МАҲФИЛИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" БАҲРИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН

Фаъолияти маҳфили “Фурӯғи субҳи доно”-ӣ Маркази таҳсилоти иловагии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар радифи дигар маҳфилҳо фаъолияти назарас дорад.
Роҳбари маҳфили “Фурӯғи субҳи доно”-ӣ маркази мазкуро бонуи муваффақу китобдустор ва содиқ ба касбу кори худ Зарина Аксакалова ба уҳда дошта бо нигоҳи тоза ҳамаруза ба аъзоёни маҳфил, ки бештари онҳоро хонандагони муассасаҳои таҳсилоти миёнаи умуми шаҳри Бохтар ташкил медиҳад корбари менамоянд.
Худи Зарина Аксакалова зимни суҳбат изҳор дошт,ки ҳамаруза аъзоёни маҳфил ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” китоб аст” омодаги доранд.
Худи Зарина Аксакалова ҳамчунин афзуд, ки мутолиаи китоб шахсро аз беҳтарин олами пурасрор, ки ҷаҳонро равшанию нур ва хушию сурур мебахшад, воқиф месозад. Нафаре, ки пайваста дар мутолиаи китоб аст, дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро ҷон, ҳастиву тавон ва имону виҷдон мебахшад. Шахсе, ки ҳамеша дар мутолиа аст, кабутареро мемонад, ки парвозҳои баланду сазоворро соҳиб аст.
Ҳоло барои аъзоёни маҳфили Фурӯғи субҳи доноӣ Маркази таҳсилоти иловагии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тамоми шароитҳои хониш фароҳам оварда шудааст.
Китобхонӣ хосияти хубе дорад, ки инсон пас аз одат кардан тамоми умр ҳамроҳи китоб мегардад. Албатта, барои одат кунонидани кӯдакон ба китобхонӣ нақши волидайн ва омӯзгор дар мадди аввал меистад. Зеро, қадамҳои аввали китобхонӣ дар оила гузошта шуда, минбаъд дар мактаб идома меёбад.
Аксҳо аз маҳфили “Фурӯғи субҳи доноӣ”

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло