Хатлон. ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНӢ ВА ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ СОҲАИ МАОРИФ
Санаи 20 - уми майи соли равон ҷаласаи онлайнии сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон муҳтарам Абдулзода Зиёдулло Назар бо мудирони шуъбаву бахшҳои маориф, директори муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон баргузор карда шуд.
Сардори раёсати маориф ҷаласаи онлайниро роҷеъ ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҷалби довталабон аз деҳаҳои дурдаст ба Квотаи президентӣ ва дигар самтҳои таълиму тарбия доир намуд.
Дар ҷаласаи онлайнӣ сару либоси ягонаи мактабӣ, омодагӣ ба анҷоми соли таҳсил, дар сатҳи баланд гузаронидани аттестатсияи аз синф ба синф гузарӣ ва хатм, иштироки хатмкунандагон дар имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ ва ҳуҷҷатсупорӣ ба макотиби хориҷи кишвар, мувофиқи матлаб баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, мустаҳкам намудани ҳамкории волидон бо муассисаи таълимӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию бунёдкорӣ, такмили касбияти омӯзгорон, омодагӣ ва доир намудани чорабиниҳо ба ифтихори “40 рӯзи ҳаёти кӯдакон” ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ ва вазифагузорӣ қарор гирифтанд.