ХАТЛОН: СОЗМОНИ ХОНАНДАГОН- ОЯНДАИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Санаи 24- уми феврали соли равон ба муносибати 24 солагии таъсисёбии Созмони хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Бохтар чорабнии тан-танави таҳти унвони “Созмон-роҳнамои ояндаи дурахшон” доир шуд.
Дар чорабинӣ сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Юсуф Амирхон, роҳбарияту кормандони маркази таҳсилоти иловагии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мудири шуъбаи маорфи шаҳри Бохтар Абдуназарзода Шоиста, омӯзгорону хонандагон ва дигар шахсон фаъолона иштирок доштанд.
Бо садо додани суруди миллӣ, ба саҳна ворид гардидани Парчами Созмони хонандагон, ба сафи Созмон қабул шудану қасам ёд кардани аъзоён, бастани нишони сарисинагӣ ва гарданбанд ба аъзоёни навқабулшуда ва дигар тартиби чорабинӣ дар сатҳи баланд сурат гирифт.
Сипас сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода ба сухан баромада, иштирокдоронро ба ин муносибат шодбош гуфт.
Гуфта шуд, ки созмони хонандагон дар тарбия ва ташаккули шахсияти хонандагон мавқеи аввалиндараҷаро ишғол менамояд. Мақсади асосии Созмони хонандагон пеш аз ҳама тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, омӯзиш ва эҳтироми таъриху фарҳанги милливу башарӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва бо ин васила ташаккули шахсият ва шаҳрванди фаъоли ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки дар сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон соҳаҳои илму маориф нақши калидӣ ва афзалиятнок дошта, дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона, ҳамзамон рушду нумӯӣ кишвари биҳиштосоямон, мақом ва манзалати хоса дорад.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло