Вахш. ШИНОНИДАНИ НИҲОЛҲОИ СОЯАФКАН ДАР МУАССИСА-ИНТЕРНАТ

Имрӯз, бо иштироки сардори Раёсати маориф вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, муовини раиси ноҳияи Вахш Шарифазода Муҳаммадӣ Шариф, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Сабоҳат Ватанзода, иҷрокунандаи вазифаи мудири маориф Гулбаҳор Хоҷаёрова ниҳолони сояафкани Павлония дар муассиса-интернати ноҳияи Вахш шинонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки бинои нави муассиса-интернат дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 декабри соли 2023 дар ноҳияи Вахш барои ятимони ноҳия бо тарҳи замонавӣ, хобгоҳ ва ошхона муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муоссири таълимӣ, рахти хоб барои 280 нафар мавриди истифода қарор гирифта буд.
Ҳар ҳафта барои ободу зебо гардонидани гирду атрофи муассисаи мазкур ҳашарот умумӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф тозаву озода ва зебову гулгулшукуфон нигоҳ доштани муассисаи номбурда маҳсуб меёбад.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло