Ғолибияти навбатии маорифчиёни вилояти Хатлон
СУХАНОРОИ МУРОДБЕГ - ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2024» ГАРДИД
Суханорои Муродбег ғолиби озмуни ҷумҳуриявии "Мурабби соли Тоҷикистон - 2024" гардида, аз тарафи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода мавриди қадрдонӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем,ки мураббияи Муассисаи давлатии таълимии томактабии №16 ба номи “Ситора”- и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Суханорои Муродбег дар озмуни ҷумҳуриявӣ байни ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ғолиб дониста шуд.
Суханорои Муродбег дар сатҳи вилоят байни 25 шаҳру ноҳия ғолиб омад ва ба ҷумҳурӣ роҳхат гирифт. Дар сатҳи ҷумҳурӣ байни 5 довталаб аз муассисаҳои томактабӣ - Суханорои Муродбег аз вилояти Хатлон, Фирӯза Ғаюрова аз шаҳри Душанбе, Дилором Ёрова аз ноҳияҳои тобеи марказ, Мунира Раҳмонова аз ВМКБ ва Малика Шарипова аз вилояти Суғд миёни ҳам сабқат намуданд. Суханорои Муродбег бо нишон додани донишу маҳорати баланди касбӣ ғолибият ба даст овард.
Суханорои Муродбег аз рӯйи шаш шарт - муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбӣ, мизи мудаввар, таҳлили ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ, машғулияти таълимӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон ҳунару маҳорати худро санҷида, дастболо гардид.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода ба Суханорои Муродбег ва дигар иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии озмун туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон