Кӯлоб. НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ДОИРАИ АКСИЯИ "МО - ОМӮЗГОРОН РИСОЛАТИ СОЗАНДАГӢ ДОРЕМ!"

Дар доираи аксияи вилоятии “Мо – омӯзгорон рисолати созандагӣ дорем!” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон, хонандагон ва волидони толибилмон ба ниҳолшинонӣ ва тозаву озода намудани гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ, кӯчаву хиёбонҳо ва хонаву маҳаллаҳо машғул шуда истодаанд.
Бахусус, имрӯз дар доираи аксияи мазкур дар ҳашари ниҳолшинонӣ, ки дар Муассисаи давлатии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода низ ширкат карда, дар ободонию зебогардонии муассисаи мазкур саҳмгузорӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ва ба ифтихори ҷашнҳои миллию давлатии дарпешистода аксияи вилоятии “Мо – омӯзгорон рисолати созандагӣ дорем!” аз тарафи Раёсати маорифи вилояти Хатлон эълон карда шудааст.
Дар аксия саҳми худро дар хурраму сарсабз намудан ва тозаю обод кардани манзили зист то кӯчаву маҳалла ва ҳудуди муассисаҳои таълимӣ мегузоранд. Хусусан, аксия дар рӯзи истироҳатӣ ташкил гардида, бо шинонидани ниҳолҳои сояафкану ороишӣ, мевадиҳанда, гулу гулбуттаҳо ҳамагон машғул шуда истодаанд.
Аксияи мазкур то ҷашни Наврӯзи хуҷастапай идома меёбад.
Ҳоло дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ аксия идома дорад.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло