БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНӢ

 Санаи 25-уми сентябри соли равон ҷаласаи навбатии онлайнии сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода бо  мудирони шуъбаву бахшҳои маориф ва дигар кормандони соҳа баргузор карда шуд.


Дар ҷаласаи онлайнӣ вобаста ба супоришҳои раиси вилояти Хатлон ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот, таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои лаёқатманди омӯзгорӣ, муҳайё сохтани шароити мусоиди таълиму тарбия, сару либоси ягонаи мактабӣ, тозагию ободонӣ дар муассисаҳои таълимӣ, таъминоти хонандагон бо ҷиҳози хониш изҳори назар гардид.


Пас аз таҳлилу баррасии вазъи сифати таҳсилот, шароити таълиму тарбия, инчунин дар хусуси натиҷаи санҷишу назорати сардори раёсати маориф дар муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён андешаронӣ карданд.


Таъкид гардид,ки бо дарки масъулияти баланд кормандони соҳаи маориф ва омӯзгоронро зарур аст,ки баҳри мустаҳкам намудани ҳамкории муассисаи таълимӣ бо падару модарон, баланд бардоштани сифати таҳсилот, бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва тозагию ободонӣ дар муассисаҳои таълимӣ, бештар намудани натиҷа дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ бо истифода аз имконияти мавҷуда кӯшиш намоянд.


Барои беҳтар намудани раванди корӣ ва расидан ба натиҷаҳои назаррас сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода масъулинро вазифадор намуд.


Хадамоти матбуоти


Раёсати маорифи вилояти Хатлон

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло