- Мушовараи соҳаи маориф -

БАРРАСӢ ВА ТАҲЛИЛИ ЯК МОҲ
Дар толори маҷлисии Раёсати маорифи вилояти Хатлон мушовараи навбатии соҳаи маориф баргузор гардид, ки дар он сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода, муовин, мудирони шуъба, кормандони раёсат, директорҳои марказҳои зертобеи раёсати маориф, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф ва дигар масъулин ширкат доштанд.
Дар ҷаласаи мушовара сифати таҳсилот, давомоти хонандагон, натиҷаи назорати гурӯҳи кории раёсати маориф, фаъолияти маҳфилҳои беруназсинфӣ, омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, фаъолнокӣ дар олимпиадаи фаннӣ, таъминот бо китоби дарсӣ, сару либоси ягонаи мактабӣ, ҳолати зимистонгузаронӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор гирифтанд.
Дар рафти ҷаласаи мушовара сардори раёсати маориф ва дигар иштирокдорон оид ба масъалаҳои болозикр баромад карданд.
Ғазалшоҳ Сафарзода барои ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта ва мусоидат дар рушди соҳаи маориф масъулинро вазифадор кард.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло