ТЕХНОЛОГИЯ ВА ЗАМОН

  • 17 январи соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия” ҷаласаи корӣ оид ба таҳлил, вазъ ва дурнамои Марказ ва бахшҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
    Директори муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия” Комрон Холов ҷаласаи кориро ифтитоҳ намуда, аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллат нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуд. Ӯ дар зимн аз таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии кишвар ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар самти рақамикунонии соҳа ва гузариш ба таҳсилоти рақамӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ба самти мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд ва баҳри инкишофи ин самти ҳаётан муҳимми замон имкониятҳоро ба мо пешниҳод ва таъмин менамоянд. Дар идома директор ба корҳои баанҷомрасондаи Марказ дар давоми 5 соли охир мухтасар ишора карда, фаъолияти муассисаро қаноатбахш арзёбӣ кард.

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло