, зиёд дӯстатон хоҳам дошт ва агар не...”, - гуфта буд, ки суханони пандомези модарам ба хотир расид. Эҳсос кардам, Худое, ки модар мегуфт, акнун рӯ ба рӯям аст.
Баъди хотимаи дарс шодикунон ба хона омада, ба модарам ҳодисаи бо “Худованд” вохурӣ карданамро нақл намудам. Модарам бо ҷиддият эрод гирифтанд ва гуфтанд:
- Ин хел нагӯй писарам, мо ҳеҷ гоҳ Худоро намебинем, ӯ дар қалби мост, ӯро бо забон меорему бо дил тасдиқ мекунем.
Ман бо гуфтаҳои модарам мутақоид шуда бошам ҳам, меҳру муҳаббати самимӣ бо муаллими нахустинам чун эътиқод бо Худованд боқӣ монд. Шояд ҳамин муҳаббат буд, ки маро муаллим кард.
Оре, ман муаллим шудам ва то абад, то охирин нафаси умр ин роҳи неку покро идома хоҳам дод. Аз ин хотир, мехоҳам муаллимро ҳамеша бо либоси зебо ва заковати хирадмандона бинам. Мехоҳам муаллимро бо ғурури ҷавонмардона ва муҳаббати ватандӯстона бинам, зеро зимоми имрӯзу фардои Ватан дар дасти ӯст. Мехоҳам муаллимро сиҳатманду тавоно бинам, то рӯзгори навини соҳибистиқлолӣ ба дасти ояндагон чун ҳадяи худовандӣ беосебу бегазанд расад. Мехоҳам муаллимро донотарину азизтарини дунё бинам, зеро доно ба ҳар диёр азизу мукаррам аст. Мехоҳам муаллимро мураббии давру замон, маслиҳатгари кулли одамон бинам, зеро бе муаллиму мураббӣ имкони муътабар шудан нашояд.
Бо ҳар навъе ва бо ҳар забоне, ки ситоишу санои муаллим, омӯзгор ва тарбиягари насли башарро накунем, ба гумонам боз ҳам кам аст. Мақому манзалат ва ҷойгоҳу мартабаи муаллим дар волотарин дараҷоти арзишдиҳӣ воқеъ гардидааст. Оре, ин касб муқаддас аст ва шахсияту ҳайсияти соҳиби он, яъне муаллим қобили эҳтирому эътироф! Зиҳӣ, муаллим - муҳандиси рӯҳи поки инсоният! Поянда бод, мактаб - кохи бегазанди илму ирфон! Ҷовидон бод, маориф - махзани омӯзишу парвариши инсон!
 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло