Ҳисоботи соҳаи маорифи вилояти Хатлон дар ҳафт моҳи соли 2023

Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон фаъолияти худротибқи нақшаи корӣ ба роҳ монда, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷи-ҳати баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва мустаҳкам намудани пояи моддӣ – техникии муассисаҳои таълимӣ татбирҳои назаррасу зарури-ро роҳандозӣ намуда истодааст.

Тазаккур бояд дод, ки дар давраи ҳисоботӣ тибқи нақшаи корӣ 7 му-шовараи нақшавӣ бо баррасии 93 масъала гузаронида шуда, аз он 62 масъа-ла ба вазъи таълиму тарбия,31 масъала оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-  кистон, фармоиш, нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳу-рии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон роҳандозӣ гардида, дар ин самт қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар ин давра, 696 адад ҳуҷҷат ворид гардида, 670 адад мактуб ва дар-хостҳо содирот карда шудааст. Инчунин, 5 нафар тариқи озмун ба кор қа-бул гардида, 93 адад қарорҳои мушовара, 182 адад фармоишҳо қабул шуда, 203 нафар бо ифтихорномаю сипосномаҳои Раёсат ва 96 нафар бо мукофо-ти Аълочии маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.


Сохтмони иншоотҳои соҳаи маориф:  

Давоми соли хониши 2022-2023 дар маҷмуъ 85 иншооти соҳаи мао-риф иборат аз 579 синфхона барои 13848  ҷойи нишаст дар як баст (дар ду баст 27696) мавриди истифода қарор дода шуданд.

Лозим ба зикр аст, ки айни замон дар 315 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сохтмони иншооти соҳаи маорифи вилояти Хатлон,  иборат аз 2325 синфхона барои 55743 ҷойи нишаст идома дорад.

 

      Муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки дар се баст фаъолият мекунанд:

Дар аввали соли таҳсили 2021-2022 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии дар се баст фаъолияткунанда дар вилоят ба 17 адад расида буд. Ба ҳолати имрӯза 5 муассисаи таълимӣ аз ноҳияи Фархор (мактабҳои №№1,3,11,35,66), 1 муассиса аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (мактаби №26), 1 муассиса аз ноҳияи Балҷувон (мактаби №4) ва 1 муассиса аз ноҳияи Данғара (мактаби №73) аз себаста бароварда шуда, 9 адад муассисаҳои себаста, дар шаҳру ноҳияҳои Фархор (мактабҳои №№ 5,25,30), Кӯлоб (мактабҳои №№ 30,36,53), Восеъ (мактаби №53), А.Ҷомӣ (мактаби №39) ва Кӯшониён (мактаби №61)  фаъолият доранд.


Муассисаҳои таҳсилоти умумии қисман садамавӣ ва ба таъмири асосӣ ниёздошта:

Иншоотҳои қисман садамавӣ, ба сохтмон ва таъмири асосӣ ниёз-доштаи соҳаи маорифи вилоят 78 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора дар 33 ададаш корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, дар 8 ададаш ҳуҷҷатгузорӣ бо шарикони рушд оиди банақшагирии сохтмон рафтаистодааст.

Ҳамзамон сохтмони 4 адад муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб 2-адад, М.С.А.Ҳамадонӣ 1-адад, муассисаи таҳ-силоти томактабии хусусӣ дар ноҳияи Восеъ 1-адад ва сохтмони 2 синфхо-наи иловагӣ дар назди Боғчаи №1-и ноҳияи Хуросон барои 696 тарбия-тгиранда идома дорад.


Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ:

Дар давраи ҳисоботӣ  муассисаҳои томактабии ҳудуди вилоят ба 164 адад расида, дар онҳо 17854 нафар кӯдак ва 1320 марказҳои инкишофи кӯ-дак бо фарогирии 52959 нафар, дар маҷмуъ 70813 нафар кӯдакон дар ин зи-наи таҳсилот фаро гирифта шуда,  17,2 %-ро ташкил медиҳад (дар аввали сол 10, 2% буд). Ҳамзамон, 470 Маркази рушди кӯдак зиёд шуда, фароги-рии кӯдакон 28521 нафар зиёд гардид.

    Ба ҳолати имрӯза дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 15 муассисаи таҳсилоти томактабии  хусусӣ  аз ҷумла, дар шаҳри Бохтар 2 адад, Кӯлоб 4 адад, Ҷ. Балхӣ 2, Восеъ 1, Ёвон 1, Қубодиён 1, Кӯшониён 1, Муъминобод 2 ва Лева-кант 1, ки шумораи кӯдакони фарогирифташуда ба  1513 нафар расид.


Таъмири ҷории муассисаҳои таълимӣ дар таътили тобистона:

Иҷрои таъмири синфхонаҳо, роҳравҳои дохилӣ ва фасади бинноҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабии ҳудуди вилоят ба санаи 1 ав-густи соли 2023 баробар ба 93,0% расонида шудааст, ки корҳои рангубор-кунӣ дар ин самт бо маром идома доранд.


Теъдоди муассисаҳои таълимӣ:

Дар соли таҳсили 2021-2022 дар вилоят 1362 муассисаи таълимӣ фаъолият мекард. Ин нишондод дар соли 2023 ба 1375адад расид,  ки нис-бати соли гузашта 13 муассиса зиёд мебошанд. 


Забони таълими муассисаҳо:

         Аз шумораи умумӣ 1235 ададаш бо забони тоҷикӣ, 24 адад бо забони тоҷикӣ-рӯсӣ, 1 адад бо забони тоҷикӣ-русӣ-англисӣ, 82 адад бо забони тоҷикӣ-узбекӣ, 5 адад бо забони тоҷикӣ туркменӣ, 8 адад бо забони русӣ ва 20 адад бо забони узбекӣ фаъолият намуда истодаанд.


          Таҳсилоти омӯзгорон:

Соли таҳсили 2021-2022 шумораи омӯзгорон 46 ҳазору 216 нафар, аз ҷумла 26 ҳазору 002 нафарашонро занон ташкил медод. Ин нишондод дар соли  ҷорӣ 46 ҳазору 987 нафар, аз он ҷумла занон 27 ҳазору 865 нафарро ташкил менамоянд, ки нисбати соли қаблӣ 773 нафар омӯзгорон зиёд мебошанд. Аз ин миқдор, бо таҳсилоти олӣ - 32 ҳазору 357 нафар (69 %), бо таҳсилоти олии  нопурра - 2 ҳазору 100 нафар (4 %), бо таҳсилоти миёнаи махсус -10 ҳазору 769 нафар (23 %), бо таҳсилоти миёнаи умумӣ - 1 ҳазор 761 нафар (4 %).


Ҳозиршавии мутахассисони ҷавон:

Зикр кардан ба маврид аст, ки тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши 2022-2023 ҳамагӣ 1636 нафар мутахассисони ҷавон фиристода шуданд. Аз инҳо 230 нафар тибқи Квотаи президентӣ, 398 нафар бо маълумоти миёнаи касбӣ, 139 нафар барои хиз-мат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷалб шуданд, 103 нафар ба Федератсияи Руссия сафар карданд. То давраи ҳисоботӣ 1173 нафар (72%) тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир шуданд. Аз ин шумора тариқи шартномавӣ 249 нафар, омӯзгорони ботаҷриба 3232 нафар, ҳамагӣ 4749 нафар ба кор қабул карда шуданд. 


Эҳтиёҷоти кадрӣ:

Дар давраи ҳисоботӣ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба 406 нафар омӯзгорон эҳтиёҷоти кадрӣ доранд. Дар ин радиф, корҳои бартарафкунӣ бо сохторҳои дахлдор дар мадди аввал қарор доранд.


Шумораи хонандагон дар ҳудуди муассисаҳои таълимии вилоят:

Дар муассисаҳои таълимии вилоят 844ҳазору 35 нафар хонандагон, аз он, ҷумла 436 ҳазору 706 нафар духтар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки нисбати соли таҳсили  2021-2022,  27ҳазору 008 нафар хонанда зиёд аст.


Муассисаҳои интернатӣ:

Дар вилоят 14 муассисаҳои интернатӣ фаъолият менамоянд, ки аз он-ҳо 4 адад мақоми  ҷумҳуриявӣ, 1 адад мақоми вилоятӣ, 1 адад парвариш-гоҳи назди мактабӣ, 1 адад интернати бачагони болаёқат, 1 адад мактаб интернати ёрирасон ва 6 адад интернатҳои  маҳаллӣ мебошанд. Дар онҳо 2844 нафар тарбиятгирандагон, ки аз онҳо 581 нафарашонро духтарон таш-кил медиҳанд ба таълиму тарбия ҷалб карда шудаанд.


Бақайдгирии хонандагони синфҳои 9-11 дар ММТ:

Ба санаи 1 августи соли ҷорӣ аз 40304 нафар хонандагони синфи 11-ум, ки аз ин шумора 18056 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд ба до-нишгоҳу донишкадаҳои олӣ 31642 нафар ё 78,5%, аз ҳисоби хатмкунанда-гони солҳои пешин 1551 нафар дар маҷмуъ 33193 нафар ё 82,3% аз қайди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гу-заштаанд. Инчунин, аз шумораи 62362 нафар (духтарон 30273 нафар) хатм-кунандагони синфҳои 9-ум низ 5075 нафар (8,1%) ва аз ҳисоби хатмкунан-дагони солҳои пешин 350 нафар, дар маҷмуъ 5425 нафар ё 8,7% аз қайди Маркази миллии тестӣ гузаштаанд. 

Имтиёзҳои омӯзгорон:

Вобаста ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, №197 “Дар бораи  муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон”  дар шаҳру ноҳияҳои Восеъ 8, Данғара 7, Ш. Шоҳин 4, Муъминобод 6, Дӯстӣ 15, Панҷ 2, Қубодиён 2, Хуросон 5, Ёвон 1, Левакант 12, Норак 2 (дар маҷмуъ 64)  нафар  мутахассисони  ҷавон  ба миқдори 6000 (шаш ҳазор сомонигӣ) аз қарзҳои имтиёзнок бархӯрдор шуда, дар ноҳияҳои Данғара 32, Муъминобод 1, Ховалинг 14 ва Хуросон 1 нафар ҳамагӣ 48 нафар мутахассисони ҷавон бо заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд.


Муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ:

Оид ба амалишавии “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” корҳои муайянеро ба анҷом расонида,  ёдовар менавем, ки бинобар ҷудо ва дастрас нагардидани маблағ дар соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нақшаи Барнома иҷро нагардида буд. Аммо бо роҳан-дозии тадбирҳои мушаххас дар соли 2022 (аз 875 адад) 547 адад кабинетҳои фаннӣ, ки аз ин 78 ададаш озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ буд,  муҷаҳ-ҳаз гардонида шуда, 62,5%-и иҷрои Барномаро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, маълум менамоем, ки тибқи талаботи Барнома  нақшаи омӯзишгоҳҳо аз фанни биология 25 адад буда, то давраи ҳисоботӣ иҷрои-ши он ба 13 адад расонида шудааст, ки 52,0%-и нақшаро ташкил медиҳад. Инчунин, иброз менамоем, ки  нақшаи кабинетҳои фаннӣ бошад дар соли ҷорӣ 822 адад тасдиқ гардида, ба ҳолати имрӯз иҷроишаш ба 174 адад ё ин, ки 21,1% расонида шудааст.


    Вазъи таъмини технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣдар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят:

    Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумии вилоят ба 29454  компютер,  4547 принтер, 1017  тахтаи электронӣ, 1342 проектор таъмин мебошанд.  

Вобаста ба рафти иҷрои Барномаи давлатии амалӣ намудани техно-логияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 қайд менамоем, ки дар давоми солҳои  2018, 2019, 2020, 2021, 2022 яъне харидории компютерҳо 7928 адад баробар ба 40,0% ва тахтаҳои электронӣ 970 адад баробар 80,0% буд.

    Қобили қайд аст, ки  тибқи нақшаи алоҳида оид ба харидории ком-пютерҳо ва тахтаҳои электронӣдавоми соли 2023 шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят 795  адад компютер 20,0%, 43 адад тахтаи электронӣ 14,0% ва 38  адад проектор  харидорӣ кардаанд.


         Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хат-лон барои солҳои 2022-2027:

Бобати рафти иҷрои “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027” ва Нақшаи амалии он дар марҳилаи якум (солҳои 2022-2024) дар шаҳру ноҳияҳои вилоят (дар асоси замимаи 1) 78 иншоот, (қисми 2) 58 иншоот ва (қисми 3) 37, дар маҷмуъ сохтмонӣ 173 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 9 (нуҳ) иншоот 45 синфхона 1080  ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст, ки 5,2 % иҷроиши барномаро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 65 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.


Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027

         Оиди иҷрои “Барномаи рушди  муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027” дар марҳилаи якум солҳои 2022-2024 ҳамагӣ 22 адад таъсиси муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ  ва 16 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии хусусӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар соли ҷорӣ  дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ 1, Муъминобод 1 ва Ҷайҳун 1 адад муассисаҳои томактабии хусусӣ барои 408 кати хоб ва дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 1 адад муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ барои 480 ҷойи нишаст дар як баст таъсис дода шуд, ки ин ба 13,6% -и иҷрои Барнома баробар аст.

Агар дар соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 10 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ бо фарогирии 585 нафар кӯдак фаъолият мекард, ин шумора дар соли хониши 2022-2023 ба 15 адад расидааст, ки фарогирии кӯдакон 1513 нафарро дарбар мегирад.


Қоидаҳои қабули донишҷуён тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020 “Дар бораи қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳси-лоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи Квотаи Президенти” аз соли 1997 то инҷониб тибқи Квотаи Президентӣ 10341 нафар хатмкунандагон аз муас-сисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ба донишгоҳҳои дохили кишвар дохил шуданд, ки аз ин шумора 6107 нафараш духтарон мебошанд. 

Дар давраи ҳисоботӣ, тибқи озмуни Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 539 ҷойҳои пешниҳод гардида, 537 нафар хатмкунандагон, аз ин 274 нафараш духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷум-ҳурӣ дохил гардиданд.

Озмуни мазкур дар ду минтақа дар минтақаи Бохтар дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи “Носири Хусрав”ва дар минтақаи Кӯлоб дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи “Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ” баргузор гардид.


         Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030:

         Оид ба иҷрои “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” корҳои назаррас ба иҷро расонида шудааст. Аз ҷумла, қайд мена-моем, ки дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят 6717 нафар омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ фаъолият мекунанд, ки аз ин шумора 3843 нафарашон омӯзгорони фанни забони русӣ ва 2874 нафараш бо забони англисӣ  ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд.

         Дар давоми шаш моҳи соли 2023, 162  нафар омӯзгорони фаннӣ забони русӣ ва 80 нафар омӯзгорони фаннӣ забони англисӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шуданд. Тибқи нақша минбаъд низ омӯз-горони фанҳои забони русӣ ва англисӣ давра ба давра аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида мешаванд.


          Консепсияи раҳнамои касбии хонандагон:

Ҷиҳати рафти иҷрои “Консепсияи раҳнамои касбии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 27 Марказҳои таҳси-лоти иловагӣ, 332 маҳфил бо фарогирии 12680 нафар, инчунин, маҳфилҳои наздимуассисавӣ бошад 25433 адад бо ҷалби 193179 нафар хонандагон фаъолият доранд, ки аз шумораи умумии хонандагони вилоят (844035 нафар) дар назди муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва муассисаҳои таълимӣ 205859  нафар (25,5%) аъзоён ҷалб шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта дар маҷмуъ 23,0% зиёд мебошад (соли гузашта маҳфилҳо танҳо дар назди Марказҳои таҳсилоти иловагӣ фаъолият мекарданд, ки бо анде-шидани чораҳои зарӯрӣ имсол маҳфилҳои наздимуассисавӣ ташкилу роҳан-дозӣ гардиданд).


Омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024:

Қайд намудан ба маврид аст, ки аз захираи зимистонгузаронии солҳои 2022-2023 дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят 534 тонна ангишт ва 1134,7 метри куб ҳезум бақия мондааст. Ҳамзамон қайд менамоем, ки бобати омодагӣ ва захиранамоии маводҳои асосии гарми-диҳӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 муассисаҳои таъли-мии ҳудуди вилоят ҳамагӣ тибқи нақша бояд 12036 тонна ангишт, 26575,7 метри мукааб ҳезум, 66543 литр сӯзишвории дизелӣ харидорӣ ва захира намоянд, ки ба ҳолати имрӯз бо назардошти захира аз солҳои пешин ан-гишт 31,1,0%, ҳезум 15,0% ва сӯзишвории дизелӣ 0,2% захира шудааст. Инчунин, дар ин самт ситодҳои корӣ оғоз гардида, корбарӣ идома дорад.



Пешгирии ҷинояткории ноболиғон:

Дар 6 моҳи соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 77 ҳолати содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки нис-бати ҳамин давраи соли гузашта 50 ҳолат кам мебошад.

Ҷиноятҳои содиршуда аз тарафи 63 нафар ноболиғон ба қайд ги-рифта шуданд, ки аз онҳо 37 нафарашон кӯдакони мактабхон буда, 26 нафари дигар дар мактаб намехонанд.Қобили қайд аст, ки аз 77 ҷинояти содиршуда, 50 ҳолатидуздӣ, (ба шаҳру ноҳияҳоиБохтар-3, Левакант-2, Кушониён-3, Дӯстӣ-1, Балхӣ-7, Ҷайҳун-11, Ёвон-2, Норак-1, Шаҳритус-2, Кӯлоб-4, Ҳамадони-3, Ховалинг-3, А.Ҷомӣ-3, Данғара-2, Фархор-2, Ш.Шоҳин-1), 1 ҳолат ғоратгарӣ (ба шаҳри Бохтар - 1)ва 12 ҳолат дигар намуди ҷиноят (ба шаҳру ноҳияҳоиБохтар-3, Ҷ.Балхи-1, Панҷ-2, Ёвон-2, Ҳамадони-2, А.Ҷомӣ-2 ва Фархор-1) рост меояд.

Ба худкӯшӣ даст задани ноболиғон дар 6 моҳи ҷорӣ 15 ҳолат (10 мард, 5 зан) ба қайд гирифта шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳолат кам мебошад(шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Н.Хусрав, Кушониён, Ҷ.Балхи, Дӯстӣ, Қубодиён, Ҷайҳун, Балҷувон, Восеъ, Ёвон, Фархор-1 ҳолатӣ ва Шаҳритус-3 ҳолат).


         Сифати таҳсилот:

Тибқи ҳисоботҳои оморӣ дар соли таҳсили 2022-2023 ҷамъи хо-нандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят 844035  нафар (105074 нафар хонандагони синфҳои 1) - ро ташкил дода, аз ин теъдод, 727594  нафар дар ҷамбасти чоряки чорум, нимсолаи дуюм  ишти-рок намуданд, ки  он  (98,5 %)  аз ин бо баҳои “5” 95698 нафар (13,2%), ба-ҳои “4” 327842  нафар (45,1 %), баҳои “3”- 303514  нафар (41,7 %),   баҳои - “2” 540 нафар (0,07 %) -ро ташкил намуда, сифатноки дар миқёси вилоят 58,2 % ва дараҷаи азхудкунии дониш 99,9 % -ро ташкил намуд. 


Муассисаҳои таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон:

Айни ҳол дар ҳудуди вилоят 27 муассисаи таҳсилоти иловагӣ, ки дар он 332 маҳфил бо фарогирии 15093 нафар аъзоёни маҳфилҳо фаъолият менамояд. Инчунин, дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо 25433 маҳ-филҳои наздимуассисавӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 208272 нафар (25,0%) хонандагон ҷалб гардидаанд. Аз шумораи умумии хонандагони вилоят (844035 нафар) дар назди муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва муас-сисаҳои таълимӣ 223365  нафар (26,4%) аъзоён ҷалб шудаанд. 

Аз шумораи умумии 27 муассиса 18 - тои он, аз ҷумла МТИ-вилоят, МТИ-минтақаи  Кӯлоб, шаҳрҳои  Кӯлоб, Норак, ноҳияҳои Вахш, Панҷ, Шаҳритуз, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Дӯстӣ, Хуросон, Восеъ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Муъминобод, Темурмалик, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон соҳиби бинои  алоҳида буда, 8 муассисаҳои таҳсилоти иловагии  шаҳру ноҳияҳои вилоят аз қабили МТИ - и шаҳрҳои Бохтар, Левакант, ноҳияҳои Кушониён, Ёвон, Носири Хусрав, Ҷайҳун, Данғара, Ховалинг бинои алоҳида надорад, инчунин 26 муассисаҳои таҳсилоти ило-вагии шаҳру ноҳияҳои  МТИ-вилоят, МТИ-мин. Кулоб, шаҳрҳои Норак,  Кӯлоб,  ноҳияҳои Кушониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон, Панҷ, Шаҳ-ритуз,  Қубодиён, Носири Хусрав,  Ҷайҳун, Дустӣ, Хуросон, Данғара, Шам-сиддини Шоҳин, Муъминобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Темурмалик, Фархор, Восеъ, Балҷувон, Ховалинг, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар  соҳиби   мустаъқилияти молиявӣ буда, 1 муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳри Лева-кант мустақилияти молиявӣ надорад.


Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсат:

Дар Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳои ви-лоят 177 маҳфилҳои фаннӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо бештар аз 3365 хонандагони қобилиятноку боистеъдод фаро гирифта шудаанд. 

Айни замондар 13 шаҳру ноҳия (Ҳамадонӣ, Дӯстӣ, Балҷувон, Восеъ, Фархор, Норак, Қубодиён, Ш.Шоҳин, Кӯшониён, Левакант, Данғара, Ху-росон ва Ҷайҳун) Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо бинои ало-ҳида таъмин мебошанд. Вале 12 шаҳру ноҳия, аз ҷумла, дар шаҳру ноҳия-ҳои Ёвон, Н. Хусрав, Ховалинг, Темурмалик, Бохтар, Кӯлоб, Ҷомӣ,  Балхӣ, Вахш, Данғара, Панҷ, Шаҳритус Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо бинои алоҳида таъмин набуда, ҳанӯз дар биноҳои шуъбаи маориф ё дар заминаи ин ё он муассисаи таълимӣ фаъолият мебаранд.      

Ҷиҳати таъмин бо мустақилияти молиявӣ бошад, то имрӯздар маҷ-муъ 24 шаҳру ноҳия бо мустақилияти молиявӣ таъмин гардида, танҳо шаҳри Левакант ҳанӯз ба мустақилияти молиявӣ нагузаштааст.


 

 Олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон:

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дар олимпиадаҳои байналмилалӣ натиҷаҳои чашмрас ба даст оварданд.  Дар умум дар ин  олимпиадаҳо 2891 нафар хонандагон иштирок намуда, 385медал ба даст оварданд. Аз ин шумора 27 нафар ба медали тилло, 100 нафар  ба медали нуқра, 258 нафар ба медали биринҷӣ сазовор гардидаанд.

 Аз ҷумла, натиҷаҳои ба дастовардаи хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз рȳйи навъи ин олимпиадаҳо чунин арзёбӣ мегардад:

“Дониш дар Анталия” (Аз фанни забони англисӣ, русӣ, биология, география, физика): 11 ҷой (3 нафар ҷойи 2-юм, 8 нафар ҷойи 3-юм) ба даст оварда шуд: хонандагони шаҳри Бохтар 7 ҷой, шаҳри  Кӯлоб 1 ҷой ва  ноҳияи Дӯстӣ 3 ҷойро сазовор гардиданд.

“Архимед” (Аз фанни математика): 104 ҷой (2 ҷойи 1-ум, 16 ҷойи 2-юм, 86 ҷойи 3-юм ба даст омад. Аз ноҳияи Вахш 13 ҷой, шаҳри Бохтар 5 ҷой, шаҳри Норак 16 ҷой, ноҳияи М.С.А. Ҳамадонӣ 23 ҷой, ноҳияи Дӯстӣ 22 ҷой,  ноҳияи Данғара 19 ҷой, ноҳияи Шаҳритус 4 ҷой, ноҳияи Хуросон 1 ҷой ва ноҳияи Муъминобод 1 ҷойро сазовор гардиданд.

“Тенегл” (Аз фанни забони англисӣ:  22 ҷой ба даст оварда шуд: 2 ҷойи 1-ум, 10 ҷойи 2-юм, 10 ҷойи 3-юм. Инҳо  аз ноҳияи Восеъ (11 ҷой) ва шаҳри Кӯлоб (11 ҷой )-ро сазовор гардиданд. Қайд кардан бамаврид аст, ки ба даври ниҳоии Олимпиадаи мазкур Абубакри Ҳофиз - хонандагони синфи 10-уми литсей №2-и шаҳри Кӯлоб бо роҳхат даъват гардида, дар ин давра, ки дар шаҳри Лондони Шоҳигари Англия баргузор гардид аз вилояти Хатлон Абдубакри Ҳофиз хонандаи синфи 10 литсейи давлатӣ №1- и шаҳри Кӯлоб соҳиби ҷойи сеюм ва Худойқулова Омина хонандаи синфи 10 литсейи давлатии №1-и ноҳияи Восеъ соҳиби ҷойи дуюм гардиданд.

“Pangea Math World” -  (аз фанни забони англисӣ): Дар умум 3 ҷой (1 ҷойи 2 -юм, 2  ҷойи 3-юм) ба даст оварда шуд: аз ноҳияи Восеъ (2 ҷой), ноҳияи Данғара (1 ҷой)..

“Имас” (Аз фанни математика): - 4 ҷой (2  ҷойи 2-юм, 2 ҷойи 3-юм ба даст оварда шуд:  аз ноҳияи Ҷ.Балхӣ (1 ҷой), ноҳияи Данғара (1 ҷой),  ноҳияи Хуросон (1 ҷой), ноҳияи М.С.А. Ҳамадонӣ (1 ҷой ).

“Ҳиппо” (Аз фанни математика) -  44 ҷой (9 ҷойи 1-ум, 16 ҷойи 2-юм, 27 ҷойи 3-юм):  аз ноҳияи Восеъ (16 ҷой), шаҳри Бохтар (12 ҷой) ва шаҳри Норак (16 ҷой). Қайд кардан ба маврид аст, ки ба даври ниҳои Олимпиадаи мазкур 3 нафар хонандагони синфи 3 аз ЛБХБ шаҳри Бохтар: Файзуллозода Аҳмад (ҷойи 1-ум), Саидова Самира (ҷойи 2-юм), Соҳибова Омина (ҷойи 3-юм) барои иштирок дар даври ниҳоӣ, роҳхат ба даст оварданд. Санаи 18 - 25 июни соли 2023 дар кишвари Туртсия шаҳри Ан-қара даври ниҳои олимпиадаи мазкур баргузор гардид, ки аз вилояти Хат-лон як нафар хонандаи синфи 3 аз Литсейи барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бохтар Файзуллозода Аҳмад иштирок намуд.

“Имек” (Аз фанни математика)- 60 ҷой (1 ҷойи 1-ум, 23 ҷойи 2-юм, 36 ҷойи 3-юм ба даст оварда шуд. Аз ҷумла,  аз шаҳри Бохтар (52 ҷой), аз ноҳияи Восеъ (8 ҷой)-ро сазовор гардиданд.

Кенгуру (аз фанни математика) 147 ҷой (ҷойи якум 12 ҷой, ҷойи дуюм 43 ҷой, ҷойи сеюм 92 ҷой)-ро сазовор гардиданд.

Тазаккур бояд дод, ки дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаҳои фаннӣ миёни хонандагони синфҳои 5-6, 7-8, 9-10 ва 11, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят як қатор ҷойҳои намоёнро соҳиб гардиданд. Аз ҷумла,  хонандагони синфҳои 5 ва 6 ҳамагӣ 145 ҷой (аз ин 3 ҷойи якум, 19 ҷойи дуюм, 123 ҷойи сеюм), синфҳои 7 ва 8 ҳамагӣ 215 ҷой (аз ин 28 ҷойи дуюм, 187 ҷойи сеюм), синфҳои 9 ва 10 ҳамагӣ 221 ҷой (аз ин 7 ҷойи якум, 21 ҷойи дуюм, 193 ҷойи сеюм), синфҳои 11 ҳамагӣ 88 ҷой (аз ин 1 ҷойи якум, 13 ҷойи дуюм, 74 ҷойи сеюм) ва дар умум хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят дар ин давр яъне даври ҷумҳуриявӣ соҳиби 669 ҷойҳои намоён (аз ин 11 ҷойи якум, 81 ҷойи дуюм, 577 ҷойи сеюм) гардиданд, ки нисбати соли хониши гузашта 49 ҷой зиёд мебошад.

Ҳамзамон, қайд менамоем, ки дар ин давра Дар озмуни аттестати аъ-лои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра18 нафар хонандагони болаёқати ҳудуди вилоят аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Бохтар Литсейи давлатии Ориёно (1-нафар равияи табиӣ-риёзӣ - тилло) ва Литсейи давлатии №1 (4-нафар ра-вияи табиӣ-риёзӣ - тилло), Данғара МТМУ №4, МТМУ №16 (2-нафар равияи табиӣ-риёзӣ - тилло), Данғара Мактаби Президентӣ (1-нафар рави-яи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ - тилло), Данғара Гимназияи ҷумҳуриявӣ (2-на-фар равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ - тилло), Ёвон Мактаб интернати ҷумҳу-риявии кӯдакони ятим (1-нафар равияи универсалӣ-нуқра), Ёвон МТМУ №75 (1-нафар равияи табиӣ-риёзӣ - тилло), Ёвон МТМУ №1 (1-нафар ра-вияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ - нуқра), Фархор МТМУ №10 (1-нафар равияи универсалӣ-тилло), Фархор МТМУ №25 (1-нафар равияи табиӣ-риёзӣ - тилло), Вахш МТМУ №56 (1-нафар равияи табиӣ-риёзӣ - тилло), Норак Литсейи давлатии Нурбахш (1-нафар равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ – тил-ло), Кӯлоб Мактаби Президентӣ (1-нафар равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ - тилло) аз санҷиши ниҳоӣ бомуваффақият гузашта, ба гирифтани аттестати аъло мушарраф гардиданд.


         Филиали донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф:

Дар 7 моҳи соли 2023 аз тарафи филиалҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Бохтар 109 курс (103,8%) бо фарогирии 2587  нафар шунаванда (98,5%), 25  семинар (100%) бо теъдоди 718 нафар шунаванда (114%) ва дар шаҳри Кӯлоб 66  курс бо фарогирии 1501 нафар шунаванда ва 10  семинари мақсадноқ бо фарогирии 250  нафар гузаронида шуд. Дар умум аз тарафи филиалҳои донишкадаи вилоят 175 курс бо фарогирии 4088 нафар, 35 семинар бо фарогирии 968 нафар шунавандагон гузаронида шуд.


Ҳамкорӣ бо васоити ахбори омма:

Раёсати маорифи вилояти Хатлон бо васоити ахбори омма ҳамкории зич дошта, баҳри расонидани хабарҳои муҳими соҳа сомонаи расмӣ, саҳи-фаи махсус ва гурӯҳи алоҳидаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол намудааст. Аз он ҷумла, дар саҳифаи шабакаи Фейсбукӣ 5 ҳазор нафар ҳамарӯза аз хабару гузоришҳои гузошташуда бархӯрдор мегарданд.  Матлабҳои нашршудаи гурӯҳи фейсбукии Раёсати маорифро дар баробари сокинони минтақаҳои ҳудуди ҷумҳурӣ дар беш аз 20 давлати дунё мутолиа карда, шарҳ мегузоранд. Хусусан аз Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Германия, Эрон, Туркия, Бенин, Қирғизистон, ИМА, Британияи Кабир, Индия, Қазо-қистон хонандаҳои доимӣ доранд.

Инчунин, мунтазам хабару гузоришҳо тавассути шабакаҳои телеви-зионии «Тоҷикистон», « ТВ Сафина», «ТВ Ҷаҳоннамо», « ТВ Баҳористон», « ТВ Синамо», « ТВ Варзиш», «ТВ Хатлон», «ТВ Кӯлоб» ва «Мавҷи озод» пахш карда шуда, дар шабакаҳои телевизионии «ТВ Хатлон» ва «ТВ Кӯ-лоб» барномаҳои доимии «Оташнишони наврас», «Нозироти роҳ», «Оилаи масъулиятшинос», «Фурӯғи илм», «Навниҳол», «Чароғаки роҳнамо», «Биг-зор ҳамеша офтоб бошад» ва «Соҳибэҳтиром» бо иштироки кормандони соҳаи маориф, омӯзгорону хонандагон баргузор карда мешаванд. 

       Маҷаллаи «Мактаб» бошад ҳар моҳ ба нашр расида, бештар бо фарогирии мавзӯъҳо оид ба дастоварду муваффақиятҳои соҳаи маорифи вилоят, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, зич намудани ҳамкории волидон бо муассисаи таълимӣ ва раванди таълиму тарбия ба табъ расонида мешаванд.


         Обунашавӣ ба нашрияҳои соҳавӣ:

         Дар ин давра, обунашавӣ ба нашрияҳои соҳавии “Омӯзгор”, “Пай-рав”, “Маърифати омӯзгор”, “Маорифи Тоҷикистон”, Русский язык и лите-ратура, “Масъалаҳои методикаи таълим”, “Субҳи умед”, “Мактаб”, “Ғун-чаҳои Хатлон” идома ёфта, иҷроиши он ба 55,2% баробар аст. Дар баро-бари ин обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбӣ (Минбари халқ, Ҳамрози халқ), ҷум-ҳуриявӣ (Ҷумҳурият, Садои мардум, Бонувони Тоҷикистон), вилоятӣ (Хат-лон, Новый Хатлон) дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст, ки мунтазам рӯзномаҳо дастраси шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят мегарданд.

       Инчунин, қайд менамоем, ки кормандони соҳаи маорифи вилоят нақшаи чорабиниҳоро оид ба маъракаи Обуна-2024 дастрас намуда, дар ин самт дар якҷоягӣ корбарӣ намудаистодаанд.


         Ташаббусҳои нав дар соҳаи маорифи вилоят:

Бо андешидани тадбирҳои мушаххас ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии хонандагон як қатор озмунҳо ташкил ва баргузор гардид. Аз ҷумла, озмунҳои вилоятии “Ифтихори ватандорӣ” дар ҳамкории муш-тарак бо Раёсати Кумитаи давлатии аминияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон дар вилояти Хатлон, “Беҳтарин донандаи кодексҳои ҷиноятӣ”, “Оилаи масъулиятшинос” дар ҳамкории муштарак бо Раёсати Вазорати корҳои дохилаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, “Беҳтарин директори муассисаи таълимӣ” барои дарёфти ҷоизаи ба номи Соҳиб Табаров, Форуми “Омӯзгори навовар” дар ин Форум 29 лоиҳа аз тарафи омӯзгорони ҷумҳурӣ пешниҳод гардида, ғолиби ин озмун омӯзгори муассисаи таълимии №2-и ноҳияи Данғара Маҳмадиева Назокат эълон шуда, роҳхат ба даври байналмиллалӣ гирифта, дар давлати Португалия номи омӯзгорони Тоҷикистонро баланд бардошт, “Шӯрои ҳамоҳангсозии шари-кони рушд” бо мақсади дар ҳамбастагӣ бо созмону ташкилотҳои ҷамъиятию байналмиллалӣ, рушду таҳкими заминаи моддию техникии муассиса-ҳои таълимию тарбиявии соҳаи маориф,  кӯмаку ёрии техникӣ ба раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани фаъолияти методӣ ва олимпиадаи вилоятии «Ворисони Пешво» бо ҷалби 7250 нафар хонандагони синфҳои 3-4 ташкил ва гузаронида шуданд.


         Маркази таълимию методӣ, таъбу нашр ва таъмини маводи хониш:

Бо мақсади рушди бардавоми касбии омӯзгорон баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ёрӣ расонидан дар таҳияи ҳуҷҷатҳои кории маъму-рияти муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ «Рӯзи шуъбаи маориф дар муассисаи таълимӣ” ташкил карда шуда, кабинетҳои методии шуъбаҳои маориф вазифадор шуданд, ки дар давоми соли таҳсил ба ҳар як муассисаи таълимии ҳудуди шаҳр/ноҳия  вобаста ба ниёзи омӯзгорон ёрии методӣ расонанд.

Дар ин замина, озмунҳои ҷуҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон” даври вилоятӣ ташкилу роҳандозӣ шуда, дар озмун омӯзгори фанни фи-зикаи мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб Сулаймон Абдуқаҳор ҷойи якум-ро сазовор гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳхат гирифт, “Муррабии соли Тоҷикистон” озмун дар се давр баргузор гардида, дар даври вилоятӣ муррабии муассисаи тахсилоти томактабии №24-и ноҳияи Данғара Алимова Мастурамо ғолиби ҷйи якум гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт,  

Дар ин давра, семинарҳои омӯзишӣ доир ба татбиқи таълими салоҳиятнокӣ барои омӯзгорони фанҳои забонҳои русӣ, англисӣ ва лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” дар мавзӯи “Роҳбаладӣ - модели самараноки такмили маҳорати касбии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ”, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо филиалҳои Дониш-кадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи мао-риф дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб гузаронида шуд.  

Бояд қайд намуд, ки дар ин давра, “Рӯзи Раёсати маорифи вилоят”  4 адад (ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ҷ.Балхӣ, Фархор), «Рӯзи шуъбаи маориф дар муассисаи таълимӣ” 86 адад ва семинарҳо 34 адад ташкил ва гуза-ронида шуд.

Ҳамзамон, қайд менамоем, ки бо дастгирии ташкилоти байнал-миллалии ЮНИСЕФ ба Маркази таълимию методӣ, таъбу нашр ва таъ-мини маводи хониши назди Раёсати маорифи вилоят 16 адад компютер (нотбук), 16 адад планшет, 1 адад телевизори ранга, 2 адад сканер, 2 адад проектор, 6 адад принтер (2 адада ранга) ва 2 адад кондитсонер кӯмакӣ техникӣ расонида шуд.


Шарикони рушди ҳамкор:

Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ дар асоси созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактуби ҳамкориҳо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар татбиқи лоиҳаҳои зерин дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои вилоят саҳм гузошта истодаем. Аз ҷумла, бо ЮСАИД (USAID)- Лоиҳаи “Биё, ҳамроҳ биомӯзем”, бо ЮНИСЕФ  ва Бонки исолмии рушд  Барномаи рушди бардавоми касбии омӯзгорон,  бо Шуъбаи Ташкилоти “Good Neigh-borsЛоиҳаи “Кӯдакони солим” бо Лоиҳаи USAID “Модари солимкӯдаки солим”, бо Ташкилоти ҷамъиятии Фонди Тоҷикистонии Оғохон дар доираи Лоиҳаи “Мактабҳои 2030” боТашкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифатбо Ташкилоти ҷам-ъиятии «Ҷуръат» ҷиҳати омӯзиши иловагии забонҳои англисӣ, русӣ, неми-сӣ, ҳамчунин, таълими иловагии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ.


Эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ:

Тибқи маълумоти  маркази таҳия, нашр ва муомилоти китоби дарсӣ, илмию методи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 15 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аз рӯи 151 номгӯи китобҳои дарсӣ ба 1 791 248 нусха эҳтиёҷ дошта, дар 10 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилоят бошад 1 167 378-ро ташкил медиҳад, ки дар маҷмуъ, муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба 2 958 626 нусха китобҳои дарсӣ эҳтиёҷ доранд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки қарзи умумии маблағи китобҳои дарсӣ аз ҳисоби солҳои гузашта дар ҳудуди вилоят ба санаи 1 январи соли 2022 ба 11 миллиону 438 ҳазору 487 сомонӣ баробар буд, ки дар давоми соли ҷорӣ бо корбарии Раёсати маорифи вилоят 1 миллиону 804 ҳазору 556 сомонӣ ва бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 582 ҳазору 306 сомонӣ дар умум 4 миллиону 386 ҳазору 862 сомонӣ кам карда шуда, вобаста ба бартараф намудани бақияи қарз 7 миллиону 51 ҳазору 625 сомонӣ корҳо идома доранд.


Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат»:

Дар даври якумиозмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар қаламрави вилоят 46557 нафар иштирок намуда, дар маҷмӯъ ба даври шаҳрӣ\ноҳиявии озмун 9072 нафар (занону духтарон 4221 нафар) роҳхат гирифтанд, ки аз шумораи умумии иштирокчиёни даври  шаҳрӣ\ноҳиявӣ ба даври вилоятии озмуни мазкур 1337 нафар (занону духтарон 482 нафар) роҳхат гирифтанд.

Айни замон омодагӣ барои иштирок дар даври вилоятӣ идома дорад.


Озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст»:

         Дар даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ҳудуди вилоят 53519 нафар шаҳрвандон иштирок карда, ба даври дуюми озмун 11188 (аз ин духтарон 7267) нафар шахрвандон роҳхат гириф-танд, ки аз шумора умумии иштирокчиёни даври дуюм ба даври сеюми оз-мун ҳамагӣ 1170 (аз ин духтарон 876) нафар роҳхат гирифтанд.

         Бояд қайд намуд, ки омодагӣ барои иштирок ба даври сеюми озмун идома дорад.


Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» оинаи таърихи миллат»:

         Дар даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» оинаи таърихи миллат» дар ҳудуди вилоят 24415 нафар шахрвандон иштирок карда, аз ин шумора ба даври дуюми озмун 7685 нафар шаҳрвандон роҳхат гирифтанд, ки аз шумораи умумии иштирокчиёни даври дуюм ба даври сеюм бошад ҳамагӣ 378 нафар роҳхат гирифтанд.       

Чорабиниҳои муштараки соҳавӣ:

Дар доираи ҳамкориҳо бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Нақшаи амалиётҳои муштарак дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон тасдиқ гардида, дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ташаббуси  “Соати сиёсӣ” (аз тарафи 19090 маърӯзачӣ то давраи ҳисоботӣ бо фарогирии 624383 шунаванда) роҳандозӣ гардида, мунтазам дар охири ҳар моҳ мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида гузаронида мешавад.

Дар доираи Амалиёти муштараки “Мактаби ман”, ки мувофиқи ҷад-вали тасдиқгардида охири ҳар моҳ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи уму-мии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон гузаронида мешавад, корҳои табли-ғотӣ идома ёфта, давоми 5 моҳи соли 2023 ба муассисаҳои таълимӣ 48676 нафар собиқ хатмкунандагон ҳозир шуда, ҷиҳати корҳои ободонӣ ба муассисаҳои таълимӣ дар шакли пӯлию молӣ кӯмакҳои худро расониданд. Мувофиқи ҳисоботҳои омории КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон аксияи мазкур ба муассисаҳо ба маблағи 1382325 сомонӣ даромад овардааст.

Ҳамчунин, қайд менамоем, ки дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии Мададгори мудофиа, Кумитаи иттифоқи касаба, Комиссарияти ҳарбӣ, Раёсати корҳои дохилӣ, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷкистон, бахши ҳуқуқи кӯдак, Раёсати ҷавонон ва варзиш, Раёсати кор бо занон ва оила як қатор озмуну чорабиниҳои сантҳи ноҳивию вилоятиро ба нақша гирифта, амалӣ намуда истодаем. 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло