ДАРСҲОИ АМАЛӢ АЗ ФАНҲОИ ДАҚИҚ

Дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба гузаронидани дарсҳои амалӣ диққат махсус равона гардида, синфхонаҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо ташкил карда шудаанд.
Тибқи нақшаи таълимӣ бо иштироки хонандагон дарсҳои амалӣ бо истифода аз таҷҳизоти лозима гузаронида мешаванд, ки донишу малакаи толибилмонро баланд мебардорад.
Бахсус, дар муассисаи таълимии рақами 1-и шаҳри Левакант бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ аз фанни химия дарси амалӣ доир карда шуд.
Барои дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ташкил кардани дарсҳои амалӣ ба муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда истодаанд. Ин аст, ки рӯз то рӯз шумораи озмоишгоҳҳо бештар мегарданд.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло