САНҶИШИ ДОНИШУ МАҲОРАТИ ХОНАНДАГОН ВА РОҲХАТ БА ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Ҳоло даври вилоятии олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон муташаккилона идома дорад. Ғолибони даври минтақавии олимпиада аз рӯйи фанҳо донишу маҳорати худро месанҷанд.
Хусусан, даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ аз рӯйи фанҳои гуногун дар шаҳру ноҳияҳо гузашта истодааст. Аз ҷумла, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №16-и шаҳри Бохтар даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои физика, биология ва математика баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории олимпиадаи мазкур дарёфти хонандагони болаёқат, ташаккули тафаккури онҳо ва ангезиш додани зеҳни хонандагон ба ҳисоб меравад.
Директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилояти Хатлон дар ифтитоҳи даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ суханронӣ намуд.
Таъкид карда шуд, ки дар олимпиада бояд танҳо номзадҳои арзанда ба сатҳи ҷумҳурӣ роҳхат бигиранд. Зеро онҳо дар ҷумҳурӣ бо ғолибони дигар минтақаҳо маҳоратсанҷӣ мекунанд. Кӯшиш мекунем,ки шумораи медалҳо нисбати соли гузашта дар ҷумҳурӣ барзиёд бошад.
Хадамоти матбуотии
Раёсати маорифи вилояти Хатлон