ШИНОСОӢ БО РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №3

 Санаи 28-уми сентябри соли 2024 сардори раёсати маорифи вилоят Зиёдулло Абдулзода дар асоси дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти сохтмони бинои нави муассисаи таълимии №3-и ноҳияи Носири Хусрав дидан ба амал овард.


Бо рафти корҳои сохтмонӣ, сифати сохтмон, таъминот бо лавозимоти хониш шинос шуд. Инчунин, бо роҳбарият ва омӯзгорони муассисаи мазкур мулоқот карда, аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ёдовар шуданд.


Таъкид карда шуд,ки кормандони соҳаи маориф, бахусус омӯзгоронро зарур аст,ки ҷавобан ба ҳамаи ғамхориҳои Роҳбари давлат бо дарки баланди масъулиятшиносӣ дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоранд. Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани озмуни китобхони беҳтарин, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ, таъминот бо китобҳои дарсӣ ба масъулин дастуру супориш дод.


Хадамоти матбуоти


Раёсати маорифи вилояти Хатлон

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло