ҶАЙҲУН. ОМӮЗГОР СОҲИБИ ХОНА ШУД


 Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ба омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳия манзили истиқоматӣ бунёд гардид.Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ба “Сафо” иттилоъ доданд, манзили зисти пешинаи омӯзгор Мавҷуда Султонова ба таъмири ҷорӣ ниёз дошт. Аз ин рӯ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ташаббус нишон дода, дар доираи талаботҳои қонунгузории мамлакат дар замини наздиҳавлигии омӯзгор Мавҷуда Султонова хонаи ӯро аз нав сохт.Омӯзгор аз ин дастгирии мақомоти маҳаллӣ хушнуд гашта, ҷиҳати дастгирӣ ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳору сипосу миннатдории хешро баён намуд.Бояд ёдовар шуд, ки давоми соли 2023 дар маҷмӯъ 33 нафар омӯзгорони ноҳияи Ҷайҳун соҳиби замини наздиҳавлигӣ гардида, дар оянда низ ин иқдом идома хоҳад ёфт.

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло