НАЗОРАТУ КОРБАРӢ ОИД БА ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ

 Дар коллеҷи инноватсионии шаҳри Бохтар бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ ташкил гардид, ки дар он сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода, роҳбарони филиалҳои бонкҳои Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар, намояндагони раёсати молия, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф, иқтисодчиён ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.
 Нахуст, Ғазалшоҳ Сафарзода оид ба ҳадафи ташкили семинар изҳори назар кард. Қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми август пардохти ҳаққи хидматрасонии давлатӣ, боҷҳо, андозҳо, пардохтҳои хидматрасонии манзилу коммуналӣ, тиббӣ комилан ғайринақдӣ сурат гирифта истодааст. Ин тадбир тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи чораҳои густариши пардохтҳои ғайринақдӣ” ҷорӣ карда шудаст. Ба тамоми сохторҳо қабули пардохтҳо бо пули нақд манъ аст.
Сипас, роҳбарияти бонкҳои минтақавӣ ва вилоятӣ, намояндагони раёсати молия оид ба масъалаи мазкур баромад карданд. Ба таври васеъ тамоми самтҳои корбарӣ ва талаботу уҳдадорӣ вобаста ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ шарҳ доданд.
Қисмати дигари семинари омӯзиширо суолу ҷавоби озод ташкил медод, ки ба суолҳои мудирони шуъбаву бахшҳои маориф ва дигар кормандони соҳа намояндагони бонкҳо ва молия ҷавобҳои қонеъкунанда доданд.
Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло