Вахш. РАҚОБАТИ ҲАРБӢ - ВАТАНДӮСТИИ ХОНАНДАГОН ДАР ОЗМУНИ "ВАТАНПАРВАР"

Дар ноҳияи Вахш низ хонандагони синфҳои болоӣ фаъолона дар озмуни ҳарбию ватандӯстии "Ватанпарвар" ширкат карда, донишу маҳорати худро байни ҳам месанҷанд.
Ёдовар мешавем, ки озмун ҳамасола баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасон гузаронида шуда, дастаҳои ғолиб дар сатҳи вилоят муайян гардида, бо Диплом ва мукофот қадрдонӣ карда мешаванд.
Айни ҳол, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон хонандагони синфҳои 10 - 11 дар даври ноҳиявӣ иштирок намуда истодаанд, ки беҳтарин даста ба сатҳи вилоят роҳхат гирифта, миёни дигар дастаҳои минтақаҳо рақобат мекунанд.
Бо гузаронидани озмуни мазкур таваҷҷӯҳи наврасон ба талаботи хизмати ҳарбӣ ва қонуну қоидаи он бештар гардида, донишу малакаашон баланд бардошта мешавад.
Озмуни номбурда дар шаҳру ноҳияҳо идома дорад.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло