ТАКМИЛИ МАҲОРАТ ВА МУАЙЯН НАМУДАНИ ТАҶРИБАИ ПЕШҚАДАМ

Бо мақсади муайян намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, роҳбари ташаббускор ва навовар, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва амалигардонии қарори мушовараи Раёсати маорифи вилояти Хатлон, ҷиҳати татбиқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30.01.2024 даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии “Беҳтарин роҳбари Созмони хонандагон-2024”, ”Беҳтарин роҳбари маҳфили муассисаи таҳсилоти иловагӣ” гузаронида шуд. Дар озмунҳои болозикр 25 нафар роҳбарони Созмони хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва 25 нафар роҳбарони маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилотии иловагии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки ғолиби даври аввали озмун буданд иштирок намуданд. Савияи дониш ва маҳорати касбии довталабон аз рӯйи талаботҳои Низомномаи тасдиқгардидаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди назарсанҷӣ қарор дода шуд. Қобилияти навоварӣ, малака ва фаъолияти зеҳнию эҷодӣ, фаъолияти ҳуҷҷатнигорӣ, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълиму тарбия яке аз шартҳои озмунҳо ба шумор рафта, қобилияти довталабон санҷида шуд.


 


 






 





 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло