Мо вориси Наврӯзем!
Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи тоҷикон ба ҳисоб рафта, аз оғоз гардидани фасли баҳор ва бедор шудани табиат дар мамлакат бо як шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад.
Муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон бо мақсади дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раёсати маорифи вилояти Хатлон чорабиниҳои тарбиявию маърифатиро доир намуда истодаанд.Дар ин росто аз ҷониби роҳбарони маҳфилҳо соатҳои тарбиявӣ ва дарсҳои кушоди намунавӣ таҳти унвони “”Мо вориси Наврӯзем!”” гузаронида шуд.