- Мушовара -

ТАҲЛИЛУ БАРРАСИИ БЕШ АЗ 10 МАСЪАЛАИ СОҲАИ МАОРИФ
Имрӯз, дар толори маҷлисии раёсати маориф мушовараи соҳаи маориф баргузор гардид, ки дар он сардори раёсат Ғазалшоҳ Сафарзода, директорҳои марказҳои соҳаи маориф ва мудирони шуъбаву бахшҳои маориф ширкат карданд.
Дар рафти мушовара вобаста ба масъалаҳои "Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030", вазъи таълиму тарбия, назорати дохилитаълимгоҳӣ, сатҳу сифати таҳсилот ва натиҷагирӣ аз он оид ба ҳамаи фанҳои таълимӣ дар шӯъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳияи Хуросон, иҷроиши Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 дар шӯъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Восеъ ва Ҳамадонӣ, иҷрои Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027 дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Ёвон, Фархор ва Темурмалик иштирокчиён ҳисобот доданд.
Ҳамзамон, омӯзиш ва пешниҳоди ҳисобот оид ба фаъолияти кабинетҳои методӣ, дар сатҳи ташкили машваратҳои дастурдиҳӣ, такмили маҳорати касбии кормандони соҳаи маориф ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хусрав, иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон "Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024" дар шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мавриди таҳлилу омӯзиш ва дастурдиҳӣ қарор дода шуд.
Дар бораи дигар самтҳо соҳаи маорифи вилояти Хатлон мушовара идома ёфт.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло