НАЗОРАТИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ ВА ВОХӮРИИ СУДМАНД
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои раиси вилояти Хатлон ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар соҳа ҷойдошта, фарогирии хонандагон ба таҳсил, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, ҷалби хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ имрӯз сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон муҳтарам Абдулзода Зиёдулло Назар аз якчанд муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дидан намуд.
Рафти шиносоӣ аз ҷамъомади пагоҳирӯзии муассисаи таълимии №32 - и ноҳияи Кӯшониён оғоз гардида, сардори раёсати маориф дар ҷамъомади мазкур баромад кард. Зимни суханронӣ дар бораи дастгириҳои пайвасати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати тарбияи насли наврас, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, ифтихор аз муқадасоти миллӣ ва муаррифии дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ мисолҳо оварда, нисбати дермонии хонанадагон ба дарс ва дер омадани баъзе омӯзгорон ба кор эрод гирифта шуд. Инчунин, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон муҳтарам Абдулзода Зиёдулло аз рафти дарсҳо дидан намуда, бо сатҳи дониши хонандагон, ҳолати омодагии онҳо ба дарс ва малакаи касбии омӯзгорон шинос шуд. Дар рафти суҳбат ба китобхонии хонандагон ва омӯзгорон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Сардори раёсати маориф аз сатҳи пасти иштироки хонандагони муассиса дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ мисол оварда, вобаста ба таъкидҳои Пешвои муаззами миллат нисбати таълиму тарбияи насли наврас ёдовар гардид. Омӯзгорони муассисаи таълимӣ вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати ҷалби хонандагон ба китобхонӣ аз ҳамагуна имкониятҳо мусоид истифода намоянд. Ҳамзамон, ҷиҳати шавқовар ва ҳавасманд гузаштани дарсҳо, ки яке аз воситаҳои ҷалби хонандагон ба дарсҳо мебошад, ба омӯзгорон тавсияю маслиҳатҳои методӣ дода шуд.
Дар рафти шиносоӣ оид ба сифати таҳсилот, сару либоси ягонаи мактабӣ, пешгирии наврасон аз амалҳои номатлуб ва гаравидан ба гурӯҳҳои ифротӣ, дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия ёфтани хонандагон, ба дарс овародани китобу дафтар ва дигар лавозимоти хониш изҳори назар карда шуд. Инчунин, нисбати ҷамбасти соли таҳсил, аттестатсияи аз синф ба синф гузарӣ ва хатм, пешгирии ғарқшавии хонандагон ва вазифаҳо барои давраи таътили тобистона таъкид гардид.