ЭЪЛОНИ АКСИЯИ НАВ

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ва ба ифтихори ҷашнҳои миллию давлатии дарпешистода аксияи вилоятии “Мо – омӯзгорон рисолати созандагӣ дорем!” аз тарафи Раёсати маорифи вилояти Хатлон эълон карда мешавад.
Дар аксияи мазкур кормандони соҳаи маориф, омӯзгорону хонандагон ва волидони толибилмон фаъолона ширкат намуда, саҳми худро дар хурраму сарсабз намудан ва тозаю обод кардани манзили зист то кӯчаву маҳалла ва ҳудуди муассисаҳои таълимӣ гузошта метавонанд.
Хусусан, дар рӯзҳои истироҳатӣ ба шинонидани ниҳолҳои сояафкану ороишӣ, мевадиҳанда, гулу гулбуттаҳо машғул хоҳанд шуд.
Аксияи мазкур то ҷашни Наврӯзи хуҷастапай идома меёбад.
Аз ҳамаи кормандони соҳаи маориф, омӯзгорону хонандагон ва волидони толибилмон даъват ба амал меорем, ки дар аксияи номбурда фаъолона иштирок карда, саҳми худро дар тозагию ободонии як гӯшаи диёр гузоранд!
 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло