ТАҲЛИЛИ МУШТАРАКИ СОҲАИ МАОРИФ

27 феврали соли ҷорӣ дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Таҳлили муштараки соҳаи маориф» баргузор гардид. Дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндаи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE), сарпарасти Тоҷикистон Муҳаммад Тариқ Хон, роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) Артур ван Дизен, сардори бахши ҳамкории Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Марк Бухманн, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, кормандони соҳаи маориф ва дигар шарикони рушд иштирок намуданд.
Раҳим Саидзода қайд намуд, ки дар ин конференсия ҳамаи самтҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавриди баррасӣ қарор мешавад. Дар баробари ин, ҷиҳати амалишавии стратегияи мазкур Вазорати маориф ва илм ҳавасманд аст, ки бо ҷонибҳои гуногун ҳамкориҳоро тақвият бахшад.
Сипас намояндаи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE), сарпарасти Тоҷикистон Муҳаммад Тариқ Хон, роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) Артур ван Дизен ва сардори бахши ҳамкории Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Марк Бухманн суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамкории ин ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар марҳилаи хуб қарор дошта, дар оянда низ тақвият хоҳанд ёфт.
Дар идома маърузаҳои директори иҷроияи ташкилоти ҷамъиятии “Иқтисод ва маориф” Шодибег Қодиров оид ба амалигардонии “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бо Нақшаи амалисозии миёнамуҳлат барои солҳои 2024-2026, мушовирон ва коршиносони байналмилалӣ Штефан Зиверт ва Фатҳиддин Усмонзода доир ба роҳҳои ҳалли инноватсионии маблағгузории муштарак барои беҳтарсозии самаранокӣ ва таъсирнокии хароҷот дар соҳаи маориф шунида шуд.
Ёдовар мешавем, ки конференсияи мазкур рӯзҳои 27-28 апрели соли ҷорӣ баргузор мегардад.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло