ОМӮЗИШИ НУКТАҲОИ МУҲИМИ ПАЁМИ НАВБАТӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

о мақсади омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо, вакилони маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳӣ баргузор шуда истодаанд. Хусусан, дар маркази вилоят дар муассисаҳои таълимии №12 ва №7 мулоқоти гурӯҳҳои корӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Баротзода Файзулло Раҷаб, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Нурализода Алихон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Абдуназарзода Шоиста, сармуҳаррири нашрияи вилоятии "Хатлон" Маъмурзода Носирҷон, Офоқ Қодириён шоира, муовини раиси шаҳр Қурбонзода Наргис, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло иштирок ва суханрони намуданд.
Дар дигар муассисаҳои таълимӣ ва шаҳру ноҳияҳо низ чунин вохӯриҳо баргузор шуда истодаанд.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло