ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН ДАВРИ МАКТАБИИ ОЗМУНИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ..." ГУЗАРОНИДА ШУД!

Тазаккур бояд дод, ки соли шашум аст, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхониву тақвияти неруи зеҳнӣ миёни аҳолии мамлакат, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар ташкилу баргузор карда мешавад.
Дар ноҳияи Қубодиён даври мактабии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ташкилу баргузор карда шуд, ки дар он намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон Маърифат Ғуломзода ва ҳамчунин дигар шахсони масъул иштирок намуд.
Дар оғози озмуни мазкур Маърифат Ғуломзода намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба сухан баромада изҳор аз он дошт, ки дар ҳақиқат, сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сокинони диёрамонро рӯ ба китобу китобхона овардааст.
Қайд гардид, ки тули чанд соле, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад, бешак, шоҳиди он мегардем, ки шумораи дӯстдорони каломи бадеъ меафзояду аудиторияи онҳо васеъ мегардад.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло