30+50=?

"Усули инсонмеҳвар" сохти таркибӣ ва мундариҷаи ғоявии Лоиҳаи "Мактабҳои 2030" -ро ташкил медиҳад. Зеро ин лоиҳа дар маркази татбиқ рушди ҳаматарафаи инсонро қарор дода, имкон медиҳад, ки омӯзгор тибқи арзёбии хонандагони синфи худ мушкилот ва монеаи рушди натиҷаҳои ҳамаҷонибаи омӯзишро муайян ва барои ҳалли он роҳҳал (лоиҳа) пешниҳод намояд.Татбиқи муваффақонаи роҳҳали пешниҳодшудаи омӯзгорон аз тарафи Шарики боэътимоди рушди соҳаи маориф (ФТО) дастгирӣ ёфта, дар такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва рушди салоҳиятҳои хонандагон манфиати калоне бо бор меорад.Бояд зикр намуд, ки Лоиҳаи "Мактабҳои 2030" дар оғоз яъне соли 2020 - ум 30 ва соли 2023 - юм 50 муассисаи таҳсилоти умумии вилояти Хатлонро фаро гирифта, онҳоро бо дархости худи омӯзгорон, ки тавассути роҳҳалҳо манзур гардида буд, бо маводҳои зарурии таълим таъмин намуд. Мусаллам аст, ки таъмини муассисаи таҳсилоти умумӣ бо ашёҳои зарурӣ ин таъмини шароити мусоиди таълим барои муваффақона амалӣ гардидани мақсадҳои тадрис мебошад Аз ин хотир, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди Тоҷикистонии Оғохон дар доираи лоиҳаи "Мактабҳои 2030" ба 80 муассисаи таълимии вилояти Хатлон ашёҳои таълимӣ ва маводи техникӣ кӯмак намуд. Ин тадбир ба рушди муттасили касбии омӯзгорон, натиҷаҳои ҳамаҷонибаи омӯзиши хонандагон мусоидат намуда, дар устувор гардидани пояҳои моддӣ ва техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тақвияти комилро ба бор хоҳад овард. Ва ҳамзамон, ин равиш ба рақамикунони соҳаи маориф ва ба "таълими омехта"-,, и муассисаҳои таълимӣ тақвият мебахшад.Маркази таълимию методии Раёсати маорифи вилояти Хатлон бо дастури сардори раёсати маорифи вилоят дар таҳкиму татбиқи лоиҳаи "Мактабҳои 2030" аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамояд.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло