МУЛОҚОТ ВА ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА ИМКОНИЯТҲОИ МАРКАЗИ БАРНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бо мақсади омода намудани довталабон барои ҳуҷҷатсупорӣ дар макотиби олии хориҷи кишвар гурӯҳҳои кории Маркази барномаҳои байналмилалии "Дурахшандагон" дар шаҳру ноҳияҳо бо омӯзгорону хонандагон ва волидони толибилмон вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда истодаанд.
Бахсус, дар толори маҷлисии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб бо иштироки Ғазалшоҳ Сафарзода, сардори раёсати маориф, Аслиддинзода Ҳабибулло, сармутахассиси Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Маҳмадов Исмоил намояндаи Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва беш аз 800 нафар волидону хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Темурмалик, Балҷувон, Мӯъминобод, Ш.Шоҳин ва Ховалинг доир гардид.
Ғазалшоҳ Сафарзода вобаста ба сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории зич бо макотиби олии хориҷи кишвар ва муҳайё будани шароити таълим дар донишкадаву донишгоҳҳои хориҷ изҳори назар кард. Мавсуф изҳор намуд, ки сол то сол шумораи хатмкунандагоне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, бештар гардида истодааст.
Сипас, намояндагони Маркази барномаҳои байналмилалӣ оид ба имкониятҳои ҷойдошта барои таҳсил дар хориҷ, дастгирӣ ва имтиёзҳо табодули афкор карданд. Гуфта шуд, ки довталабони муассисаҳои таълимии кишвар имконият доранд, ки дар макотиби олии 184 давлат ҳуҷҷат супорида, идомаи таҳсил намоянд.
Баргузории мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳҳои кории мазкур дар дигар шаҳру ноҳияҳо идома дорад.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло