- Ташаббусе, ки бори аввал пиёда мешавад -

НОМАИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ХОНАНДАГОНИ СИНФИ ЯКУМ
Тибқи Фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба татбиқи барномаи давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум ба муҳити муассисаҳои таълимӣ барои соли таҳсили 2023-2024" аз санаи 7-уми август дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум оғоз гардид.
Номаи шодбошии раиси вилоят ба хонандагоне, ки бори аввал ба муассисаи таълимӣ қадам ранҷа мекунанд, ташаббусест, ки аввалин маротиба пиёда мегардад.
Номаи шодбошии раиси вилояти Хатлон бо як ҷаҳон самимият ва умеду таманнои беохир омода гардида, хонандагони синфи якумро ба таҳсили намунавӣ, хулқу атфоли нек ва роҳи дуруст, ватанпарастию инсондӯстӣ даъват менамояд.
Воқеан, ин ташаббуси раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид аз ихлосу самимият ва таваҷҷуҳ ба насли оянда дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мебошад. Номаи шодбошии мазкур ба хонандагони синфи якум ва волидони онҳо ҷиҳати беҳтар шудани фаъолнокию таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат хоҳад кард.
 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло