ХАТЛОН: БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “БАРНОМАСОЗИ БЕҲТАРИН”

Имрӯз, 12 марти соли равон дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорати маориф ва имлми кишвар бо ибтикори Раёсати маорифи вилоят ва Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон озмуни вилоятии “Барномасози беҳтарин” доир карда шуд.
Дар озмуни мазкур хонандагони синфҳои 10,11-и муассасаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназия, литсейҳо аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаъолона иштирок намуданд.
Рафти озмуни вилоятии “Барномасози беҳтарин” нишон дод, ки ҷой аввал насиби хонандаи мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб Гулмаҳмадзода Имрон, ҷой 2-юм насиби хонандаи синфи 11-и литсейи давлатии "Ориёно"-и шаҳри Бохтар Фатҳиддинзода Фариддун ва ҷой 3-юмро бошад хонандаи синфи 7-уми муассасаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ №18-и ноҳияи Данғара Сайдакбари Сафаралӣ ишғол намуданд.
Дар охир озмун ғолибон бо Ифтихорномаи сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва туҳфаҳои хотиравии масъулини Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадршиносӣ шуданд.
Директори Марказ Акмал Нурализода, зимни суҳбат хабар дод, ки мақсад аз баргузории озмуни вилоятии “Барномасози беҳтарин” ин пеш аз ҳама рушди фаъолияти эҷодӣ, дарёфти истеъдодҳои ҷавон, баланд бардоштани тафаккури техникии наврасон мебошад.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло