- Аз фаъолияти гурӯҳи корӣ -

Данғара. ШИНОСОӢ БО РАФТИ СОХТМОН ВА ОМОДАГИИ ИНШООТИ ҶАШНӢ
Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода аз рафти сохтмони иншооти ҷашнии муассисаи таълимии №85 - и ноҳияи Данғара дидан ба амал оварданд.
Ёдовар мешавем, ки сохтмони мазкур бо сифати баланд ва ҷавобгӯй ба талаботи муосири таълим анҷом дода шуда, бо ҷиҳози лозима, аз қабилӣ мизу курсӣ, тахтаи синфӣ ва дигар лавозимот таъмин мебошад.
Ба истифода додани бинои муассисаи мазкур дар самти аз байн рафтани норасоии ҷойи нишаст барои хонандагон мусоидат мекунад. Омӯзгорону толибилмон дар синфхонаҳои тозаву барҳаво ба таълиму фаъолият машғул мешаванд.
Барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои сохтмон, ҷобаҷогузории ҷиҳози хониш ва омодагии муассисаи таълимӣ сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода масъулинро вазифадор намуд.
Дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ сохтмони биноҳои муассиса ва синфхонаҳои иловагӣ идома дорад.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло