- Густариши ҳамкорӣ бо шарикони рушд -

о дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Вазорати маориф ва илми кишвар дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон пешрафт ва ободонию зебогардонӣ ба мушоҳида мерасад.
Хусусан, имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоби вилоят бо иштироки намояндагони раёсати маориф ва шарикони рушд маводҳои гуногун ба Марказҳои инкишофи кӯдак дастрас карда шуд.
Лозим ба таъкид аст, ки кумак ба 20 Маркази инкишофи кӯдаки шаҳру ноҳияҳо дар доираи лоиҳаи "Таъсири маҳаллӣ" пиёда гардида истодааст.
Аз ҷумла, дар шаҳри Бохтар бо ҳузури сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода, намояндагони шарикони рушд ва дигар масъулон чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гардиданд.
Баробари дастрас намудани маводҳо ба Марказҳои инкишофи кӯдак, ҳамзамон, ба қисме аз муассисаҳои таълимӣ ба ифтихори фасли зебои баҳор ва ҷашни Наврӯз ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан тақдим гардид, ки дар ҳашари шинонидани ниҳолҳои мазкур сардори раёсати маориф, меҳмонон ва кӯдакон фаъолона иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин рӯз озмунҳои эҷодӣ бо иштироки кӯдакон гузаронида шуда, фаъолтарин довталабон бо мукофот қадрдонӣ гардиданд.
Ҳадафи асосӣ иҷрои дастури Пешвои миллат оид ба бештар кардани фарогирии насли наврас ба таҳсилоти томактабӣ ва муҳайё намудани шароити таълиму тарбияи онҳо мебошад.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло