ИҚДОМИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРӢ ДАР ҲАМБАСТАГӢ БО НАШРИЯИ "ОМӮЗГОР"

 Дӯстони азиз, озмун то 20-уми сентябри соли равон идома дорад, фаъол буданро аз даст надиҳед.
ИҚДОМИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРӢ ДАР ҲАМБАСТАГӢ БО НАШРИЯИ "ОМӮЗГОР"
Дар ҳар як гӯшаву канори Ватани азизамон устодону омӯзгорони фидоию дилсӯз ва тарбиятгари насли фардои кишвар фаъолияти пурбор доранд.
Бо як сухани хуб, лавҳаву қиссаву ҳикоя ё навиштаи самимие метавон онҳоро боз ҳам руҳбаланду ҳавасманд гардонид. Тавре медонем, ҳарфи меҳромезу фараҳафзо қалби инсонро шод мегардонад...
Дар муаррифии омӯзгорони асилу заҳматпешаи Тоҷикистон фаъол бошем, азизон.
Чандест, ки Вазорати маориф ва илм дар ҳамбастагӣ бо нашрияи "ОМӮЗГОР" барои шумо ин имконро фароҳам оварда, ки меҳрномаҳоятонро дар бораи муаллимону устодони пешқадаму навовар рӯйи чоп оваред.
Дӯстони арҷманд, мо - аҳли қалами ҳафтанома навиштаҳои хубу хонданӣ ва дилчаспи шуморо интизорем.
ДИҚҚАТ, ОЗМУН:
ОМӮЗГОР - МАШЪАЛАФРӮЗИ ҶОМЕА
Дар ҷомеаи мо бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф соҳаи афзалиятнок эълон шудааст ва вобаста ба ин, мақому мартабаи омӯзгорон ҳамчун машъалафрӯзони ҷомеа боз ҳам боло рафтааст. Пешвои миллат омӯзгоронро неруи тавонову пешбар ва сарчашмаи илму маърифат номидаанд. Дар осори ниёгони барӯмандамон низ омӯзгорон дар сатҳи баланд ситоиш шудаанд.
Бо ҳадафи татбиқи дастуру пешниҳодоти Пешвои миллат оид ба мақому эҳтироми омӯзгорон ва арҷгузории хидматҳои мондагору пурифтихори аҳли таълиму тарбия Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот бо ҳафтаномаи «Омӯзгор» зери унвони умумии «Омӯзгор – машъалафрӯзи ҷомеа» барои беҳтарин мақолаҳо, лавҳаву ситоишномаҳо ва асарҳои публитсистӣ озмун эълон мекунад.
Мақолаҳо бояд тафсирбахши сиёсати маорифпарваронаи Президенти ҷумҳурӣ, ифодагари мақому мартабаи баланди омӯзгор дар ҷомеа, заҳмати эҷодкоронаву пурсамари тарбиятгарон ва тараннумсози хислатҳои наҷиби онҳо бошанд. Аз суханони умумӣ ва бозгӯии тарҷимаи ҳоли омӯзгорон худдорӣ бояд кард. Ба мақолаҳое, ки навоваронаю муҷазанд ва забони шевову ҷаззоб доранд, афзалият дода мешавад. Озмун аз рӯзи эълон шуданаш то 20 сентябр идома меёбад ва дар арафаи Рӯзи омӯзгорон (якшанбеи нахустини моҳи октябр) ҷамъбаст мегардад.
МУКОФОТҲО БАРОИ ҒОЛИБОН:
Ҷои 1 – 2500 сомонӣ
Ҷои 2 – 2000 сомонӣ
Ҷои 3 – 1500 сомонӣ
Ба ғолибон, ҳамчунин, ифтихорнома ва бастаи китобҳо супорида мешавад
ТАЪКИД: Ҳаҷми мақолаҳое, ки ба рӯзнома фиристода мешаванд (n.omuzgor@maorif.tj), на бояд аз 3-4 саҳифаи чопи компютерӣ (ҳарфи Times New Roman Tj. 14 – 1,5 интервалӣ) зиёд бошад, дар акси ҳол, ба озмун роҳ намеёбанд. Пас аз ҷамъбасти озмун мақолаҳо дар шакли китоби алоҳида интишор хоҳанд шуд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Ҳафтаномаи «Омӯзгор»
 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло