Маркази таълимию методӣ, таъбу нашр ва таъмини маводи хониш

Бо мақсади рушди бардавоми касбии омӯзгорон баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ёрӣ расонидан дар таҳияи ҳуҷҷатҳои кории маъму-рияти муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ «Рӯзи шуъбаи маориф дар муассисаи таълимӣ” ташкил карда шуда, кабинетҳои методии шуъбаҳои маориф вазифадор шуданд, ки дар давоми соли таҳсил ба ҳар як муассисаи таълимии ҳудуди шаҳр/ноҳия  вобаста ба ниёзи омӯзгорон ёрии методӣ расонанд.


Дар ин замина, озмунҳои ҷуҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон” даври вилоятӣ ташкилу роҳандозӣ шуда, дар озмун омӯзгори фанни фи-зикаи мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб Сулаймон Абдуқаҳор ҷойи якум-ро сазовор гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳхат гирифт, “Муррабии соли Тоҷикистон” озмун дар се давр баргузор гардида, дар даври вилоятӣ муррабии муассисаи тахсилоти томактабии №24-и ноҳияи Данғара Алимова Мастурамо ғолиби ҷйи якум гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт,  


Дар ин давра, семинарҳои омӯзишӣ доир ба татбиқи таълими салоҳиятнокӣ барои омӯзгорони фанҳои забонҳои русӣ, англисӣ ва лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” дар мавзӯи “Роҳбаладӣ - модели самараноки такмили маҳорати касбии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ”, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо филиалҳои Дониш-кадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи мао-риф дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб гузаронида шуд.  


Бояд қайд намуд, ки дар ин давра, “Рӯзи Раёсати маорифи вилоят”  4 адад (ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ҷ.Балхӣ, Фархор), «Рӯзи шуъбаи маориф дар муассисаи таълимӣ” 86 адад ва семинарҳо 34 адад ташкил ва гуза-ронида шуд.


Ҳамзамон, қайд менамоем, ки бо дастгирии ташкилоти байнал-миллалии ЮНИСЕФ ба Маркази таълимию методӣ, таъбу нашр ва таъ-мини маводи хониши назди Раёсати маорифи вилоят 16 адад компютер (нотбук), 16 адад планшет, 1 адад телевизори ранга, 2 адад сканер, 2 адад проектор, 6 адад принтер (2 адада ранга) ва 2 адад кондитсонер кӯмакӣ техникӣ расонида шуд.


Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло