- Рӯзи раёсати маориф -

Кӯлоб. ОМӮЗИШ, НАТИҶАГИРӢ ВА КУМАКРАСОНӢ
Дар шаҳри Кӯлоб "Рӯзи Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб" баргузор гардид, ки дар он сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода, намояндагони мақомоти маҳаллӣ, мудири шуъбаи маориф, кормандони соҳа ва роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб ширкат карданд.
Дар рафти ҷамъомади мазкур таъкид гардид, ки дар гузаронидани "Рӯзи Раёсати маориф" шаҳру ноҳияҳо мавриди омӯзишу таҳлил ва натиҷагирӣ қарор гирифта, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва расидан ба дастовардҳои беҳтар кӯмакҳо расонида мешавад.
Ин буд, ки давоми гузаронидани "Рӯзи раёсати маориф" дар ҳамаи самтҳои фаъолияти соҳаи маориф, касбияти омӯзгорон, ҳуҷҷатгузорӣ дар кори муассисаи таълимӣ, Барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ёрӣ расонида шуда, ба омӯзгорон кумакҳои методӣ доданд.
Дар ҷамъомад сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода ва дигар иштирокдорон баромад карда, барои пешрафти соҳа ва расидан ба дастовардҳои назаррас ба масъулин маслиҳату дастурҳо доданд.
"Рӯзи раёсати маориф" соли дуюм аст, ки дар шаҳри Кӯлоб гузаронида шуда, ба муассисаҳои таълимӣ ва шуъбаву бахшҳои маориф ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва беҳтар намудани раванди корӣ мусоидат карда истодааст. Ин ташаббус аз тарафи Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиёда гардида, аллакай ба натиҷаҳои чашмрас расидааст.


 




 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло